Назарпурсӣ: 'Номзадҳо дар намоишномае бо номи “интихобот” нақш меофаранд'

Аскари посухгуяндагонои назарсанҷии мо дар шаҳри Душанбе ва ҳумаи он мегӯянд, ки раъйи худро ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ба сандуқҳои раъй хоҳанд рехт.
Бархе дигар гуфтанд, ки ба хотири демукросӣ ва табадуллоти ҷиддии иқтисодӣ ва иҷтимоъӣ дар Тоҷикистон ба номзаде дигар раъй хоҳанд дод. Иддае ҳам гуфтанд, ки раъйдиҳӣ махфиёнаст ва намехоҳанд номи фардеро, ки ба ӯ раъй медиҳанд, ифшо кунанд.
Дар миёни пурсидашудагон афроде низ ҳастанд, ки мегӯянд, интихоботро таҳрим мекунанд, зеро онро "намоишӣ" медонад.
Орзу Шарипов, коргардони синемо
Ман барои барқарор шудани демукросӣ ба номзад аз Ҳизби демукроти Тоҷикистон раъй медиҳам. Ростӣ бо барномаҳои Саидҷаъфар Исмонов ошно нестам, вале ба хотири он ки шаффофият дар кори мақомоти давлатӣ феълӣ фаромӯш шуда ва хизмат ба “мардум” дар мадди аввал нест, мехоҳам, демукротҳои воқеъӣ ба сари қудрат оянд.
Ҳатто дар даврони Шӯравӣ, ки аз он мо интиқод мекунем, тамоми мардум ба омӯзишу парвариш ва хадамоти беҳдоштии ройгон дастрасӣ доштанд. Аммо ҳоло яке аз хешовандони ман ки аз чашм ҷароҳат бардошт ва даъфатан ба бемористон рафт, пизишк аз вай пардохти 300 дулорро талаб кард ва ба хотири он ки ин мард он замон пул дар ҷайб надошт аз кумаки тиббӣ ба ӯ даст кашид. Аз ин рӯ ман ба демукротҳо раъй медиҳам, ки ҷомеъаро обод кунанд.
София, сокини Душанбе, пизишки собиқадор
Мо пешакӣ тайёрӣ дидаем, ки ба номзади арзанда, ки Эмомалӣ Раҳмон аст, раъй медиҳем. Зеро Эмомалӣ Раҳмон дар муддати чандин солҳо барои ҷумҳурии мо бисёр беҳбудиҳо кардаанд. Ҷумҳурӣ оҳиста-оҳиста рӯ ба тараққӣ (тавсеъа) овард ва барои мардуми мо беҳбудӣ, сулҳ оромӣ овард. Ман духтур ҳастам ва боварӣ дорам, ки ин бор Эмомалӣ Раҳмон маъоши пизишконро бештар мекунад.
Абдулмаҷид Саидов, сокини Ҷиргатол
Ин ки ман ба ки раъй медиҳам кори Шумо нест, вале алббата ба интихобот меравам ва ба касе ки ман арзанда медонаму вай барои миллати тоҷик беҳбудӣ орад ва зиндагии мардумро обод кунад, раъй медиҳам.
Дар минтақаи мо ду миллат, яъне тоҷикон ва қирғизон зиндагӣ мекунанд ва ҳатто занон низ дар раъйдиҳӣ хеле фаъъол ҳастанд ва 80 дарсади мардум то соъати 08:00-09:00 вақти маҳаллӣ, дар раъйдиҳӣ ширкат мекунанд.
Маҳмурод Одинаев, як сокини Душанбе
Ман ба раъйдиҳии рӯзи 6 ноябр намеравам, чунки ин спектаклро (намоишнома)-ро, ки номаш интихобот аст, намепазирам. Дар канори ман беш аз 300 нафари дигар аз аъзои хонаводаҳои афроди зиндонӣ, ки аз вазъи фарзандонашон дар зиндон нигарон ҳастад, аз додани раъй ба ҳимоят аз ҳамаи ин номзадҳо, ба вижа Эмомалӣ Раҳмон даст мекашем.
Ман бо чи умеде равам ва раъйи худро ба ҳимоят аз давлати имрӯз ба сандуқ резам, вақте, ки раис ҷумҳурии феълӣ беш аз як солу ду моҳ боз ба номаҳои мо дар мавриди бенизомӣ дар зиндонҳо нодида мегирад ва аз пазироӣ ва суҳбат бо даҳҳо нафар аз волидон даст мекашад?!
Пас чаро ман боз ба интихобот равам ва ба вай овоз диҳам. Ҳамчунин номздаҳои дигари интихобот танҳо ба унвони “намоишномаи мазҳакавӣ” дар интихобот ширкат мекунанд. Мутаассифона ба тақдири мардум касе кор надоранд.
Саъдулло Аҳмадови 75-сола, аъзои ҷамъияти нобиноён аз ноҳияи Ҳисор
Ман парвардаи даврони Советӣ (Шӯравӣ) ҳастам ва ба ин хотир аз номзади ҳизби кумунист, яъне ба Исмоъил Талбаков раъй медиҳам.
Зиндагии мо дар даврони Шӯравӣ хеле хуб буд ва ман аз Исмоъил Талбаков хоҳиш дорам, ки дар сурате, ки дар ин интихобот пирӯз шавад, ба вазъи мо, мардуми нобино низ аҳамият диҳад.
Худойдод Ҳасанов, сокини навоҳии ҳумаи Душанбе, асалфурӯш
Ман ба Эмомалӣ Раҳмон овоз (раъй) медиҳам, чунки ватандори содиқ аст, нисбати навҷавонон меҳрубон аст, ба қадри пиронсолон мерасад, хулоса парешониро дӯст намедорад ва марди асил ҳаст.
Ман қаблан дар бисёре аз корхонаҳо кор мекардам ва ҳоло бо як ширкати асалпарварӣ кор мекунам, зиндагиямро аз рӯи фурӯши асал мебарам. Ҳамчунин чорво дорам. Фарзандонам қаблан дар Русия буданд ва ҳоло дар Тоҷикистон зиндагӣ ва кор мекунанд, аз зиндагиашон розӣ ҳастанд.
