Додоев: То соъати шаш беш аз 80 дарсад дар интихобот ширкат карданд

  • 6 Ноябр, 2013
интихобот
Image caption Масъулони кумисиюни марказии интихобот гуфтанд, ки натоиҷи аввалияи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ, 7-уми ноябр эълом хоҳад шуд

Тибқи иттилоъи масъулони Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон то соъати шаши 6-уми ноябр 80,3 дарсади раъйдиҳандагон ба марокизи интихоботӣ рафта ва раъйи худро ба сандуқҳои раъйгирӣ андохтанд.

Дар ин бора Абдуманон Додоев, раҳбари дастгоҳи Кумисиюни интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон тавассути телевизиюни давлатии ин кишвар иттилоъ дод.

Ӯ гуфт ки, тибқи иттилоъи кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ аз ҳавзаҳои интихоботӣ, то соъати шаши бегоҳ 3 милюну 380068 нафар аз 4 милюну 34 ҳазор нафар аз воҷидини шароити раъй, пойи сандуқҳои раъй рафтаанд.

Ин кумисиюн дар бораи мушорикати раъйдиҳандагон аз миёни муҳоҷирони тоҷик дар Русия, ки теъдоди онҳо мавзӯъи баҳси миёни давлат ва мухолифон аст, дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳануз ҳеҷ иттилоъе надодааст.

Ин дар ҳолест, ки манобеъи ғайрирасмӣ мегӯянд, муҳоҷирони тоҷик дар Русия беш аз як милюн нафар буда ва бахши қобили мулоҳизаи раъйдиҳандагонро ташкил медиҳанд.

Аммо Абдуманон Додоев, раҳбари дастгоҳи Кумисиюни марказии интихобот ба Би-би-сӣ як ҳафта қабл гуфта буд, ки то рӯзи баргузории интихобот бахши аслии муҳоҷирон ба Тоҷикистон бармегарданд ва дар рӯзи интихобот ҳудуди 260 ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар Русия боқӣ хоҳад монд.

Image caption Абдуманон Додоев, раҳбари дастгоҳи Кумисиюни марказии интихобот ба Би-би-сӣ як ҳафта қабл гуфта буд, ки то рӯзи баргузории интихобот бахши аслии муҳоҷирон ба Тоҷикистон бармегарданд ва дар рӯзи интихобот ҳудуди 260 ҳазор шаҳрванди ин кишвар дар Русия боқӣ хоҳад монд.

Зимнан кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон интихоботи раёсати ҷумҳурии ин кишварро дар соъати дуи баъд аз зуҳр баргузоршуда эълом кард. Тибқи иттилоъи ин кумисиюн то соъати дуи баъд аз зуҳри 6-уми ноябр беш аз нисфи раъйдиҳандагон ба пойи сандуқҳои раъй рафтаанд.

Дар ин бора Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон дар нишасти хабарии худ хабар дод.

Ӯ гуфт: "Шумораи умумии интихобкунандагон, ки то соъати 14:00 дар 68 ҳавзаи интихоботии кишвар дар интихобот ширкат карданд 2 милюну 862163 нафар аст. Тибқи қонуни интихоботи Тоҷикистон дар сурате, ки беш аз нисфи интихобкунандагон (воҷидини шароити раъй) дар интихобот ширкат кунанд, интихобот баргузоршуда эътироф мешавад. Ва аз рӯйи маълумоте, ки ба дасти мо расидааст, интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон баргузоршуда ҳисоб мешавад."

Қаблан кумисиюни интихоботи Тоҷикистон теъдоди умумии раъйдиҳандагон дар кишварро чаҳор милюну 34 ҳазор нафар эълом карда буд.

Оқои Шоҳиён гуфт, ки то ин соъат (14:00) ҳеҷ шикояти катибие ба кумисиюни марказии интихобот ворид нашуда ва фақат як "аризаи шифоҳие" дар мавриди сабти нодурусти ном шудани як сокин ворид шудааст.

Масъулони кумисиюн гуфтанд, ки натоиҷи аввалияи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон пагоҳ, 7-уми ноябр эълом хоҳад шуд.

Интихоботи ором ва "дар сатҳи боло"

Раиси Кумисиюни интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон гуфт, ки нозирони байналмилалии интихоботи раёсати ҷумҳурии кишвар раванди интихоботро мусбат ва "дар сатҳи боло" арзёбӣ кардаанд.

Тибқи иттилоъи Кумисиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон беш аз 500 нозири байналмилалӣ барои назорат бар раванди интихобот вориди ин кишвар шудаанд.

Телевизиюни давлатии Тоҷикистон дар рӯзи интихобот мусоҳибаҳои бархе аз нозирони маҳаллиро нишон медиҳад, ки мегӯянд интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар марокизи интихоботӣ бидуни нақзи қонун, шаффоф ва озодона баргузор мешавад.

Бо ин вуҷуд хабарнигорони Би-би-сӣ ва расонаҳои дигар аз мавориди мухатлифи нақзи қонуни интихобот дар марокизи раъйгирӣ гузориш кардаанд.

Аз ҷумла дар бархе аз марокизи раъйдиҳандагоне, мушоҳида шудаанд ки барои чандин нафар, умдатан барои аъзои хонаводаҳои худ раъй медоданд.

Бо ин ҳол, Сергей Лебедев, раиси ҳайъати нозирони кишварҳои мустақили ҳамсуд низ ба хабаргузории РИА Новости раванди интихоботро мусбат арзёбӣ кардааст.

Ӯ гуфтааст: "Мо аз чандин маркази раъйгирӣ дар шаҳри Душанбе дидан кардем ва дар ҳама ҷо интихобот оромона ва ба сурати созмонёфта ҷараён дорад."

Ӯ афзудааст, ки ширкати раъйдидандагон дар ин марокиз "фаъъол буда ва чиҳил дарсадро ташкил медод, ки ин воқеъият ба омори нашршуда мувофиқат мекунад.

Қарор аст нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо баҳои худро ба раванди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ пагоҳ, 7-уми ноябр эълом кунанд.

Интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи шашуми ноябр, соъати 6-и субҳ оғоз шуд. Ба гуфтаи масъулони кумисиюни интихобот 3151 маркази (участкаи) раъйгирӣ дар шаҳру навоҳии кишвар дарҳои худро ба рӯйи раъйдиҳандагон боз кардаанд.

Тибқи иттилоъи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ 61 маркази раъйгирӣ дар кишварҳои хориҷӣ, аз ҷумла, 24 марказ дар шаҳрҳои бузурги Русия, ки садҳо ҳазор тан аз муҳоҷирони кории тоҷик дар он ҷо кору зиндагӣ мекунанд, боз шудааст.

Интихоботи "бидуни мухолифон"

Дар интихоботи феълии раёсати ҷумҳурӣ дар канори Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии кунунӣ, Исмоъил Талбаков аз ҳизби кумунист, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сусиёлист, Сайидҷаъфар Исмонов аз ҳизби демукрот, Олим Бобоев аз ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ ва Толиб Бухориев аз ҳизби кишоварзӣ барои мақоми раиси ҷумҳурӣ бо ҳам рақобат мекунанд.

Ба далели ҷамъоварӣ накардани имзоҳои мавриди ниёзи (210 ҳазор) тарафдоронаш Ойниҳол Бобоназарова, номзади мухолифон ба унвони номзад дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ сабти ном нашуд ва аз корзори интихоботӣ хориҷ гардид.

Ба эътиқоди коршиносон ва чеҳраҳои сиёсии Тоҷикистон, дар пайи хуруҷи Ойниҳол Бобоназарова, номзади мухолифон аз корзори интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, “интригаи интихобот” аз баён рафта ё ба қавле “танӯри интихобот сард шудааст.”

Таҳрими интихобот аз сӯйи мухолифон

Зимнан, ҳизби сусиёл-демукрот ба раҳбарии Раҳматилло Зойиров, ҷиноҳи сабтиномнашудаи Мирҳусейн Назриев дар ҳизби сусиёлист, ҷунбиши "Ватандор" ва созмони мухолифи мавсум ба "Гурӯҳи 24" интихоботи раёсати ҷумҳуриро таҳрим карда ва аз тарафдорони худ хостаанд, ки дар интихобот ширкат накунанд.

Ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон, низ пештар эълом карда буд, ки аз ширкат дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр худдорӣ мекунад, ҳарчанд онро "таҳрим" намекунад.

Дар ҳамин ҳол, Каромат Шарифов, раҳбари Ҷунбиши "Муҳоҷирони кории тоҷик" дар Русия аз муҳоҷирони корӣ даъват кардааст, ки бо аҳли хонаводаи худ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат кунанд.

Дар муроҷиъатномаи оқои Шарифов, ки рӯзи чоршанбеи 6 ноябр, дар сойти интернетии Ҷунбиши "Муҳоҷирони кории тоҷик" мунташир шудааст, омадааст: "Нашояд аз масъулияти шаҳрвандии худ сарфи назар кард. Зеро дар сурати ширкат накардан дар маъракаи раъйдиҳӣ замина барои тақозо аз раиси ҷумҳурии Тоҷикистон барои иҷрои тааҳҳудоташ ва барномаҳояш аз миён хоҳад рафт."

Зимнан, дар рӯзи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дастрасии корбарони интернет дар ин кишвар ба бархе аз сойтҳои иттилоъотӣ бавижа хабаргузории "Озодагон" ва сойти видиюии Ютуб қатъ шудааст.

Матолиби муртабит