Тамҷиди нозирони кишварҳои ҳамсуд аз интихоботи Тоҷикистон

Ҳайъати нозирон аз Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд эълом кард, ки ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар фазои демукротик ва бо ширкати номзадҳои олтернотив доир шуд.
Раиси ин ҳайъат як рӯз пас аз баргузории интихобот дар нишасте хабарӣ гуфт, ки дар маҷмӯъ, ин интихобот дар фароянди демукротиза дар Тоҷикистон нақши муҳимме ифо хоҳад кард.
Сергей Лебедев рӯзи панҷшанбеи 7 ноябр гуфт, ки барои назорат бар ҷараёни рақобатҳо ва раъйдиҳӣ 10 кишвари узви ин созмон намояндагони худро ба Тоҷикистон эъзом карда буданд.
Вай афзуд: "Ин интихобот дар муқоиса бо интихоботи қаблӣ дар Тоҷикистон бар асоси қонуни мавҷуда созмонёфтар буд. Нозирони мо навоқиси ҷиддиеро, ки метавонист дар натиҷаи раъйдиҳӣ таъсир гузорад, мушоҳида накарданд, ба истиснои чанд маврид, ки он ҳам бештар ҷанбаи фаннӣ дошт. Барои мисол, дар бархе аз марокиз мо мушоҳида кардем, ки ду нафар ҳамроҳ ба утоқи раъй ворид мешуданд."
Аммо ба гуфтаи оқои Лебедев, масъулони марокизи раъйгирӣ ин навоқисро бамавқеъ рафъ кардаанд ва раъйдиҳӣ барои интихобот "аз назари мо, дар фазои озод гузашт."
Натиҷагирии мусбати нозирони интихоботӣ аз Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд дар ҳолест, ки хабарнигорон аз тахаллуфоти густардаи интихоботӣ дар ҷараёни раъйгирӣ гузориш кардаанд.
Бештари ин тахаллуфот ба раъй додани як нафар ба ҷойи чандин узви хонавода марбут будааст. Аз ҷумла, афроди зиёде дида шудаанд, ки дар даст ду ва бештар аз он шиноснома доштанд ва мегуфтанд, ки аз номи худ ва шавҳару бародар ва пайвандони дигарашон раъй додаанд.
Шаби гузашта як хабарнигори маҳаллӣ дар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук навишт, ки масъулони яке аз марокизи раъйгирӣ дар шаҳри Душанбе раъйи ӯро "дуздидаанд."
Ба навиштаи ин хабарнигор, замоне ки барои додани раъй ба маркази раъйгирӣ рафта, масъулон гуфтаанд, ки падараш ба ҷойи ӯ раъй додааст. Аммо падараш дар суҳбате телефунӣ ин иддаъоро рад карда ва дар натиҷа, ошкор шудааст, ки масъулони маркази раъйгирӣ худашон ба ҷойи ӯ раъй додаанд.
Бори аввал нест, ки нозирони интихоботӣ аз Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд фароянди баргузории интихоботҳо дар Тоҷикистонро шаффоф ва демукротик арзёбӣ мекунанд. Дар гузашта низ онҳо назароти мушобеҳе дар бораи интихоботҳои порлумонӣ ва раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ироа додаанд.
Ба рағми онҳо, нозирони Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо то кунун ҳеч як аз интихоботҳои Тоҷикистонро, ки дар 21 соли зимомдории Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуданд, демукротик ва шаффоф нахондаанд.
Нозирони урупоӣ ҳамвора аз тахаллуфоти густарда ва нақзи қонуни интихобот ва мавозини байналмилалӣ дар бораи интихоботи демукротик дар Тоҷикистон интиқод кардаанд. Мақомоти тоҷик, ба навбаи худ, ин интиқодотро пайваста нодида гирифтаанд.
