Вокунишҳо ба интихобот: Раҳмон пирӯз шуд, номзадҳо розӣ

  • 7 Ноябр, 2013
номзадҳо
Image caption Номзадҳои мағлубшуда дар мавриди раванди интихобот ва натоиҷи он назари мусбат доданд

Номзадҳои мағлубшуда дар давраи чоруми интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз эълом шудани натоиҷи муқаддамотии он гуфтанд, ки интихобот озодона ва шаффоф буд ва натоиҷи онро ба расмият мешиносанд.

Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии кишвар, рӯзи панҷшанбеи 7 ноябр хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр 83,6 дарсад аз орои умумиро ба даст овардааст.

Намояндагони аҳзоби мухталифи Тоҷикистон, ки бо касби орои аз як то панҷ дарсадӣ дар ин интихобот, онро шаффоф ва демукротик арзёбӣ карда ва гуфтанд, ки натоиҷи онро ба расмият мешиносанд.

Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон гуфтанд, ки аз ироаи назари худ дар бораи натоиҷи интихобот то замони эъломи натоиҷи ниҳоии он худдорӣ мекунанд.

Аммо Ойниҳол Бобоназарова номзади сабтиномнашудаи мухолифони давлати кунунӣ барои ширкат дар интихобот, ки худро "мухолифи таҳаммулгаро" мехонад, ҳушдор дод, ки рафтани "мухолифони таҳаммулгаро" аз саҳнаи сиёсат дар ин кишвар роҳро барои пуштибонии бештари мардум аз мухолифони ифротгаро боз хоҳад кард.

Саидҷаъфар Исмонов, раҳбар ва номзад ба интихоботи раёсати ҷумҳурӣ (1%)

Image caption Исмонов: Мо аз ин розӣ ҳастем, ки дар интихобот ширкат кардем.

Маълум мешавад, ки намояндагонои мо камтар тайёр набуданд ва ба мо прогнозҳои дуруғ дода буданд. Ба мо пешгуиҳо карда буданд, ки 50 дарсади раъйи мардумро хоҳем гирифт.

Дигар ин ки мард бояд ҳамеша ҳарифи худро бояд эътиорф кунад. Вале мо акнун ба интихоботи порлумонӣ омодагӣ мебинем, дар дигар сатҳ.

Ба ҳар сурат барои мо ин таҷриба буд. Мо аз ин розӣ ҳастем, ки дар муҳлати кутоҳе як ҳизби парокандаеро, ки даҳсолаҳо дар интихоботҳо ширкат намекардро барқарор кардем.

Дар муҳлати даҳ моҳ ҳизбро сарҷамъ кардем ва дар интихобот ширкат кардем. Бурди мо ин аст, ки муаррифӣ шудем, таблиғ кардем ҳизбро. Ҳатто маро дар хиёбон акнун мешиносанд. Мо ягон дилшикастагӣ надорем. Аз ҳаминаш ҳам қаноъатмандем.

Нозирони мо ҳеҷ қонуншикание дар ҷараёни интхобот мушоҳида накарданд. Ман худам дар чанд маркази интихоботӣ будам ва дидам, ки мардум воқеъан зиёд фаъъол буданд.

Амир Қароқулов, раҳбари ҳизби кишоварзии Тоҷикистон (4.5%)

Image caption Қароқулов: Нозирони мо мавориди нақзи қонунро надиданд ва мо натоиҷи интихоботро мепазирем.

Номзади ҳизби мо Толиббек Бухориев 4.5 дарсади раъйро касб кард. Натиҷаи интихобот бисёр хуб аст. Ояндаро ҳам нек мебинам. Барои мо ин пешравӣ аст. Ман мехоҳем, ки Тоҷикистон шукуфон бошад. Интихобот нишон дод, ки демукросӣ дар Тоҷикистон тантана дорад, мавқеъи бисёр муҳим дорад. Ва ман раъйи мардумро ба хушӣ мепазирам.

Ҳарчанд номзади мо Толиббек Бухориев барномаи хуб доштанд, аммо мавқеъи ҷаноби олиро мардум бештар мепазиранд, барои ҳамин ба ӯ овоз доданд. Ман умедворам, ки раиси ҷумҳур нуктаҳои муҳимми барномаи моро дар сиёсати ояндаи худ дар назар мегиранд.

Дар робита ба тақаллуб ва ё нақзи қонун дар ҷараёни интихобот чизе гуфта наметавонам. Нозирони мо дар аксари марокизи раъйдиҳӣ ҳузур доштанд ва ҳеҷ мавриди нақзи қонунро надиданд ва мо натоиҷи интихоботро мепазирем. Ва ман чанд лаҳза қабл раиси ҷумҳуриро бо пирӯзиашон табрик гуфтам.

Исмоил Талбаков, номзади Ҳизби кумунисти Тоҷикистон (5%)

Image caption Талбаков: Шояд мардуми моро шароити имруза қонеъ мекунад, ки боз ба Раҳмон раъй доданд.

Албатто бохт чизе нест, ки одам нороҳат нашавад. Нороҳат ҳастем, роҳат фақат он нафаре мекунад, ки пирӯз шуда бошад. Аммо мард будан даркор, бохтро ҳам пазируфтан даркор.

Аммо ончи мо аз интихобот интизор доштем ин набуд. зеро 38 дарсади мардум камбизоъат ҳастанд. ва ҳудуди 25 дарсад дар Русия овораву саргардон гаштаанд.

Барномаи мо чунин таҳия шуда буд, ки мушкилоти ин қишри ҷомеъа ҳал шавад ва адолати иҷтимоъӣ барқарор шавад, фасод паст карда шавад, муассисаҳои маъориф тандурустӣ, бо0чаҳо ройгон аз ҳисоби буҷет фаъъолият кунанд.

Аммо шояд мардуми моро шароити имрузаашон қонеъ мекунад, ки боз ба Раҳмон раъй доданд. Дигар мо наметавонем раъияти мардумро маҳкум кунем.

Файзуллоҳ Фатҳуллоев, муъовини Олим Бобоев, раҳбар ва номзади Ҳизби иқтисодии Тоҷикистон

Image caption Фатҳуллоев: "Мо дар ҳар куҷо нозирони худро доштем, ҳар ҷо тавоноистем назорат кардем ва чизе гуфта наметавонем."

Мо дар ҳар куҷо нозирони худро доштем, ҳар ҷо тавоноистем назорат кардем ва чизе гуфта наметавонем. Аз рӯи таҳлилҳои мо, мо бояд раъйи бештар мегирифтем, зеро дар вақти ҷамъоварии имзоҳо тарафдорони мо бисёр буданд.

Тарафдорони мо дар вилояти Суғд, дар Бадахшон, ноҳияҳои Хатлон, ноҳияи Ҳисор бисёр буд. Мумкин ҳизби ҳоким, ҳизби президенти кунунӣ афзатият доштанд, шояд барои ҳамин бошад. Ман бо корҳои илмии худам овора будам. Хулосаҳоро ҳанӯз ҷамъбаст накардаем.

Каме рӯҳафтода шудем, зеро барномаи мо барномаи мушаххас ва қавӣ аст ва афзалиятҳо дошт. Мардум барномаи моро хуб пазируфтанд. Афсӯс акнун, мо ҷизе гуфта наметавонем.

Номзадҳо шароити баробар барои таблиғи интихоботӣ доштанд, кумисиюни марказии интихобот ҳам корашро хуб анҷом дод. Аммо президенти амалкунанда, шароит ва ресурс ва имконоияташ васеъ буд. Ба инаш мо ҳеҷ гуфта наметавонем.

Умедворам раиси ҷумҳур аз барномаи мо дар оянда истифода хоҳанд кард. Дар шароити нав раиси ҷумҳурӣ бояд бо услуби навтарин кор кунанд. Чун шароити зиндагии мардум паст аст, нархҳо баланд ҳастанд. Ин шароитро танҳо бо барномаҳои нав ҳал кардан мумкин аст.

Шокирҷон Ҳакимов, муъовини раҳбари ҳизби сусиёл демукроти Тоҷикистон

Image caption Ҳакимов: "Фикр намекунам дар интихобот зиёда аз 80 фоизи интихобкунандагон ширкат карда бошанд"

Қаблан маълум буд, ки интихобот ба фоидаи Эмомалӣ Рамон ҳал мешавад, ва фақат масъала дар ин буд, ки ба дигар номзадҳо ба ин мақом, ки қаблан бо маъмурияти президент мувофиқа шуда буданд, чанд фоизи раъйро медиҳанд.

Бо дарназардошти таҷрибаҳои қаблӣ ин ҳизбҳо минбаъд дар порлумон ва кобинаи давлат чанд ҷой мегиранд. Ин кафолат низ шудааст.

Боиси ниигаронӣ як чиз аст, ки ин интихоботро низ доираҳои наздик ба раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон натавонистанд баҳри таҳкими ниҳодҳои демукротӣ, барои боло бурдани ҳуқуқи сиёсии шаҳрвандон истифода баранд.

Ман фикр намекунам, ки воқеъан зиёда аз 80 фоизи интихобкунандагон бо дарназардошти тақрибан яку ним милиюн муҳоҷирони корӣ, дар интихобот ширкат карда бошанд. Зеро дирӯз дар Русия рузи корӣ буд ва онҳо наметавонистанд ба раъйдиҳӣ биоянд.

Интихобот аз оғоз шаффоф набуд, озод набуд, натиҷаи он аз қабл мувофиқа шуда буд ва ҳамонро эълон карданд.

Ойниҳол Бобоназарова, номзади сабтиномнашудаи Иттиҳодияи нерӯҳои ислоҳталаби Тоҷикистон

Image caption Бобоназарова: Раъйи 210 ҳазор нафар, ки барои номзадҳои дигар имзо доданд куҷо шуд?

Агар натоиҷи интихобот рост бошад, пас масалан агар демукротҳо 38 ҳазор раъй гирифта бошанд ва ё дигараш 58 ҳазор раъй овард, пас куҷо ҳастанд, он 210 ҳазор тарафдоре, ки барояшон барои номзад шудан имзо доданд?! Хуб агар тасаввур кунем, ки даҳ ҳазори ин афрод фикрашонро иваз карда бошанд, пас 200 ҳазори дигар куҷо шуданд?

Ин барои ман хеле таъаҷҷубовар аст. Ин як ва дигар аз ин бар меояд, ки пас Кумисиюни интихобот онҳоро бидуни доштани ин раъй сабти ном кардааст.Аз сӯйи дигар ман фикр мекунам, ки кумунистҳо раъйи бештар гирифтаанд. Зеро вақте ман бо мардум сӯҳбат мекардам, мардуми зиёде аз онҳо тарафдорӣ мекарданд. Ман мутмаъинам, ки онҳо раъйи бештар аз ончи эълом шуд, доштанд.

Дар мавриди мушорикат дар интихобот ман мутмаъин нестам, зеро дар бархе расонаҳо дидем, ки як модар барои чанд писараш, ки дар Русия муҳоҷиранд, рафта раъй додааст. Муҳоҷирони мо бо шиносномаҳои хориҷӣ ба Русия мераванд ва имкон дорад, ки шиносномаҳои тоҷикии муҳоҷирони мо дар инҷо барои раъдиҳӣ истифода шуда бошад.

Ҳафт соли оянда ба назари ман хеле ҷиддӣ ва мушкил хоҳад буд. Мутаасифам, ки ин интихоботро натавонистем дар якҷоягӣ барои ислоҳот истифода кунем. Бояд бигӯям, ки мо мухолифони таҳаммулгаро ҳастем. Аммо акнун мардум касони хашинтарро тарафдорӣ мекунад, ки онҳоро ба сангар даъват кунанд. Мутаасифона давлат чунин шароитро ба вуҷуд овард, ки мо биравем ва ба ҷойи мо гурӯҳҳои дигаре хоҳанд омад, ки зеҳният ва равиши мутафовит ва хашинтар аз моро хоҳанд дошт.

Мардум диданд, ки мо таҳаммулгаро ҳастем ва ба қонун бовар дорем, вале ин натиҷа надод ва акнун дунболи он гурӯҳҳо хоҳанд рафт.