АБ: Дар дифоъ аз ҳуқуқи башар Раҳмон худаш бояд пешгом шавад

Афви Байналмилал аз Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури мунтахаби Тоҷикистон, хостааст, ки дар чаҳорумин даври раёсаташ ба ислоҳоте густарда дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи башар иқдом кунад.
Ин созмон бо ирсоли ёддоште ба оқои Раҳмон тавсия карда, ки ҳуқуқи башарро дар меҳвари барномаи раёсати ҳафт соли ояндаи худ гузорад ва ба мавориди густардаи нақзи ҳуқуқи башар поён бидиҳад.
Афви Байналмилал (АБ) дар иттилоъияе, ки рӯзи одинаи 8 ноябр интишор дод, навиштааст: "Ба унвони раҳбари давлат, Эмомалӣ Раҳмон бояд худаш пешоҳанги ислоҳот дар заминаи ҳуқуқи башар бошад ва замонат бидиҳад, ки маъмурони давлат дар додгоҳҳо, идораҳои пулис, сохтмонҳои амниятӣ ва соири муассисот дар саросари кишвар ба ҳуқуқи башар эҳтиром гузоранд."
Ба гуфтаи ин созмон, тадобире, ки давлати Тоҷикистон то ҳол анҷом дода, асароти ҷиддие дар беҳбуди вазъи ҳуқуқи башар надоштааст. Оқои Раҳмон бояд бо азму иродаи қавӣ итминон бидиҳад, ки пулису қозӣ бартар аз қонун нестанд ва муқаррароти нави қонунгузориро риъоят мекунанд.
Созмони Афви Байналмилалӣ нукоти мавриди нигаронии худро дар шаш бахш бо раисҷумҳури мунтахаби Тоҷикистон дар миён гузошта ва хостори ислоҳи вазъият дар ин заминаҳо шудааст.
Яке аз инҳо ба системи адолати кайфарӣ (ҷазоӣ) марбут аст. Мақомоти тоҷик тарҳи қонунеро дар даст доранд, ки агар тасвиб шавад, вукалои мудофеъро таҳти султаи вазорати адлия қарор хоҳад дод.
Аммо Афви Байналмилал мегӯяд, ки тасвиби ин тарҳ фаъъолияти душвори вукалои мудофеъ дар заминаи дифоъ аз ҳуқуқи башар дар Тоҷикистонро боз ҳам душвортар месозад.
Нуктаи дигар комилан беҷазо мондани шиканҷагарон аст. Ба навиштаи Афви Байналмилал, дар байни солҳои 2010 ва 2012 беш аз 96 шикоят дар бораи шиканҷа ва бадрафтории маъмурони давлатӣ дар Тоҷикистон сабт шуда, вале шумори хеле андак аз маъмурон ба сазои аъмоли худ расидаанд.
Интиқомҷӯйии маъмурон аз шоҳидони мавориди нақзи ҳуқуқи башар аз нукоти дигари мавриди нигаронии Афви Байналмилал аст. Аз моҳи июли 2013 ба ин сӯ боздоштшудагон дастикам дар чаҳор маврид дар бораи шиканҷа ва бадрафтории маъмурон шикоят карда, аммо пас аз шикоят ҳадафи кинатӯзиву интиқомҷӯии маъмурон қарор гирифтаанд, то дигар дар бораи шиканҷа лаб нагушоянд.
Ин созмон мегӯяд, ки таҷовуз ба ҳуқуқи маҳбусон аз мавориди дигари густардаи нақзи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон аст. Аз ҷумла, маъмурони давлатӣ маҳбусони як муассисаи ислоҳӣ дар шаҳри Хуҷандро лату кӯб карда ва ба таври худсарона дар селулҳои инфиродӣ қарор додаанд ва аз кумакҳои пизишкӣ барои дармони ҷароҳатҳои ҷиддияшон маҳрум кардаанд.
Афви Байналмилал ҳамчунин ба амалиёти нерӯҳои давлатӣ дар шаҳри Хоруғ дар моҳи июли соли гузашта ишора карда ва мегӯяд, ки дар ин амалиёт ҳудуди 20 ғайринизомӣ кушта шуданд, вале давлат дар бораи раванди таҳқиқи сабабҳои кушта шудани онҳо мардумро то ба ҳол хабар надодааст.
Нуктаи дигар танг шудани фазо барои фаъъолиятҳои сиёсӣ аст. Ба навиштаи ин созмон, дар асари маҳдудият шудани фаъъолиятҳои озодонаи мухолифон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва пеш аз интихоботи порлумонии соли 2015 шуморе аз шахсиятҳои умдаи мухолиф бо ангезаҳои сиёсӣ мавриди озору азияти дастгоҳҳои давлатӣ қарор гирифтаанд.
Созмони Афви Байналмилал аз Президент Раҳмон хостааст, ки қонунҳо, меъёрҳо ва муқарраротеро, ки барои нақзи ҳуқуқи башар замина фароҳам мекунанд, ислоҳ кунад. Ин созмон бавижа хостори ислоҳи системи адолати кайфарӣ (ҷазоӣ) ва риъояти озодии баён шудааст.
Дархости ин созмон дар ҳолест, ки қаблан Маҳмад Раҳимов, яке аз афроди мавриди эътимоди Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи гузашта дар суҳбат бо Би-би-сӣ гуфта буд, ки оқои Раҳмон ислоҳоти ҷиддиеро дар заминаи таъмини адолати кайфарӣ дар назар гирифтааст.
Вай аз ҷумла гуфт: "Дар барномаи номзадамон мегӯем, ки ҷиноятҳои сабук ва начандон вазнин ба ҷарима иваз карда мешавад. Оё ин додани озодии сухан, озодии матбӯъот, гуногунандешӣ нест? Зарурат ба сохтани ҳасбхона нест, ба мардум бояд озодӣ дод. Мо дар барнома мегӯем, ки бо ҳама гуна шиканҷа, одамрубоии кӯдакону занон мубориза мекунем, роҳ намедиҳем, муҷозоташро ҳам зиёд мекунем."
Оқои Маҳмадов ҳамчунин хабар дод, ки давлати ҷадиди оқои Раҳмон тасмим дорад бо баргузории як ҳамапурсӣ ҳукми эъдом (қатл)-ро "бо хоҳиши мардум" аз миён бибарад.
Ба гуфтаи ӯ, қарор аст кунсепсиюни ҳуқуқи ҷиноятии Тоҷикистон то охири ин моҳ тасвиб шавад. Интизор меравад қонуни кайфарии (ҷиноии) Тоҷикистон низ соли 2014 дар таҳрири нав тасвиб шавад.
