Раҳмон мардумро ба муносибати рӯзи Қонуни асосӣ табрик гуфт

  • 6 Ноябр, 2013
Эмомалӣ Раҳмон
Image caption Эмомалӣ Раҳмон: "Қонуни асосӣ баъди ҳазор сол роҳи муъосиру демукротики ташаккулу пешрафти давлатдории миллиамонро муъайян сохт"

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон сокинони ин кишварро ба муносибати 19-умин солгарди тасвиби Қонуни асосӣ табрик гуфт.

Дар паёми табрикии Президент Раҳмон гуфта мешавад, ки тасвиби ин санад "барои ҳар як шаҳрванди кишвари азизамон рӯйдоди воқеъан таърихӣ ва тақдирсоз мебошад."

Ин дар ҳолест, ки бархе аз мунтақидон дар бораи камбудиҳои Қонуни асосии Тоҷикистон изҳори назар карда ва иддаъо доранд, ки дар он на ҳама ҷанбаҳои тавсеъаи демукросӣ инъикос ёфтааст.

Аммо Эмомалӣ Раҳмон дар паёми худ таъкид кардааст, ки Қонуни асосӣ "баъди ҳазор сол роҳи муъосиру демукротикии ташаккулу пешрафти давлатдории миллиамонро муъайян сохт."

Дар идомаи ин паём омадааст: “Мардуми тоҷик бо майлу иродаи худ бо роҳи раъйпурсии умумихалқӣ нуздаҳ сол муқаддам аввалин маротиба имкони таърихӣ ва ҳуқуқии қабули (тасвиби) бевоситаи санади волои миллии худро амалӣ сохта, ба шарофати он пойдевори давлати демукротик, ҳуқуқбунёд ва дунявии тоҷиконро таҳким бахшид.”

Оқои Раҳмон муътақид аст, ки қабули ин санад шароитро барои тавсеъаи Тоҷикистон фароҳам сохтааст: "Дар Қонуни асосӣ халқи Тоҷикистон баёнгари соҳибихтиёрӣ ва сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ эълон гардида, таъмини соҳибихтиёрӣ, истиқлол ва тамомияти арзии Тоҷикистон чун вазифаи муҳимми давлат сабт шуд ва замонати ҳуқуқи шахс ба гуногунандешӣ, озодии сухан ва виҷдон муқаррар гардид."

Президент Раҳмон ҳамчунин таъкид карда, ки муқаррароти Қонуни асосии Тоҷикистон баробарии ҳамаро дар назди қонун замонат дода ва шароити яксон барои ҳамаи сокинонро фароҳам кардааст.

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар паёми гуфтааст, ки ин санад "таҷзияи ҳокимият, гуногунандешии сиёсиву мафкуравӣ, бисёрҳизбӣ ва фаъолияти озоди соҳибкориро дар кишвар кафолат медиҳад."

Аз сӯйи дигар, оқои Раҳмон ба зарурати омӯзиши муқаррароти Қонуни асосӣ ва қавонини дигари Тоҷикистон таъкид карда ва гуфтааст: "Танҳо бо ҳамин роҳ мо метавонем шуъури ҳуқуқӣ ва фарҳанги қонунфаҳмиву қонуншиносии қишрҳои гуногуни ҷомеъа, бахусус ҷавонони мамлакатро вусъат бахшида, масъулияти онҳоро дар ободиву шукуфоии Ватани азизамон - Тоҷикистон баланд бардорем."

Ба навиштаи Президент Раҳмон, ҳоло дар Тоҷикистон тамоми шароит барои рушди кишвар фароҳам шудааст ва "танҳо бо сарҷамъиву ваҳдати миллӣ, ҳамдигарфаҳмиву ҳаммаромӣ ва заҳмати созанда метавонем мушкилоти мавҷударо паси сар намуда, бо ифтихор миллати худро, ки дар таърихи башар ҳамчун миллати сулҳпарвар, адолатхоҳу эҷодгар шинохта шудааст, ба ояндаи дурахшон ҳидоят созем."

Қонуни асосии Тоҷикистон соли 1994 тасвиб ва дар солҳои 1999 ва 2003 аз тариқи ҳамапурсӣ ислоҳ шуд. Пас аз ислоҳи ин қонун дар соли 1999, бар асоси моддаи 48-и он порлумони иборат аз ду маҷлис таъсис шуд.

Бар асоси моддаи 65-и ин қонун муҳлати раёсати ҷумҳурӣ аз панҷ ба ҳафт сол афзоиш дода шуд. Дар соли 2003 пас аз ислоҳи Қонуни асосӣ як нафар метавонад барои ду давраи ҳафтсола раёсат кунад.

Мунтақидони Президент Раҳмон ӯро ба табдили Қонуни асосӣ бо ғарази тамдиди давраи раёсаташ муттаҳам кардаанд. Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот ва аз мухолифони умдаи оқои Раҳмон ӯро ҳамвора ба зери по гузоштани ин қонун муттаҳам кардааст.

Аз ҷумла, ба гуфтаи ӯ, оқои Раҳмон ҳаққи ширкат дар интихоботи соли 2006 ва соли ҷориро надошта, зеро дар муқаррароти интиқолии Қонуни асосӣ, ки соли 2003 тасвиб шуд, басароҳат омадааст, ки "ду давраи ҳафтсола" танҳо пас аз поёни муҳлати раёсат ва ихтиёроти раиси ҷумҳури вақт ба иҷро дармеояд.

Бар асоси ҳамин қонун, муҳлати раёсат ва ихтиёроти раисҷумҳур замоне ба поён мерасад, ки раиси ҷумҳури нав савганд ёд кунад. Яъне, ба эътиқоди оқои Зойиров, Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи соли 2006 қабл аз он ки муҳлати раёсаташ тамом шавад, муҷаддадан номзад шудааст.

Оқои Зойиров номзадии оқои Раҳмон дар интихоботи кунуниро низ ғайриқонунӣ хонда ва аз аъзо ва тарафдоронаш хостааст, ки ин интихоботи "тақаллубӣ ва ғайриқонунӣ"-ро таҳрим кунанд. Аммо Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ ин иддаъоро рад кардааст.

Зимнан, таҷлил аз солгарди тасвиби Қонуни асосӣ имсол бо баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мусодиф уфтод. Бо вуҷуди ин, мақомоти маҳаллӣ дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон барномаҳоеро барои таҷлил аз рӯзи Қонуни асосӣ ба мавриди иҷро гузоштаанд.

Аз ҷумла, бо тасмими шаҳрдории Душанбе рӯзи 6-уми ноябр дар поркҳои пойтахти Тоҷикистон баргузории барномаҳои тафреҳӣ дар назар гирифта шудааст.

Матолиби муртабит