Қурғонтеппа: Номи Раҳмон дар таронаҳои даъват ба интихобот

  • 6 Ноябр, 2013
Маркази раъйдиҳӣ дар Қурғонтеппа
Image caption Масъулони марокизи раъйгирӣ ба бархе аз интихобкунандагон иҷоза доданд, ки ба ҷойи аъзои дигари хонаводаҳояшон раъй бидиҳанд

Субҳи рӯзи 6 ноябр бисёре аз сокинони шаҳри Қурғонтеппа, маркази вилояти Хатлон, ва бархе аз рустоҳои ноҳияи Бохтари ин вилоят бо садои овозхонҳои маҳаллӣ, ки таронаҳои шодро иҷро мекарданд, аз хоб бедор шуда ва ба марокизи раъйгирӣ рафтанд.

Бештар дар ин марокиз таронаҳо дар мавзӯъи ваҳдат, истиқлол ва меҳнпарастӣ садо медод ва ҳатто дар бархе аз ин таронаҳо исми Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии феълии Тоҷикистон ва яке аз шаш номзади интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, низ зикр мешуд.

Ин дар ҳолест, ки дар рӯзи интихобот фаъъолияти таблиғотии номзадҳо мамнӯъ аст. Ҳамчунин, пустерҳои ҳовии аксҳои оқои Раҳмон дар бархе аз деворҳои корхонаҳо ба назар мерасиданд.

Субҳи рӯзи интихобот вориди яке аз марокизи раъйгирӣ дар шаҳри Қурғонтеппа шудам. Бархе аз сокинони бузургсол ба назди сандуқҳои раъй бо фарзандони ноболиғашон меомаданд. Як ҳамсуҳбатам гуфт, ки онҳо шояд барои кӯдакон дарси ширкат дар зиндагии сиёсии кишварро меомӯзонданд.

Дар ин марказ мардуми зиёде дар муқоиса бо интихоботи порлумонии се сол қабл таҷаммӯъ карда буданд. Ба ин хотир, чунин ба назар мерасид, ки мушорикати мардум дар раъйдиҳӣ дар ин марказ густарда аст.

Вале занеро дидам, ки дар дасташ се даъватнома дошт ва ба масъулин мегуфт, ки бархе аз аъзои хонаводааш наметавонанд ба маркази раъйгирӣ оянд, чун дар манзилашон воқеъаи нохуше рух додааст.

Масъулони маркази раъйгирӣ низ баъд аз берун рафтани ду нозири байналмилалӣ аз марказ ба зан иҷоза доданд, ки ба ҷойи аъзои хонаводааш раъй бидиҳад.

Аз сӯйи дигар, бархе аз хабарнигорон, ки дар марокизи дигари раъйгирӣ бар ҷараёни интихобот назорат мекарданд, гуфтанд, ки дар ин марокиз ҳам мавориди густардаи раъйдиҳии як нафар ба ҷойи чанд узви хонаводаро мушоҳида кардаанд. Дар ҳамаи маворид масъулони марокизи раъйгирӣ иҷозаи раъйдиҳӣ ба ҷойи чанд нафарро ба интихобкунандагон додаанд.

Image caption Бархе аз сокинони бузургсол ба назди сандуқҳои раъй бо фарзандони ноболиғ меомаданд

Рустами Сафар, яке аз ин хабарнигорон, гуфт : “Дар донишгоҳи шаҳри Қурғонтеппа аз бесаводии мардум истифода карданд ва як масъули маркази интихоботӣ дар ин макон ба мардум мегуфт, ки ба ин “нафар” раъй диҳед ва панҷ нафар номзади дигарро хатти бутлон занед. Ба ин нафар гуфта, номи Эмомалӣ Раҳмонро дар барга нишон медод.”

Як сокини шаҳри Қурғонтеппа, ки аз зикри номаш худдорӣ кард, баъд аз он ки баргаи раъйро ба сандуқ андохт, гуфт, ки интихоби раиси ҷумҳурӣ барои ӯ аҳаммияти зиёде дорад.

Фарзонаи Маҳмадулло, сокини шаҳри Қурғонтеппа, ки бори аввал дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ширкат мекунад, гуфт, ки ҳануз ба раъйдиҳӣ нарафтааст, аммо аз номзади арзандае ҷонибдорӣ мекунад. Вай афзуд, ки аз миёни номзадҳо танҳо Эмомалӣ Раҳмонро мешиносад.

Хонуми Маҳмадулло афзуд: “Барои ман дигар номзадҳо аҳаммият надоранд. Ҳамеша мешунавам, ки Эмомалӣ Раҳмон корҳои хуберо барои мардуми тоҷик анҷом дода ва аз ин рӯ, бояд ӯро дастгирӣ кунем.”

Баъзе аз сокинони дигари шаҳри Қурғонтеппа, ки аз онҳо посух ба суол дар бораи интихоботро меҷустам, дар робита бо ин рӯйдод чизе намегуфтанд ва хомӯшона аз канорам рад мешуданд.

Сокинони чанде аз рустоҳои ҳаволии шаҳри Қурғонтеппа, ки дар рӯбарӯям дар шаҳр бо онҳо дучор шудам, мегуфтанд, ки раиси ҷумҳурии "зарурӣ" бидуни раъйи онҳо низ интихоб мешавад.

Аммо Аҳдия, як сокини 60–солаи маркази вилояти Хатлон, гуфт, ки ба хотири ҳамин рӯзи интихобот аст, ки ба хонаашон гармӣ ва рушноӣ омадааст.

Иддае аз занон дар ноҳияи Бохтар низ аз он хушнуд буданд, ки ба хотири интихоботи раёсати ҷумҳурӣ онҳо дар хонаашон ду рӯз боз нерӯи барқ доранд, аз ин рӯ онҳо аз доир шудани ин тадбир шод шудаанд.

Дар солҳои гузашта аз аввали моҳи октябр то моҳи апрел интиқоли нерӯи барқ ба манозили сокинон дар манотиқи мухталифи Тоҷикистон башиддат маҳдуд мешуд ва мардум дар тӯли рӯз танҳо се-чаҳор соъат ба нерӯи барқ дастрасӣ доштанд.

Матолиби муртабит