Дидори руасои ҷумҳурии Тоҷикистону Русия

Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин дар қароргоҳи раёсати ҷумҳурии Русия дар Бачарово Ручейи Сочӣ дидор карданд.
Бино ба иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, дар ин мулоқот, ки дар ҳошияи Бозиҳои 22-уми зимистонаи Улампик анҷом шуд, вазъи кунунӣ ва дурнамои равобит ва ҳамкориҳои миёни ин ду кишвар баррасӣ шудааст.
Ин манбаъ афзуд, ҷонибҳо аз тасвиби мувофиқатномаҳо дар бахшҳои низомӣ, низомию фаннӣ, содироти маҳсулоти нафтии Русия ба Тоҷикистон ва сода шудани шароити буду бош ва фаъъолияти атбоъи ин ду кишвар дар қаламрави ҳамдигар ибрози қаноъатмандӣ кардаанд.
Ба дунболи дидори сарони Тоҷикистону Русия Сироҷиддин Аслов ва Сергей Лавров, вузарои хориҷаи ин ду кишвар, прутукули мубодилаи асноди тасвибии байнидавлатӣ дар мавриди шароит ва муддати буду боши пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистонро имзо карданд.
Зимнан, дар ҷараёни дидори расмии Владимир Путин, раиси ҷумҳурии Русия аз Тоҷикистон дар рӯзи 5 октябри соли 2012 Шеръалӣ Хайруллоев ва Анатолий Сердюков, вузарои дифоъи вақти Тоҷикистону Русия мувофиқатномаи тамдиди ҳузури низомиёни рус дар Тоҷикистонро имзо карда буданд.
Тибқи ин санад, пойгоҳи низомии Русия дар Тоҷикистон то соли 2042 боқӣ монда ва, афзун бар ин, низомиёни рус аз масуният бархурдор хоҳанд шуд.
Дар иваз, ҷониби Русия ба Тоҷикистон ваъдаи ироаи кумакҳои низомӣ кардааст. Ин кумакҳо аз ворид кардани таҷҳизоти низомии ҷадид барои артиши Тоҷикистон ва бозомӯзии ройгони афсарон ва сарбозони тоҷик дар донишгоҳҳои низомии Русия иборат будааст.
Президент Раҳмон бо даъвати Владимр Путин, ҳамтои руси худ, дар маросими ифтитоҳи Бозиҳои 22-уми зимистонаи Улампик дар шаҳри Сочии Русия ҳузур дорад.
