Чаро номзадҳои интихобот ба дараи Бартанг нарафтанд?

  • 2 Ноябр, 2013
Роҳи Бартанг
Image caption Иддае бар ин назаранд, ки роҳҳои куҳнаву фарсуда ва хатарзои Бартанг ба мақомоти давлатӣ ва номзадҳои интихобот имкони сафар ба рустоҳои ин минтақаро намедиҳад

Аксари сокинони водии Бартанг дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон мегӯянд, ки ҳеҷ як аз номзадҳои интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумурӣ барои мулоқот ба ин минтақа наомадааст.

Ба гуфтаи сокинони бузургсоли ин минтақа, тайи ду даҳаи гузашта мардуми ин водии дуруфтодаи кӯҳистонӣ аз мадди назари мақомҳои давлатӣ, номзадҳои интихобот ва намояндагони аҳзоби сиёсӣ дур мондаанд.

Водии Бартанг дар шарқи Тоҷикистон, дар ноҳияи Рӯшони вилояти Бадахшон, воқеъ аст ва аз ин ноҳия то рустои Савноб, охирини рустои Бартанг, ҳудуди 200 килуметр роҳ аст. Дар дараи Бартанг беш аз ҳафт ҳазор нафар аз сокинон ба сар мебаранд.

Иддае аз сокинони дигари Бартанг мегӯянд, ки номзадҳои интихобот шумори раъйдиҳандагон дар ин водиро андак медоданд ва аз ин рӯ, зарурӣ нашумурдаанд, ки мардуми ин водиро бо барномаҳои худ ошно созанд.

Роҳҳои пурхатар

Хуршед Шакармамадов, як сокини рустои Спонҷ, маркази Бартанг, бар ин бовар аст, ки ахиран мардуми ин минтақа ва раъйи онҳо аз сӯйи номзадҳои интихоботи раёсати ҷумҳурӣ нодида гирифта мешавад.

Оқои Шакармамадов афзуд: “То имрӯз касе аз номзадҳо ва ё намояндагони онҳо ба назди мо наомаданд ва бештари мардуми минтақа намедонанд, ки онҳо киҳо ҳастанд. Ба эҳтимоли зиёд, дар рӯзи раъйдиҳӣ аксари раъйдиҳандагон ба он касе, ки мардум мешиносад, яъне раиси ҷумҳурии феълӣ, раъй медиҳанд.”

Аммо иддае низ бар ин назаранд, ки роҳҳои куҳнаву фарсуда ва хатарзои дараи Бартанг ба мақомоти давлатӣ ва номзадҳои интихобот имкони расидан ба рустоҳои ин минтақа ва мулоқот бо сокинонро душвор сохтаанд.

Image caption Оқои Ясаулов мегӯяд, ки дар фасли зимистон бештари рустоҳои Бартанг дар инзиво қарор мегиранд

Ҳаракати васоили мусофирбарӣ ва ҳамлу нақли коло дар роҳҳои водии Бартанг бештари авқот дар фасли сармо масдуд мешавад. Ҳамчунин, дар фасли баҳор ва тобистон ба сабаби боло омадани сатҳи оби рӯдхонаи Бартанг қисмати бештари ин роҳҳо зери об мемонанд.

Ба гуфтаи иддае аз сокинони минтақа, онҳо ҳамасола, бавижа ҳангоми бориши барфу баҳман, дар инзиво монда ва иртиботашон бо навоҳии дигар ва шаҳри Хоруғ, маркази устони Бадахшон, қатъ мешавад.

Роҳи утумубилгард ба водии Бартанг дар даврони Шӯравӣ бунёд шуда буд. Ба гуфтаи масъулони як ниҳоди роҳдории маҳаллӣ, онҳо миқдоре таҷҳизоти фаннӣ барои бозсозии роҳҳо дар ихтиёр доранд.

Бархе аз қисматҳои роҳи иртиботие, ки шаҳри Хоруғ, маркази Бадахшонро, бо рустоҳои водии Бартанг муттасил мекунад, аз 20 сол пеш бад-ин сӯ тармим ва бозсозӣ нашудаанд.

Зибуҷин Ясаулов, яке аз сокинони ин водӣ, мегӯяд, ки бавижа дар фасли зимистон бештари рустоҳои Бартанг дар инзиво қарор мегиранд ва ҳатто интиқоли беморон ба бемористони ноҳия душвор мешавад.

Барномаҳои роҳсозӣ

Оқои Ясаулов афзуд: “Танҳо имконе, ки дар бархе аз рустоҳои Бартанг ҳаст, дастрасӣ ба нерӯи барқ дар фасли зимистон аст, ки аз нерӯгоҳи кӯчаке ба манозили сокинон мунтақил мешавад.”

Ин сокини собиқадори Бартанг мегӯяд, ки ӯ маъоши хонаводаашро аз кори кишоварзӣ фароҳам мекунад. Ӯ низ номзадҳоро намешиносад ва ҳануз тасмим нагирифта, ки ба кадоме аз номзадҳо раъй бидиҳад.

Image caption Оқои Шукраков гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба хатароти дарёчаи Сарез роҳи дараи Бартанг бояд ба таври ҳамешагӣ фаъол бошад

Дар ҳоле ки бештари сокинони Бартанг мушкили аслии рӯзгори худро набуди маъош ва куҳнаву фарсуда будани роҳҳо медонанд, масъулони Вазорати роҳу таробарӣ ва иртибототи Тоҷикистон мегӯянд, ки барои босзозии ин роҳҳо тарҳеро дар назар гирифта ва машғули пайдо кардани сармояи хориҷӣ барои бунёди ин роҳҳо ҳастанд.

Шералӣ Ганҷалов, муъовини вазири роҳу таробарӣ, рӯзи ҷумъаи 1 ноябр ба Би-би-сӣ гуфт, ки тибқи ин барнома қарор аст то соли 2016 бозсозии роҳҳо дар водии Бартанг анҷом шавад.

Ӯ афзуд: “Бар асоси натоиҷи сафарҳои раиси ҷумҳурӣ ба манотиқи мухталифи Тоҷикистон, мо барномаҳоеро барои бозсозӣ ва ё бунёди роҳҳо ва пулҳои иртиботӣ роҳандозӣ мекунем. Аз ҷумла, бозсозии роҳҳои Бадахшон ҳам дар назар аст ва ҳоло бозсозии роҳи Шӯрообод ва Дарвоз дар ҳоли иҷро шудан аст.”

Масъулони ин вазорат ҳамчунин мегӯянд, тарҳеро барои бозсозии 150 килуметр аз роҳе, ки маркази ноҳияи Рӯшонро бо рустоҳои Бартанг муттасил мекунад, таҳия карда ва машғули пайдо кардани сармоя барои иҷрои он ҳастанд. Онҳо мегӯянд, ки барои иҷрои ин тарҳ 195 милюн дулор лозим аст.

Раҳмон ҳам Бартангро фаромӯш карда?

Мушкили роҳи водии Бартанг дар мулоқоти ахири Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳур, бо сокинони шаҳри Хоруғ, низ матраҳ шуда буд. Яке аз сокинони Бартанг дар ин мулоқот аз он гилоя кард, ки оқои Раҳмон дар тӯли 21 соли раҳбарии худ бо вуҷуди ин ки даҳҳо сафар ба Бадахшон дошта, вале як бор ҳам ба водии Бартанг барои мулоқот бо мардуми маҳаллӣ нарафтааст.

Ба навбаи худ Президент Раҳмон ваъда дод, ки дар ояндаи наздик ба он минтақа рафта ва бо зиндагии мардуми он ҷо аз наздик ошно хоҳад шуд. Вай ваъда дод, ки роҳҳои ин водиро базудӣ обод хоҳад кард.

Раҳматшоҳ Шукраков, раиси Анҷумани корбарони роҳ дар ноҳияи Рӯшон, мегӯяд роҳи Вамар-Бартанг маркази Бадахшонро на танҳо бо рустоҳои Бартанг муттасил мекунад. Иртибот бо дарёчаи Сарез ҳам аз тариқи ин роҳ сурат мегирад, ҳарчанд дар бештари авқоти сол масдуд мешавад.

Image caption Бибии Руҳафзо мегӯяд, ки рӯзи интихобот ба ҷонибдорӣ аз Владимир Путин раъй хоҳад дод

Оқои Шукраков гуфт, ки бо таваҷҷуҳ ба хатароти дарёчаи Сарез роҳи мунтаҳӣ ба ҳаволии ин дарёча бояд ба таври ҳамешагӣ фаъол бошад.

Вай афзуд: "Дар фасли зимистон мардуми рустоҳои Бартанг водор мешаванд, ки барои харидории маводди ғизоӣ ва васоили мавриди ниёзашон ба маркази вилоят пойи пиёда ва бо мушкилоти фаровоне рафтуомад кунанд. Чунин сафарҳо дар фасли сармо, бавижа ҳангоми резиши баҳман ё сел хатароти зиёде дорад."

Ин дар ҳолест, ки аз ноҳияи Рӯшон то рустоҳои охири водии Бартанг ҳудуди 200 килуметр роҳ аст ва ба гуфтаи оқои Шукраков, дар фасли тобистон низ ҳангоми обхезӣ бархе аз қисматҳои ин роҳ зери об мемонад.

Оқои Шукраков афзуд, ки дар инзиво қарор доштани ин рустоҳо ва душвории ҳамлу нақли коло ба водии Бартанг мунҷар ба афзоиши қобили мулоҳизаи қимати маводди сухтӣ ва ғизоӣ мешавад.

Вай мегӯяд, ки барои мисол, як халта орд дар манотиқи дигари вилояти Бадахшон то 150 сомонӣ аст, вале дар бархе аз рустоҳои Бартанг то ба 200 сомонӣ афзоиш меёбад.

Коршиносон баъид медонанд, ки тамоми сокинони воҷиди шароити раъй дар ноҳияи Бартанг дар интихобот ширкат кунанд. Бархе аз сокинони минтақа ҳам мегӯянд, ки ҳеч номзадеро ҷуз раиси ҷумҳур намешиносанд ва намедонанд ба чи касе раъй бидиҳанд.

“Ба Путин раъй медиҳам”

Image caption Ҳаракати васоили мусофирбарӣ ва ҳамлу нақли коло дар роҳҳои водии Бартанг маъмулан дар фасли сармо масдуд мешавад

Аммо Руҳафзо, як пиразан дар ноҳияи Рӯшон, мегӯяд, ки дар рӯзи интихобот раъйи худро ба Владимир Путин хоҳад дод. Аз ӯ пурсидам, ки чаро ба раисҷумҳури Русия?

Вай афзуд: “Охир тамоми мардум ҳоло дар Русия ҳастанд, пуламон аз он ҷо меояд. Ҳатто касе, ки мехоҳад маросими арӯсӣ баргузор кунад, ба Русия меравад ва чанд сол он ҷо кор мекунад. Пас президенти воқеъии мо Путин будааст ва чаро ман ба вай раъй надиҳам, ки аз ӯ барои мардуми мо фоидаи бештаре мерасад?”

Бибии Руҳафзо 80 сол дорад. Вай мегӯяд, ки замони Шӯравӣ дар кулхуз кор мекард, ҳоло 300 сомонӣ ҳуқуқи бознишастагӣ мегирад. Аммо ин пул кофӣ нест, зеро маводди ғизоӣ ва коло гарон аст. Аксари хешовандони бибии Руҳафзо дар Русия ҳастанд, ба ин зани солманд кумак мекунанд.

Ин зани солманд аз зиндагӣ розӣ ба назар мерасад. Танҳо нигаронии ӯ хатари ҳаводиси табиъӣ, мисли селу баҳман ва заминларза аст, ки мабодо садди дарёчаи Сарезро хароб кунад.

Бархе аз сокинони водии Бартанг ва рустоҳои дигари ноҳияи Рӯшон бо ишора ба мушкилоти зиёди иҷтимоъӣ дар ин ноҳия мегӯянд, ки ба мақомоти давлатӣ дигар эътимод надоранд. Аз ин рӯ, онҳо меафзоянд, ки аз рафтан ба пойи сандуқҳои раъй худдорӣ мекунанд.

Бахши аъзаме аз ҷавонони ин минтақа дар Русия ва кишварҳои дигари хориҷӣ қарор доранд ва маълум нест, ки оё онҳо имкони ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро доранд ё хайр...