Интиқоди нозирони урупоӣ аз ҷараёни баргузории интихоботи Тоҷикистон

Ҳайъати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ), ки бар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекарданд, аз тахаллуфоти ҷиддӣ дар ин интихобот интиқод кардааст.
Ҳарчанд ба гуфтаи онҳо, интихобот дар фазои сулҳу оромӣ доир шуда, аммо дар ҷараёни раъйгирӣ мавориди зиёди раъй додани як кас ба ҷойи чанд нафар мушоҳида шудааст.
Намояндагони ин ҳайъат рӯзи панҷшанбеи 7 ноябр дар як нишасти матбӯъотӣ ҳамчунин гуфтанд, ки шумори имзои таъйиншуда барои сабти номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар таносуб бо шумори ҷамъияти ин кишвар то андозае зиёд будааст.
Гурдоно Чумич, раҳбари ҳайъати нозирони кӯтоҳмуддати САҲУ, гуфт: "Муқаррароти марбут ба ин ки баргаҳои имзоро танҳо раисони шаҳру навоҳии Тоҷикистон таъйид мекунанд, ҳазорҳо муҳоҷири кории тоҷикро аз ҳуқуқи интихоботияшон дар заминаи ҷамъоварии имзо ва пешниҳоди номзад маҳрум кард. Онҳо ҳам шаҳрвандони Тоҷикистон ҳастанд, ки ҳуқуқи интихоботӣ ва шаҳрвандияшон бояд риъоят шавад."
Мавзӯъи ширкати муҳоҷирон дар фароянди ҷамъоварии имзо барои ҳимоят аз номзадҳоро аҳзоб ва гурӯҳҳои мухолифи давлати Тоҷикистон борҳо матраҳ карда буданд, аммо Кумисиюни марказии интихобот ҳамвора таъкид кардааст, ки бар асоси қонун муҳоҷирон имкони ҷамъоварии имзоро надоранд.
Аз ҷумла, ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон ба раҳбарии Раҳматилло Зойиров зимни интиқод аз ин тасмими кумисиюн ин амрро нақзи ҳуқуқи интихоботии муҳоҷирон хонд. Вай панҷ рӯз пеш аз интихобот бо ишора ба ин нукта дар баёнияе аз муҳоҷирон хост, ки интихоботро таҳрим кунанд.
Хонуми Чумич дар мавриди норасоиҳои дигаре, ки нозирони урупоӣ дар ин ҷараёни интихобот мушоҳида кардаанд, гуфт набуди системи воҳиди сабти раъйдиҳандагон яке аз навоқиси ҷиддӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон буд.
Ба гуфтаи ӯ, дар сурати вуҷуди чунин системе имкони бозсанҷии эҳтимоли раъй додани чандбораи як нафар фароҳам мешуд. Вале дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр, ки Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълӣ дар он пирӯз эълом шуд, аз мавориди раъйдиҳии чандбора ҷилавгирӣ нашудааст.
Зимнан, ин мавзӯъ низ дар оғози корзори интихоботӣ матраҳ шуда буд, вале раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ он замон гуфта буд, ки барои таъсиси феҳристи воҳиди электруники раъйдиҳандагон маблағи ҳангуфте лозим аст, ки Тоҷикистон дар ихтиёр надорад.
Шермуҳаммади Шоҳиён дар яке аз нишастҳои кумисиюн гуфта буд, ки аъзои кумисиюн дар ин замина аз созмонҳои байналмилалӣ дархости кумак карда буданд, аммо онҳо ба ин дархост посухи мусбат надодаанд, ҳарчанд вай нагуфт, ки барои роҳандозии ин тарҳ дар Тоҷикистон чи андоза маблағ лозим аст.
Пороскиво Бодеску, раҳбари ҳайъати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо (САҲУ), дар нишасти рӯзи панҷшанбе гуфт, ки кайфияти кори масъулони кумисиюнҳои интихоботӣ дар муқоиса бо солҳои қаблӣ, бавижа боз будани фаъъолияташон, беҳбуд ёфтааст.
Аммо ба гуфтаи хонуми Бодеску, дар ин интихобот рақобати ҷиддӣ вуҷуд надоштааст: “Дар ин интихобот барои раъйдиҳандагон интихоби озод ва ё воқеъӣ миёни номзадҳо вуҷуд надошт. Яъне ба як номзад дар муборизоти интихоботӣ дар муқоиса бо дигарон таваҷҷуҳи бештар мешуд.”
Дар нишасти имрӯз нозирони урупоӣ ҳамчунин ба ин нукта таъкид карданд, ки нақши занон ва духтарон дар зиндагии сиёсии Тоҷикистон ночиз буда ва дар миёни номзадҳо ба интихобот занон набуданд.
Аз сӯйи дигар, намояндагони ин ҳайъат гуфтанд, ки ифшои навоқиси мавҷуда дар ҷараёни интихобот ва пешниҳоди ислоҳи он ба давлат, фароянди демукротиза дар Тоҷикистонро сареъ мекунад.
Ин ҳайъат гуфтааст, ки натиҷаи ниҳоии арзёбии худ аз раванди интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро бо гузашти ҳашт ҳафта аз рӯзи интихобот эълом хоҳад кард.
Соъоте қабл аз нишасти ин ҳайъат, нозирон аз Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд дар нишасте эълом карданд, ки ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои демукротик ва бо ширкати номзадҳои олтернотив доир шуд.
Сергей Лебедев, раиси ин ҳайъат, бо ёдоварӣ аз интихоботи Ҷумҳурии Озарбойҷон гуфт, ки натиҷагирии онҳо маъмулан бо натиҷагирии нозирон аз кишварҳои мусалмонӣ ва аз Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ҳамгун аст.
Ӯ гуфт, ки танҳо Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо аз интихоботи он кишвар интиқод кардааст.
Вай афзуд: “Мо аз ин ки нозирони ғарбӣ ҳамеша натоиҷи интихобот дар кишварҳои урупоӣ, аз ҷумла Фаронса ва Олмонро мусбат арзёбӣ мекунанд, таъаҷҷуб намекунам, зеро ин амре табиъист. Ва тағйирот дар ҷараёни интихобот дар кишварҳои ҳамсуд ҳам чи дар қонуни интихобот ва чи дар баргузории он мусбат аст.”
Оқои Лебедев гуфт, ки интихоботи кунунии Тоҷикистон ин нуктаро собит кардааст.
