Суғд: 'Натиҷаи интихобот аз қабл маълум аст'

  • 5 Ноябр, 2013
сандуқи раъйдиҳӣ дар Суғд
Image caption Масъулони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар устони Суғд изҳори омодагӣ ба як интихоботи шаффофу демукротик кардаанд.

Масъулони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар устони Суғд изҳори омодагӣ ба як интихоботи шаффофу демукротик кардаанд, ҳарчанд аксари интихобкунандагон иқрор меварзанд, ки натиҷаи он аз пешопеш маълум аст.

Нозимҷон Қурбонов, аз фаъъолони Ҳизби демукроти Тоҷикистон мегӯяд, ҳарчанд ҳизби онҳо умеди пирӯзӣ дар ин интихоботро надорад, вале номзади онҳо Саидчаъфар Исмонов дар интихобот бо барномааш ширкат меварзад.

Ӯ мегӯяд: "Мақсади мо муаррифӣ намудани барномаҳо, шиносондани ҳизби худ дар назди мардум аст. Ин имконият медиҳад, ки ҳизби мо барои интихоботи дигар замина гузорад. Агар маъракаи таблиғотии номзади мо наздик ба як моҳ қабл аз интихобот неву каме пештар шуруъ мешуд, шонси мо барои ба даст овардани раъйи мардум бештар мебуд."

Ӯ Эмомалӣ Раҳмонро номзади "асосӣ" унвон кард: "Дар мавриди номзади "асосӣ" бошад, бояд бигӯям, ки ҳама сафарҳои ахири ӯ ба шаҳру ноҳияҳо хусусияти таблиғотиву тарғиботӣ доштанд. Гузашта аз ин, тамоми васоити ахбори оммаи давлатӣ ҳамеша муаррифгари фаъолияти ӯ буданду ҳастанд."

Ба андешаи Алиҷон Одинаев, узви аршади Ҳизби комунисти Точикистон интихобот яке аз рукнҳои демукросӣ ба шумор рафта, ба аҳли ҷомеъа имконият медихад, то сарвари ояндаи хешро интихоб намояд ва ин шахс бояд ба эътимод ва раъйи додаи мардум сазовор бошад.

Image caption Ҳоло, ки то оғози раъйпурсӣ чанд соъат боқӣ монда, ҳама қитъаоти раъйдиҳӣ дар вилояти Суғд барои баргузории интихобот омода ҳастанд.

Ӯ мегӯяд: "Тавре ман огоҳ ҳастам шаш нафар аз шаш хизби сиёсӣ вориди корзори интихоботӣ ба хотири дарёфти мақоми раёсати ҷумҳур шудаанд. Онҳо муддате саргарми тарғибу муаррифии барномаҳои хеш буданд. Чун муддат кӯтоҳу маҳдуд буд, онҳо натавонистанд бо теъдоди ҳарчи бештари раъйдиҳандагон мулоқотҳо анҷом бидиҳанд. Ин камбуд бояд дар интихоботҳои оянда рафъ гардад. Ба хотири он ки ин мушкил рафъ гардад, муҳлати сабти номзадҳо хеле барвақт аз рӯзи интихобот ба поён бирасад ва дар ин маврид бояд бо қонуни марбута тағйирот ворид гардад. Дуввум, дар ин қонун дарсади лозими имзоҳо барои сабти номи номзад ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ таври қобили мулоҳаза пойин оварда шавад. Ин иқдом имкон медиҳад, то теъдоди ҳарчи бештари номзадҳо вориди корзори интихоботӣ шаванд."

Бо вуҷуди ин ки то интихобот як рӯз боқӣ монда, бархе аз сокини вилоят то ҳоло тасмим нагирифтаанд ба кӣ раъй бидиҳанд. Муқим Муқимӣ, сокини шахристони Мастчоҳ мегӯяд: "Ман узви ягон ҳизб ва ё ҷумбиши сиёсӣ нестам. Дар мулоқотҳо бо номзадҳо ширкат наварзидаам. То субҳ фурсати андеша дорам, ки дар интихоб иштирок кунам ё на ва агар ширкат кунам ба кӣ раъй бидиҳам. Имрӯз шоҳиди он гардидам, ки дар хиёбонҳо фақат аксҳои раиси ҷумҳури феълӣ ҳастанд, ки ин аксҳоро бо аксҳои дигар рӯпӯш месозанд. Ба дастандаркорон гуфтам, ки ин рафтори онхо саҳеҳ нест, зеро ин аксҳо аз солҳои пешин насб шудаанд ва муаррифгари ӯ ҳамчун президенти кишвар ҳастанд ва ҷанбаи тарғиботӣ надоранд. Агар мехоҳед, мувақкатан ин аксхоро пинҳон бидоред, пас Шуморо лозим аст, он аксҳоеро, ки дар дафотири кориятон ҳаст, онро низ муваққатан биканед."

Image caption Аксаре аз сокинони Хуҷанд мегӯянд, ки натиҷаи интихобот қабл аз шуруъаш маълум аст

Оқои Муқимӣ афзуд: "Натиҷаи интихобот қабл аз шуруъаш маълум буд ва ин ҳеҷ ҷойи шакку шубҳа надорад. Вале баргузории интихобот дар боло бурдани афкори сиёсии мардум нақши муҳим мегузорад. Мардум ба интихоботи дигар омода мешавад. Ҳазинае ва маблағе, ки барои интихобот масраф мешавад, аз ин нигоҳ, ҳадафманд аст."

Аксарияти мусоҳибони мо назари мушобеҳ доштанд. Як нафари дигар мегӯяд: "Шахсе, ки пирӯз мегардад маълум аст." Шоҳида Худойбердиева, мудири бахши идеюлужики ҳукумати Панчакент сароҳатан иброз дошт, ки президенти ӯ Эмомалӣ Рахмон аст ва фардо ба ӯ раъй хоҳад дод.

Ҳоло, ки то оғози раъйпурсӣ чанд соъат боқӣ монда, метавон гуфт, ки ҳама қитъаоти раъйдиҳӣ барои баргузории интихобот омода ҳастанд. Сандуҳои раъйдиҳӣ, кобинҳо, мизу курсиҳо ва феҳрасти интихобкунандагон барои баргузории ин тадбири сиёсӣ муҳайё ҳастанд.

Кормандони шаҳрдорӣ кӯчаву хиёбонҳои шаҳру ноҳияҳоро ҷорӯ мезананд аз хоку ошғол поку тамиз мекунанд. Дар ягон ҷойи шаҳр, дар девору дарахтҳо ба ҷузъ аз шиъори "Ҳама ба интихобот" навиштаи дигаре ва ё акси ягон нафар аз номзадҳо дида намешавад.

Image caption Хабарнигорони маҳаллӣ мегӯянд дар девору дарахтҳои шаҳри Хуҷанд ба ҷузъ аз шиъори "Ҳама ба интихобот" навиштаи дигаре ва ё акси ягон нафар аз номзадҳо дида намешавад.

Муншии минтақаи раъйидиҳии шумораи 49-и шахри Хуҷанд Муҳаббат Холбекова иброз дошт, ки тамоми шароити лозим барои интихобот фароҳам омада, ҳамакнун онҳо умед бар он доранд, ки интихобот шаффофу демукротик доир хоҳад шуд.

Баргаҳои раъйдиҳӣ сари вақт ба раъйдиҳандагон супурда шуда, ашхоси маълулу маъзур сабти ном шудаанд ва баргаҳо ба манозили эшон дастрас хоҳад шуд. Гузашта аз ин, 120 барга ба бемороне дастрас хохад шуд, ки дар бемористони амрози сироятӣ бистарӣ ҳастанд.

Бо ҳар кӣ сухан аз интихобот мегуфтем, мусоҳибон бо эҳтиёткорӣ ва таҳаммулу муҳтот ҳарф мезаданд. Як мусоҳиби мо гуфт: "Интихобот баргузор мегардад, вале оё натиҷаи он баёнгари эҳсосоти даруниву андешаҳои ботинӣ ва воқеъии мардум хоҳад буд ё хайр, ин суоли матраҳ аст!"

Матолиби муртабит