Интихобот дар Душанбе: номзади арзанда, раъйдиҳӣ ба ҷойи дигарон...

  • 6 Ноябр, 2013
Хиёбони Душанбе
Image caption Бо вуҷуди интизорот аз ширкати шумори зиёде аз мардум дар раъйдиҳӣ, субҳи рӯзи 6 ноябр шумори мардум дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе андак ба назар мерасид

Иддае аз сокинони шаҳри Душанбе мегӯянд, ки субҳи зуд ба пойи сандуқҳои раъй рафта ва ба ҷонибдорӣ аз номзади мавриди назарашон раъй додаанд.

Аммо иддаи қобили мулоҳизае ҳам гуфтанд, ки дар раъйдиҳи ширкат нахоҳанд кард, зеро дигар ба шаффофияти интихобот дар Тоҷикистон эътимод надоранд.

Ин даста аз афрод мегӯянд, ки бидуни ширкати онҳо натиҷаи ин интихобот аз қабл маълум будааст.

Он идда аз сокиноне ҳам буданд, ки мегуфтанд дар тӯли рӯз пас аз анҷоми бархе аз корҳои хонавода ба маркази раъйдиҳӣ хоҳанд рафт ва ба ҳимоят аз яке аз номзадҳо раъй хоҳанд дод.

Дилафрӯз, як сокини ҷавони шаҳри Душанбе бори нахуст аст, ки дар интихобот ширкат мекунад. Вай мегӯяд: “Ман хеле хушнудам, ки ҳоло ҳаққи ширкат дар интихоботро дораму раъй додам. Ман ба оне раъй додам, ки кишварро обод карда ва сулҳро барои мо ба армуғон овардааст.”

Чунин ақидаро чанде дигар аз ҳамсуҳбатони ман низ изҳор карданд. Аз ҷумла Насимҷон, як сокини дигари шаҳри Душанбе мегӯяд, ки ҳарчанд 24 сол дорад, вале бори нахуст аст, ки вай ба пойи сандуқи раъй меравад.

Image caption Дилафрӯз: "Ман хеле хушнудам, ки ҳоло ҳаққи ширкат дар интихоботро гирифтаму раъй додам"

Ӯ гуфт: ”Ман имрӯз рӯзи мавлуд дорам ва ҳоло ба маркази раъйдиҳӣ меравам. Ман аз номзаде хушам меояд, ки ободонӣ мекунад. Бибинед, ки шаҳр чи қадар ободу зебо шудааст.”

Адами эътимод ба оянда

Бо вуҷуди интизорот дар бораи ширкати шумори зиёде аз мардум дар раъйдиҳӣ, субҳи рӯзи 6 ноябр шумори мардум дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе андак ба назар мерасид.

Бисёре аз сокинон ба ин суол, ки то ҳол дар раъйдиҳӣ ширкат кардаанд ё хайр, посух доданд, ки дар раъйдиҳӣ ширкат карда ва ба ҷонибдорӣ аз яке аз номзадҳо баргаи раъйро ба сандуқ рехтаанд.

Як зани солманди рус, ки худро Валентина Александровна муъаррифӣ кард, мегӯяд, ки дар раъйдиҳӣ ширкат нахоҳад кард.

Вай афзуд: “Шояд он чи мегӯям бар зарари ман тамом шавад, вале ман наметавонам ин ҳафрҳоро нагӯям. Ман 52 соли зиндагии худро ба тарбияти кӯдакон бахшидам, аммо ҳамагӣ 250 сомонӣ (муъодили 50 дулор) маъоши бознишастагӣ мегирам. Ман метавонам бо ин маблағ як моҳ зиндагӣ кунам? Албатта не" Пас чаро ба раъйдиҳӣ равам ва ба кӣ раъй диҳам?"

Image caption Валентина Александровна: "Ман метавонам бо 250 сомонӣ маъоши бознишастагӣ дар як моҳ зиндагӣ кунам? Албатта не! Пас чаро ба раъйдиҳӣ равам ва ба кӣ раъй диҳам, ки аҳволи маро беҳбуд бахшад?”

Ин хонуми солманд аз он гила кард, ки шавҳараш се моҳ қабл дар як сонеҳа шадидан ҷароҳат бардошта ва ба сабаби надоштани манобеъи молӣ натавонистааст шавҳарашро мудово кунад. Дар натиҷа, ҳамсараш ҷони худро аз даст додааст.

Валинтина Александровна гуфт: "Ман бо сад мушкилот шавҳарашро гӯрондам ва то ҳол кумакпулӣ барои маросими ҷанозаашро ба ман надодаанд."

Хонуми Александровна мегӯяд, ки ба раъйдиҳӣ нахоҳад рафт, зеро дар солҳои ахир дар Тоҷикистон афроди солманд ба буттаи фаромӯшӣ супурда шудаанд ва ӯ дигар ба зиндагии хуб барои афроди солманд дар оянда бовар надорад.

Яке дигар аз сокинони шаҳр мегӯяд, ки ба маркази раъйдиҳӣ рафта ва раъйи худро ба сандуқ рехтааст. Як сокини солманди дигар дар хиёбони Алишери Навоӣ гуфт, ки ба ҷонибдорӣ аз номзади ҳизби кумунист раъй додааст, ки мисли замони Шӯравӣ зиндагии хуберо фароҳам кунад.

Иддае аз ҳамсуҳбатони дигарам бо таваҷҷуҳ ба нобоварӣ ба беҳбуди зиндагии иҷтимоъияшон дар оянда дар Тоҷикистон гуфтанд, ки ба раъйдиҳӣ намераванд, зеро намехоҳад вақти худро ба ҳадар диҳанд.

Иддае дигар мегӯянд, ки ба ҷуз аз Президент Раҳмон номзадҳои дигарро аслан намешиносанд ва бо барномаҳои онҳо ошно нестанд, аз ин рӯ мехоҳанд, ки ӯ дар сари қудрат бимонад.

Image caption Шаҳноза: "Ба ҷойи ман шавҳарам овоз медиҳад"

Ин дар ҳолест, ки бино ба иттилоъи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон, сокинони кишвар дар интихобот "фаъъолона ширкат карда" ва то соъати 10-и субҳ беш аз 40 дарсади воҷидини шароити раъй ба пойи сандуқҳои раъй рафта ва орои худро ба сандуқ рехтаанд.

Бархе аз сокинон ҳам аз он шикоят мекарданд, ки даъватнома ба интихоботро нагирифтаанд. Бархе мегуфтанд, ки дар даъватномаҳо номҳои онон ғалат сабт шуда буд.

“Ба ҷои шавҳарам раъй медиҳам”

Аз сӯйи дигар, иддае аз сокинон, ки субҳи рӯзи 6 ноябр дар хиёбонҳои шаҳри Душанбе бо онҳо суҳбат анҷом шуд, гуфтанд, ки ба ҷойи онҳо яке аз аъзои хонаводаашон ба интихобот рафта ва раъй додаанд.

Шаҳноза, як сокини ҷавони шаҳр мегӯяд, ки вай ба интихобот намеравад ва шавҳараш бо шиносномаи ӯ ба маркази раъйдиҳӣ рафта ва ба тарафдорӣ аз яке аз номзадҳо раъй медиҳад.

Гулбибӣ Исоева, ки дар даст ду шиносонома дошт, ба сӯйи маркази раъйдиҳӣ мерафт. Аз ӯ пурсидам, ки шиносномаи дигаре, ки дар даст дорад, аз кист ва ӯ бо он чи мехоҳад кунад?

Хонуми Исоева гуфт: “Ин шиносномаи келинам (арӯс) аст, ки кӯдаки майда дорад ва ба овоздиҳӣ рафта наметавонад. Агар дар марказ иҷоза диҳанд, ман ба ҷойи вай ҳам овоз (раъй) медиҳам.”

Як зани дигар дар яке аз марокизи раъйгирӣ дар ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо худ ду шиноснома дошт ва ду баргаи раъйро ба сандуқ рехт. Вақте аз ӯ пурсида шуд, ки чаро ду шиноснома дорад, гуфт, ки яке аз шавҳараш аст, ки бемор аст ва наметавонад ба маркази раъйгирӣ ояд.

Image caption "Агар иҷоза диҳанд, ба ҷои келинам (арӯсам) овоз (раъй) медиҳам"

Вақте ба ӯ гуфтанд, ки раъй додани як нафар ба ҷойи дигаре ғайри қонунист, ин зан гуфт, намедонист, ки ҳақ надорад ба ҷойи шавҳараш раъй диҳад ва масъулони маркази раъйгирӣ ҳам ӯро огоҳ накарда буданд ва ду баргаи раъйро ба дасташ додаанд.

Як зани дигар ҳам ки се шиноснома дар даст дошт, пас аз андохтани баргаҳои раъй ба сандуқ ба хабарнигори мо гуфт, ки ба ҷойи худ ва шавҳару бародараш раъй додааст, зеро яке дар бозор ва дигарӣ дар Русия аст.

Дар як маркази раъйгирӣ дар маркази шаҳр низ занеро мушоҳида кардем, ки дар даст панҷ-шаш баргаи раъй дошт ва мехост ба утоқи раъйгирӣ ворид шавад. Аз ӯ пурсидам, ки чаро ин қадар баргаҳо дорад, гуфт, ки мехоҳад ба ҷойи шавҳар, писар ва арӯсаш раъй диҳад.

Ҳангоме, ки суҳбат бо ӯро дар диктофун сабт мекардам, як масъули маркази раъйгирӣ наздик шуд ва баргаҳоро аз дасти ин зан гирифт ва занро бо худ ба гӯшае бурд ва монеъ аз суҳбати ман бо ин зан шуд.

Дар ҳамин ҳол, бархе аз донишҷӯёни донишгоҳҳо дар шаҳри Душанбе гуфтанд, ки субҳи зуд устодони донишгоҳҳо онҳоро аз хоб бедор карда ва иҷборан барои додани раъй ба марокизи раъйдиҳӣ бурдаанд.

Матолиби муртабит