Роҳпаймоии ҷавонони 'тарафдори Раҳмон' дар марокизи вилоёт

Садҳо нафар аз ҷавонон субҳи рӯзи шанбе дар яке аз хиёбонҳои марказии шаҳри Хуҷанд бо шиъору овезаҳо ва аксҳои Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳур роҳпаймоӣ карданд.
Роҳпаймоиҳои мушобеҳе ба ҷонибдорӣ аз раиси ҷумҳури феълӣ ва яке аз шаш номзади интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр дар марокизи вилояти дигари Тоҷикистон низ барпо шудааст.
Мубтакири аслии ин роҳпаймоӣ созмони мавсум ба "Созандагони Ватан", шохаи марбут ба ҷавонони ҳизби ҳокими халқи демукроти Тоҷикистон аст. Ин созмон пештар эълом карда буд, ки беш аз 100 ҳазор нафар аз ҷавононро дар рӯйдоде зери унвони "Президенти ман" ба хиёбонҳо басиҷ хоҳад кард.
Қарор буд роҳпаймоиҳо барои ҳимоят аз оқои Раҳмон рӯзи шанбе дар марокизи вилоёт ва рӯзи якшанбе дар шаҳри Душанбе, пойтахт, баргузор шавад. Аммо манобеъи "Созандагони Ватан" ба Би-би-сӣ гуфтанд, ки ин созмон аз баргузории роҳпаймоӣ дар шаҳри Душанбе мунсариф шудааст.
Далоили ин амр рӯшан нест, вале ба гуфтаи масъулони ин созмон, қарор аст рӯзи якшанбе як барномаи фарҳангӣ дар Наврӯзгоҳи шаҳри Душанбе бо ширкати ҷавонони тарафдори Эмомалӣ Раҳмон доир шавад.
Гузоришҳои расида аз Хуҷанд ва Хоруғ, марокизи вилоёти Суғд ва Бадахшон, ҳокист, ки садҳо ҷавон рӯзи шанбе дар ин роҳпаймоиҳо ширкат карда ва дар даст шиъорҳо ва аксҳои раиси ҷумҳурро ҳамл мекарданд.
Аммо нозирони маҳаллӣ гуфтаанд, ки бештари роҳпаймоён дар шаҳри Хуҷанд донишомӯзони мадорис ва донишҷӯёни донишгоҳҳо буданд, ки "бо суфориши устодонашон" дар роҳпаймоӣ ширкат кардаанд.
Шуморе аз ин ҷавонон пустерҳои марбут ба донишгоҳу донишкадаҳои худро низ ҳамл мекарданд. Агарчи бархе гуфтаанд, ки самимона аз Президент Раҳмон ҳимоят мекунанд, вале иддае ҳам иброз доштаанд, ки ба хотири ихроҷ нашудан аз донишгоҳ ба ҳамсолонашон пайвастаанд.
Бархе аз таҳлилгарон мегӯянд роҳпаймоии шохаи ҷавонони ҳизби ҳокими халқи демукрот барои ҳимоят аз Эмомалӣ Раҳмон як навъ талош барои "ба намоиш гузоштани маҳбубияти" ӯ дар миёни ҷавонон аст, насле, ки ғолибан маҳсули даврони ҳукумати 21-солаи ӯ маҳсуб мешаванд.
Аммо ба гуфтаи мунтақидон, ҳадафи ин роҳпаймоӣ пеш аз он ки исботи пуштвонаи мардумии оқои Раҳмон бошад, як навъ нишонаравӣ ба сӯйи мухолифони ӯст, ки тайи солҳои ахир бо ҷуръати бештаре аз сиёсатҳои раисҷумҳур интиқод кардаанд.
Яъне ин нигаронӣ ҳам вуҷуд дорад, ки дар баробари нокомии номзади мухолифон дар ҷамъоварии имзо ва аз рақобат канор рафтани ӯ, ин роҳпаймоӣ метавонад замина фароҳам кунад, ки мақомот бо эътимод ба нафси бештаре ба саркӯби мухолифон пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пардозанд.
Зимнан, Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи 6 ноябр ҳамроҳ бо панҷ номзад аз аҳзоби кумунист, сусиёлист, демукрот, кишоварзӣ ва ислоҳоти иқтисодӣ, ки дар ҷомеъа чандон шинохташуда нестанд, ширкат мекунад.
Ӯ, ки тайи 21 соли гузашта зимоми умурро дар даст дошт, бо пирӯзии эҳтимолӣ дар интихобот ба чаҳорумин давраи раёсати ҷумҳурияш ворид шуда ва барои ҳафт соли оянда қудратро дар дасти худ ҳифз хоҳад кард.
