'Ҷирабандии барқ ба корзори интихоботӣ латма ворид мекунад'

  • 4 Ноябр, 2013
Энержӣ
Image caption Маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи рустоии Тоҷикистон дар корзори таблиғотии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурӣ мушкил эҷод кардааст

Иддаъе аз номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурӣ гуфтанд, роҳандозии ҷирабандӣ дар интиқоли нерӯи барқ ба манозили мардум дар навоҳии Тоҷикистон ба корзори таблиғоти интихоботӣ монеъ эҷод кардааст.

Исмоъил Талбаков, номзади Ҳизби кумунист ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ гуфт, дар пайи ҷорӣ шудани ҷирабандӣ бештари сокинони манотиқи рустоии Тоҷикистон аз имкони ошноӣ бо барномаи номзадҳо ва сӯҳбатҳои онҳо аз тариқи телевизиюн ё родию маҳрум шудаанд.

Аммо оқои Талбаков ҷирабандиро як амри ногузир хонд, зеро ба гуфтаи ӯ камбуди об дар обанбори нерӯгоҳи Норак давлати Тоҷикистонро маҷбур карда, интиқоли нерӯи барқро танзим кунад.

Ӯ гуфт, ба иллати ҷирабандии нерӯи барқ шабакаи телевизиюни давлатии Тоҷикистон метавонад ва бояд сӯҳбатҳо ва барномаҳои номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳуриро панҷ шаш маротиба пахш кунад.

Сайидҷаъфар Исмонов, номзади Ҳизби демукрот ба мақоми раиси ҷумҳурӣ гуфт, ки ҳадди ақал бояд то рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҷирабандии интиқоли нерӯи барқ ҷорӣ намешуд. Ӯ гуфт: "Дар 7 сол як бор интихоботи президентӣ мешавад, боз барқро хомӯш мекунанд. Дар 5-6 рӯзи то интихобот оби Норак тамом намешавад."

Дар ҳамин ҳол, Абдуманнон Додоев, раиси дастгоҳи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон (КМИҲ) дар мавриди ҷорӣ шудани ҷирабандӣ дар интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи рустоӣ ибрози беиттилоъӣ кард.

Оқои Додоев гуфт, корзори таблиғотии номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳурӣ бидуни мушкил идома дорад ва то ҳол аз ҳеч номзад дар ин замина шикояте ба КМИҲ ворид нашудааст.

Ӯ ҳамзамон таъкид кард, тибқи иттилоъи расмӣ дар рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар 6 ноябри соли ҷорӣ дар сартосари Тоҷикистон интиқоли нерӯи барқ қатъ нахоҳад шуд.

Ҷирабандӣ дар интиқоли нерӯи барқ ба манотиқи рустоии Тоҷикистон дар 26 октябри соли ҷорӣ шурӯъ шуда ва он замон дар як шабонарӯз ба сокинони навоҳии кишвар ба муддати 15 соъат нерӯи барқ дода мешуд.

Аммо аз рӯзи ҷумъаи 1 ноябр ширкати "Барқи тоҷик" мизони интиқоли нерӯи барқро ба манотиқи рустоии Тоҷикистон то 9 соъат дар як шабонарӯз коҳиш дод.

Манобеъи ширкати "Барқи тоҷик" далели ин амрро "сарфаҷӯйии обу энержӣ ва таъмини беҳтари мардум бо нерӯи барқ дар фасли сармо" унвон кардаанд.

Масъулони ин ширкат гуфтанд, маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ ба шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, Қӯрғонтеппа, Турсунзода ва Чкалов сурат нахоҳад гирифт.

Тайи чандин соли ахир дар моҳи октябр дар Тоҷикистон маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқ шурӯъ шуда ва то авосити моҳи март идома меёбад.

Матолиби муртабит