Эмомалӣ Раҳмон савганд ёд кард

  • 16 Ноябр, 2013
Раҳмон
Image caption Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи муштараки маҷолиси улё ва суфлои порлумони Тоҷикистон савганд ёд кард

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури мунтахаби Тоҷикистон, дар ҷаласаи муштараки маҷолиси улё ва суфлои порлумон савганд ёд кард.

Дар ин ҷаласа, ки рӯзи шанбеи 16 ноябр, дар Кохи “Сомон”-и шаҳри Душанбе баргузор шуд, дар канори намояндагони порлумон аъзои кобинаи давлат, фаъъолони шаҳри Душанбе ва диплумотҳои кишварҳои хориҷии муқими Тоҷикистон ширкат доштанд.

Дар оғози маросими савгандёдкунӣ Шермаҳмади Шоҳиён, раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) дар Кохи “Миллат” ба Эмомалӣ Раҳмон, ки дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябри соли ҷорӣ пирӯз шуда буд, шаҳодатномаи раиси ҷумҳуриро тақдим кард.

Маҳкам Маҳмудов, раиси Додгоҳи қонуни асосии Тоҷикистон, нишони “Ситораи президенти Тоҷикистон”-и дараҷаи аввалро, ки аз тилову нуқра сохта шуда ва бо лаълу зумурад ороиш дода шудааст, ба оқои Раҳмон супорид.

Сипас, Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи муштараки порлумон дар Кохи “Сомон” савганд ёд кард.

Ӯ , ки дасти рости худро болои Қонуни асосии Тоҷикистон гузошта буд, гуфт: “Савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам. Сарзамин, истиқолияти сиёсию иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам ва ба халқ хидмат менамоям.”

Оқои Раҳмон гуфт, ки ба ҷони 8 милюн сокини Тоҷикистон савганд ёд карда ва "то ҷон дар бадан дорад барои зиндагии шоистаи мардум кор карда ва агар лозим шуд, дар ин роҳ ҷони худро фидо хоҳад кард."

Ӯ ваъда дод, ки дар 7 соли оянда иқтисоди кишвар ба таври устувор рушд карда ва даромади сокинон 4 баробар афзоиш хоҳад ёфт.

Дар муқоиса ба маросими савгандёдкунии қаблӣ дар соли 2006, дар маросими феълӣ ҳайъати давлатҳои хориҷӣ ва раҳбарони ҳукуматҳои шаҳру навоҳии Тоҷикистон ширкат надоштанд.

Пас аз адои савганд Эмомалӣ Раҳмон дар майдони “Дӯстӣ” ба пояи муҷасаммаи Исмоъили Сомонӣ, асосгузори нахустин давлати тоҷикон гулгузорӣ кард.

Сипас, дар ин майдон афсарону сарбозони Артиши миллӣ ба Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури тозаинтихоби Тоҷикистон савганди садоқат ёд карда ва баъдан режа ё паради низомӣ баргузор шуд.

Тибқи иттилоъи Вазорати дифоъи Тоҷикистон дар ин расми гузашт беш аз 7 ҳазор тан аз низомиёни гарнизони шаҳри Душанбе, ҳеликоптару ҳавопаймоҳо низомӣ ширкат доштанд.

Зимнан, дар ҷараёни баргузории маросими савгандёдкунии Эмомалӣ Раҳмон ва режаи низомӣ тадобири амниятӣ дар шаҳри Душанбе ташдид шуда, хиёбони марказии Рӯдакӣ ва хиёбонҳои мунтаҳӣ ба он ба муддати 8 соъат баста шуд.

Бар асоси натоиҷи ниҳоии интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, рӯзи чоршанбеи 13 ноябр аз ҷониби КМИҲ эълом шуд, Эмомалӣ Раҳмон бо касби 84,23 дарсади раъйи мардум дар миёни 5 рақиб пирӯз шудааст.

Номзадҳои аҳзоби кишоварзӣ, сусиёлист, кумунист, демукрот ва ислоҳоти иқтисодӣ, рақибони Эмомалӣ Раҳмон дар интихобот аз 1,2 то 5 дарсади раъйро касб кардаанд.

Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон,ҷиноҳи Мирҳусейн Назриеви ҳизби сусиёлист, ҷунбиши “Ватандор” ба раҳбарии Додоҷони Атовулло, рӯзноманигори мухолифи давлати Тоҷикистон ва Умаралӣ Қувватов, раҳбари созмони мухолифи “Гурӯҳи 24” интихоботи раёсати ҷумҳурии кишварро таҳрим карда ва аз ҷонибдорони худ даъват карда буданд, ки дар рӯзи интихобот ба пойи сандуқҳои раъй нараванд.

Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлат расман интихоботи раёсати ҷумҳуриро таҳрим накарда ва гуфта буд, ки “аз ширкат дар интихобот худдорӣ мекунад.”

Матолиби муртабит