Мизони мушорикат дар интихобот то соъати даҳ: 40 дарсад

Cубҳи зуди имрӯз дар саросари Тоҷикистон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ шурӯъ шуд.
Бино ба иттилоъи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон сокинони кишвар дар интихобот "фъъолона ширкат карда" ва то соъати 10 субҳи рӯзи 6-уми ноябр 40.1 дарсади воҷидини шароити раъй ба пойи сандуқҳои раъй рафтаанд.
Дар ин бора Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси ин кумисиюн дар сӯҳбати мустақими худ бо телевизиюни давлатии Тоҷикистон хабар дод.
Оқои Шоҳиён гуфт: "Имрӯз давраи муҳимтарин ва ҳалкунандаи интихобот аст. Аҳамияти ин рӯз дар он аст, ки мардум иродаи худро дар бораи интихоби президент изҳор мекунанд... Бисёр хуб аст, ки солҳои ахир огоҳии сиёсии мардум боло рафта ва онҳо масъулияти худро дарк мекунанд ва тибқи иттилоъе, ки мо гирифтем мардум хеле фаъъол ҳастанд. То соъати 10-и субҳ дар 68 ҳавзаи интихоботӣ аз миқдори умумии интихобкунандагон як милюну 690 561нафар дар интихобот ширкат карданд."
Шермуҳаммади Шоҳиён афзуд, ки то ин соъат касе аз раванди интихобот ба кумисиюн шикоят накардааст.
Қарор аст кумисиюни марказии интихобот иттилоъи баъдии худ дар бораи теъдоди ширкаткунандагони интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон соъати 14:00 тавассути телевизиюни давлатӣ нашр кунанд.
Раъйдиҳии як нафар ба ҷойи ҳамаи хонавода
Ин дар ҳолест, ки хабарнигорони бахши форсии Би-би-сӣ, ки субҳи имрӯз дар марокизи раъйгирии шумораи 27 ва яки шаҳри Душанбе қарор доштанд аз мавориди густардаи раъйдиҳии як нафар ба ҷойи чанд нафари дигар гузориш медиҳанд.
Ба гуфтаи хабарнигорон мо нафароне, ки бештар аз як варақаи интихоботиро хонапурӣ мекунанд, умдатан узви хонаводае ҳастанд, ки барои аъзои дигари хонаводаи худ низ раъй медиҳанд.
Яке аз раъйдиҳандагон гуфт: "Писари ман дар Русия аст. Номаи вайро хабарномаи вайро ҳам ба мо оварданд, вай чӣ дар хона истад? Ман омадам ва ба ҷойи вай ҳам раъй додам."
Хонуми дигаре дар маркази раъйгирии шумораи яки шаҳри Душанбе гуфт, ки мехоҳад ба ҷойи шавҳар ва писару арӯсаш раъй бидиҳад.
Дар бархе аз марокиз дар ҷараёни аксбардории хабарнигорон аз чунин нақзи муқаррароти интихобот, пулис монеъи аксбардории онон шудааст.
Интихоботи "ором ва созмонёфта"
Тибқи иттилоъи Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон беш аз 500 нозири байналмилӣ барои назорат бар раванди интихобот вориди ин кишвар шудаанд.
Телевизиюни давлатии Тоҷикистон дар рӯзи интихобот мусоҳибаҳои бархе аз нозирони маҳаллиро нишон медиҳад, ки мегӯянд интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар марокизи интихоботӣ бидуни нақзи қонун, шаффоф ва озодона баргузор мешавад.
Дар ҳамин ҳол Сергей Лебедев, раиси ҳайъати нозирони кишварҳои мустақили ҳамсуд низ ба хабаргузории РИА Новости раванди интихоботро мусбат арзёбӣ кардааст.
Ӯ гуфтааст: "Мо аз чандин маркази раъйгирӣ дар шаҳри Душанбе дидан кардем ва дар ҳама ҷо интихобот оромона ва ба сурати созмонёфта ҷараён дорад."
Ӯ афзудааст, ки ширкати раъйдидандагон дар ин марокиз "фаъъол буда ва чиҳил дарсадро ташкил медод, ки ин воқеъият ба омори нашршуда мувофиқат мекунад.
Рӯзи шашуми ноябр, соъати 6-и субҳ, 3151 маркази (участкаи) раъйгирӣ дар шаҳру навоҳии кишвар дарҳои худро ба рӯйи раъйдиҳандагон боз кардаанд.
Тибқи иттилоъи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ 61 маркази раъйгирӣ дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, 24 марказ дар шаҳрҳои бузурги Русия, ки садҳо ҳазор тан аз муҳоҷирони кории тоҷик дар он ҷо кору зиндагӣ мекунанд, боз шудааст.
Дар интихоботи феълии раёсати ҷумҳурӣ дар канори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии кунунӣ, Исмоъил Талбаков аз ҳизби кумунист, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сусиёлист, Сайидҷаъфар Исмонов аз ҳизби демукрот, Олим Бобоев аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Толиб Бухориев аз ҳизби кишоварзӣ барои мақоми раиси ҷумҳурӣ бо ҳам рақобат мекунанд.
Ба далели ҷамъоварӣ накардани имзоҳои мавриди ниёзи (210 ҳазор) тарафдоронаш Ойниҳол Бобоназарова, номзади мухолифон ба унвони номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сабти ном нашуд ва аз корзори интихоботӣ хориҷ гардид.
Ба эътиқоди коршиносон ва чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон, дар пайи хуруҷи Ойниҳол Бобоназарова, номзади мухолифон аз корзори интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, “интригаи интихобот” аз баён рафта ё ба қавле “танӯри интихобот сард шудааст.”
Зимнан, ҳизби сусиёл-демукрот ба раҳбарии Раҳматилло Зойиров, ҷиноҳи сабтиномнашудаи Мирҳусейн Назриев дар ҳизби сусиёлист, ҷунбиши "Ватандор" ва созмони мухолифи мавсум ба "Гурӯҳи 24" интихоботи раёсати ҷумҳуриро таҳрим карда ва аз тарафдорони худ хостаанд, ки дар интихобот ширкат накунанд.
Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, низ пештар эълом карда буд, ки аз ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр худдорӣ мекунад, ҳарчанд онро "таҳрим" намекунад.
Дар ҳамин ҳол, Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши "Муҳоҷирони кории тоҷик" дар Русия аз муҳоҷирони корӣ даъват кардааст, ки бо аҳли хонаводаи худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат кунанд.
Дар муроҷиъатномаи оқои Шарифов, ки рӯзи чоршанбеи 6 ноябр, дар сойти интернетии Ҷунбиши "Муҳоҷирони кории тоҷик" мунташир шудааст, омадааст: "Нашояд аз масъулияти шаҳрвандии худ сарфи назар кард. Зеро дар сурати ширкат накардан дар маъракаи раъйдиҳӣ замина барои тақозо аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои тааҳҳудоташ ва барномаҳояш аз миён хоҳад рафт."
