Путин: То нобудии комили терруристҳо мубориза хоҳем кард

Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия дар суханрониаш ба муносибати соли нав барои аввалин бор хитоб ба мардуми кишвараш ба бумбгузориҳои интиҳорӣ дар шаҳри Волгоград, ки ба кушта шудани сиву чаҳор нафар мунҷар шуд, ишора кард.
Ӯ гуфт: "Мо муқобили қурбониёни иқдомоти шанеъи терруристӣ сари таъзим фурӯд меоварем. Мо бо шиддати ҳар чӣ тамомтар ба мубориза бо терруристҳо то нобудии комили онҳо идома хоҳем дод."
Як маъмури пулиси 29 сола аз қурбониёни инфиҷори истгоҳи роҳи оҳан аввалин касе буд, ки имрӯз, сешанбеи 31 декабр ба хок супурда шуд.
Дар ҳамин ҳол бо даргузашти яке аз маҷруҳони инфиҷори интиҳории рӯзи якшанбе шумори қурбониёни ин ҳамла ба 18 нафар ва бо марги як маҷруҳи инфиҷори интиҳории рӯзи душанбе шумори қурбониёни он ба 16 нафар афзоиш пайдо кард.
То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти бумбгузорҳои интиҳориро, ки ба эътиқоди Кумитаи таҳқиқотӣ ба ҳам муртабитанд, ба уҳда нагирифтааст, аммо гуфта мешавад, ки ин ҳамалот шабеҳи ҳамалоти қаблии шибҳнизомиёни мусалмон аз минтақаи шимоли Қафқоз будааст.
Хабарнигори Би-би-сӣ гузориш медиҳад, ки дар хиёбонҳои шаҳри Волгоград утубусҳои махсуси ҳамли пулис ва нафароти артиш дида мешаванд.
Мардум пеш аз вуруд ба фурӯшгоҳҳо мавриди бозрасӣ қарор мегиранд ва ба гуфтаи сухангӯи доираи амнияти минтақа 5000 маъмур имрӯз субҳ дар шаҳри Волгоград ба маъмурият гумошта шудаанд.
Мардуми шаҳри Волгоград аз ташдиди тадобири амниятӣ розианд, вале аз ин бобат ибрози таассуф мекунанд, ки баъд аз аввалин бумбгузорӣ дар моҳи октябр чунин тадобире ба кор гирифта нашуд.
Шаҳри Волгоград, ки як миллиюн ҷамъият дорад, дар даврони ҷанги ҷаҳонии дувум Истолингрод номида мешуд ва имсол маросими ёдбуде ба муносибати ҳафтодумин солгарди ҷанги Истолингрод, баргузор кард.
Ҳамалоти интиҳории ахир чанд рӯз қабл аз ҷашни соли нав ва шаш ҳафта қабл аз бозиҳои улампики зимистонӣ рӯй дод.
Волгоград дар ҳафтсад килуметрии шимоли шарқи Сучӣ, маҳали баргузории ин бозиҳо воқеъ аст.
Ҳамалоти интиҳорӣ дар наздикии минтақаи бесуботи Қафқози Русия муҷиби нигаронӣ аз бобати баргузории бозиҳо улампик дар шаҳри Сучӣ шудааст.
Аммо раиси бозиҳои улампик ибрози итминон кардааст, ки мақомоти Русия ба хубӣ аз уҳдаи тазмини амнияти ин бозиҳо бархоҳанд омад.
