Чолишҳои пешорӯи Раҳмон дар даври ҷадиди раёсати ҷумҳурияш

  • 8 Ноябр, 2013
Раҳмон
Image caption Коршиносон ба чолишҳои эҳтимолӣ дар даври ҷадиди раёсати ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон ишора кардаанд

Ба эътиқоди бисёре аз чеҳраҳои сиёсӣ ва коршиносони мустақил, даври ҷадиди раёсати ҷумҳурӣ барои Эмомалӣ Раҳмон сода ва ҳамвор нахоҳад буд.

Раҳматилло Зойиров, раҳбари ҳизби мухолифи сусиёл-демукроти Тоҷикистон, ки интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро таҳрим карда буд, мегӯяд, ки "аз роҳҳои ғайриқонунӣ" интихоб шудани оқои Раҳмон кишварро ба буҳрони сиёсию ҳуқуқӣ хоҳад кашид.

Афзун бар ин, ба гуфтаи оқои Зойиров, марокизи ҳавошиносӣ аз эҳтимоли сардии шадид дар зимистони оянда ҳушдор додаанд, ки дар натиҷа, имкон дорад камбуди нерӯи барқ сокинони Тоҷикистон, бахусус манотиқи рустоиро, бо мушкилоти ҷиддӣ мувоҷеҳ кунад.

Зимнан, аз 26 октябр ба ин сӯ интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи рустоии Тоҷикистон тибқи ҷирабандӣ анҷом мешавад. Феълан ба сокинони ин манотиқ дар шабонарӯз ба муддати 9 соъат нерӯи барқ дода мешавад.

Вале ба эътиқоди Воҳидхон Қосиддинов, муъовини раҳбари ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлат, мушкили иқтисодию иҷтимоъӣ ба изофаи камбуди нерӯи барқ танҳо чолише барои давлати ҷадиди оқои Раҳмон набуда ва мумкин аст масоили амниятӣ низ барои ин давлат дарди сарҳои ҷиддӣ эҷод кунад.

Image caption Оқои Зойиров муътақид аст, ки даври ҷадиди раёсати ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон осон ва ҳамвор нахоҳад буд

Оқои Қосиддинов гуфт, ки қарор аст дар соли оянда нерӯҳои Эътилофи байналмилалӣ алайҳи террурисм дар Афғонистон ба раҳбарии Омрико аз ин кишвар хориҷ шаванд. Ин вазъ мумкин аст дасти гурӯҳҳои ифротгаро ва теруристие чун Ҷунбиши исломии Узбакистонро барои анҷоми фаъъолиятҳои тахрибкорона алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ дарозтар кунад.

Ӯ гуфт, ки ин амр метавонад дар вазъи амниятии Тоҷикистон, ки бо Афғонистон марзи тӯлонии 1400-килуметрӣ дорад, асароти ҷиддӣ гузорад.

Дар ҳамин ҳол, Давлати Усмон, коршиноси мустақил, таҳдидҳои эҳтимолӣ алайҳи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз Афғонистон дар пайи хуруҷи нерӯҳои хориҷӣ аз ин кишварро муболиғаомез хонд.

Вай гуфт: “Алъон ҳар кишвари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, артиши нерӯманд дорад. Сохторҳои амниятию дифоъии ин кишварҳо таҳким шудааст. Аз ин лиҳоз, сару садоҳо дар бораи таҳдидҳои ҷиддӣ ба амнияти ин кишвар ва имкони бесабот шудани минтақа ҷуз воҳима чизи дигаре нест.”

Ба гуфтаи оқои Усмон, чолиши аслӣ барои давлати ояндаи Эмомалӣ Раҳмон мушкилоти дохилӣ, бахусус асароти номатлуби буҳрони иқтисодию молии ҷаҳонӣ ва мушкили бекорӣ дар ин кишвар хоҳад буд.

Image caption Оқои Раҳимов гуфт қарор аст дар зарфи ҳафт соли ояндаи раёсати ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон 200 корхонаи санъатӣ ва нерӯгоҳи обӣ бунёд шавад

Аммо Маҳмад Раҳимов, яке аз афроди мавриди эътимоди Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр, мегӯяд, ки дар барномаи оқои Раҳмон роҳҳои беҳбуди вазъи иқтисодӣ ва коҳиши мизони бекорӣ дар Тоҷикистон дарҷ шудааст.

Ба гуфтаи ӯ, қарор аст дар зарфи ҳафт соли ояндаи раёсати ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон 200 корхонаи санъатӣ ва нерӯгоҳҳои обӣ бунёд шавад, ки ҳазинаи умумии онҳо чаҳор милёрд сомонӣ арзёбӣ мешавад.

Оқои Раҳимов муътақид аст, ки дар сурати баҳрабардорӣ аз ин корхонаю муассисот ҳазорҳо тан аз сокинони бекори кишвар соҳиби ҷойи кор шуда ва бахше аз муҳоҷирони корӣ ба ватан боз хоҳанд гашт.

Дар ин миён, бархе аз мухолифони давлати Тоҷикистон аз тамаркузи қудрат дар дасти раиси ҷумҳурӣ ва таъйини аъзои давлат аз ҷумлаи афроди содиқ ба Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора интиқод мекунанд.

Исмоъил Талбаков, муъовини раҳбари ҳизби кумунист ва рақиби оқои Раҳмон дар интихоботи ахири раёсати ҷумҳурӣ, мегӯяд, ки ихтиёроти раиси ҷумҳурӣ бояд ба нафъи нахуствазир ва порлумон коҳиш дода шавад.

Оқои Талбаков меафзояд: “Ҳоло Эмомалӣ Раҳмон ҳам президент ва ҳам раиси ҳукумат аст. Як шахс аз лиҳози ҷисмонӣ имкони иҷрои ин гуна вазифаро надорад. Бояд раиси ҷумҳурӣ ба масоили истротежик, аз ҷумла сиёсати хориҷӣ, машғул шуда ва нахуствазир масоили иқтисодиро дунбол кунад.”

Аз сӯйи дигар, коршиносон аз афзоиши падидаи номатлуби шахспарастӣ дар замони раёсати Эмомалӣ Раҳмон тайи 21 соли гузашта ва табдили ин кишвар ба як давлати мустабид ибрози нигаронӣ мекунанд.

Ба гуфтаи онҳо, ҳоло бисёре аз тарафдорони оқои Раҳмон дар канори “ҷаноби олӣ” алқобе назири “шоҳ”, “подшоҳ”, “шоҳаншоҳ” ва “нури худо дар замин”-ро ба ӯ дода ва ба ҳангоми сафарҳои корияш ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон раҳбарони шаҳру навоҳӣ дар мадҳу ситоиши ӯ бар ҳамдигар сабқат меҷӯянд."

Ахиран дар яке аз маҳаллоти канори шаҳри Душанбе тоблуи бузурге бо навиштаи “Эмомалӣ Раҳмон - падари миллат” пайдо шудааст. Ном ва акси оқои Раҳмон дар канори Садриддин Айнӣ, Нусратулло Махсум, Шириншоҳ Шоҳтемур, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ба унвони "Қаҳрамони Тоҷикистон" деворҳои мактабу донишгоҳҳо ва муассисоти дигари давлатиро оро медиҳад.

Матолиби муртабит