Мушкили дастрасӣ ба интернет дар остонаи интихоботи Тоҷикистон

  • 5 Ноябр, 2013
Интернет
Image caption Корбарони интернет мегӯянд, ки тайи чанд рӯзи ахир дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонӣ аз Тоҷикистон мушкил шудааст

Як рӯз монда ба интихоботи Тоҷикистон суръати интернет дар ин кишвар коҳиш ёфтааст.

Масъулони умури иртиботот мегӯянд, ки тайи рӯзҳои ахир муроҷеъаи корбарон ба манобеъи интернетии Тоҷикистон афзоиш ёфта ва ин амр дастрасии корбарони дохилӣ ба шабакаи ҷаҳониро душвор сохтааст.

Асомиддин Атоев, раиси Анҷумани фароҳамгарони интернет дар Тоҷикистон, дар суҳбат бо Би-би-сӣ хабарҳои мабнӣ ба ангезаҳои сиёсӣ доштани маҳдудияти дастрасӣ ба интернетиро бепоя хонд.

Ин дар ҳолест, ки тайи рӯзҳои ахир корбарони интернет дар Тоҷикистон аз маҳдудият дар заминаи дастрасӣ ба сойтҳои хабарӣ ибрози нигаронӣ мекунанд. Баръе муътақиданд, ки ин амр эҳтимолан ба интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябр баргузор мешавад, рабт дорад.

Вале оқои Атоев мегӯяд, тибқи иттилоъе, ки вай дар даст дорад, ширкатҳои фароҳамсози интернет дар бораи маҳдудияти дастрасии корбарон ба ин шабака ҳеч дастуре нагирифтаанд.

Вай афзуд: “Масъулони ин ширкатҳо мегӯянд, ки тайи чанд рӯзи ахир муроҷеъаи алоқамандон ба сойтҳои хабарии Тоҷикистон афзоиш ёфта ва ин амр мунҷар шудааст, ки суръати дастрасӣ ба шабакаи ҷаҳонӣ аз дохили Тоҷикистон суст шудааст. Бояд зикр кард, ки фароҳамгарон аз қабл солиёна мизони зарурии трофики интернетро харидорӣ мекунанд ва ба ин далел ислоҳи вазъ душвор аст.”

Аз сӯйи дигар, тӯли рӯзҳои маъмулӣ дастрасӣ ба сойтҳои мухталиф дар шабакаи ҷаҳонии интернет аз Тоҷикистон бидуни мушкил имконпазир буд. Вале дар рӯзҳои ахир ҳатто вуруди корбарон ба торнамоҳо ё сойтҳои маъмулӣ, ки пусти электруникӣ фароҳам мекунанд, бакундӣ имконпазир аст.

Оқои Атоев мутмаин аст, ки бо анҷоми баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ин мушкил аз байн хоҳад рафт.

Дар ҳамин ҳол, торнамои хабаргузории “Озодагон” иттилоъ додааст, ки Идораи иртибототи Тоҷикистон дастрасӣ ба бахши русӣ ва тоҷикии ин сойтро муваққатан масдуд кардааст.

Масъулони ин хабаргузорӣ дар истинод ба манобеъи Идораи иртиботот мегӯянд, ки торнамои онҳо бо дастури раиси ин ниҳоди танзимгари умури иртиботот масдуд шудаст. Гуфта мешавад масдудияти дастрасӣ ба ин торнамои хабарӣ танҳо аз сӯйи бархе аз ширкатҳои фароҳамсоз роҳандозӣ шудааст.

Зимнан, дар корзори интихоботии солҳои қаблӣ чанд мавриди маҳдудсозии дастрасии хабарнигорон ба манобеъи хабарӣ ва ҷилавгирӣ аз нашри матолиби расонаҳои мустақил мушоҳида шуд буд.

Дар интихоботи соли ҷорӣ ин мушкил мушоҳида нашудааст ва ба гуфтаи мақомот, давлати Тоҷикистон дар садад аст интихоботи феълиро дар муҳити демукросӣ, шаффоф ва озод баргузор кунад.

Матолиби муртабит