Инфиҷори интиҳорӣ дар роҳи оҳани Волгогради Русия

  • 29 Декабр, 2013
истгоҳи қатори "Волгоград"
Image caption "Волгоград" дар 700 килуметрии шимоли шарқи Сучӣ, маҳалли баргузории бозиҳои улампики зимистонӣ қарор дорад

Бар асари инфиҷори бумбе дар истгоҳи қатори "Волгоград" дар ҷануби Русия ҳаддиақал 15 нафар кушта шудаанд.

Эълом шуда, ки омили ин инфиҷори интиҳорӣ як зан будааст.

Бар асоси гузориши Кумитаи зиддитеруристии Русия ҳаддиақал 50 нафар низ бар асари ин инфиҷор захмӣ шудаанд.

Давлати Русия ба дунболи ин ҳамла дастури ҳифозати бештар аз фурудгоҳҳо ва истгоҳҳои роҳи оҳанро додааст.

Волгоград дар 900 километрии ҷануби Маскав, пойтахти Русия қарор дорад.

То кунун ҳеҷ гурӯҳе масъулияти ин инфиҷорро бар уҳда нагирифтааст.

Улампики зимистонии 2014 ҳудуди 6 ҳафтаи дигар дар бандари "Сучӣ" дар 700 килуметрии Волгоград баргузор хоҳад шуд.

Мақомоти давлати Русия нигарон ҳастанд, ки тундравони исломӣ дар остонаи улампики зимистонии 2014 ҳамалотеро тартиб диҳанд.

Дар моҳи октябр (ҳудуди ду моҳ пеш) як бумбгузори интиҳории зан дар ҳамла ба утубусе дар "Волгоград" боъиси кушта шудани 6 нафар шуд.

Доку Умаров, аз раҳбарони ситезаҷӯи чеченӣ дар моҳи июл (5 моҳ пеш) дар паёмии видиюе аз ситезаҷӯён хост, ки барои ҷилавгирӣ аз баргузории улампики зимистонӣ аз тамоми тавони худ истифода кунанд.

Ба гуфтаи хабарнигорон ин эҳтимол вуҷуд дорад, ки ба далели вуҷуди тадобири амниятии шадид дар Сучӣ, мухолифони ситезаҷӯ ҳамалоти худро дар шаҳрҳои дигар, ки фосилаи зиёде бо Сучӣ мумкин аст дошта бошанд, аммо дорои тадобири амниятии зиёде нестанд, анҷом диҳанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия гуфтааст, як табаъаи ин кишвар дар миёни захмишудагони ин ҳамла аст. Сафорат мегӯяд исми ин шаҳрванди Тоҷикистон Раҳмоналӣ Ғозиев, мутаваллиди соли 1971 аст, ки дар бемористони Волгоград бистарӣ шуда, вазъияташ вахим аст.

Гуфта мешавад инфиҷор дар истгоҳи қатори шаҳри Волгоград дақоиқе баъд аз он рух додааст, ки қатори Душанбе -Маскав ин истгоҳро тарк кардааст.

Матолиби муртабит