Раҳмон барои ҳафт соли дигар раисҷумҳур шуд

  • 7 Ноябр, 2013
Раҳмон
Image caption Оқои Раҳмон, ки тайи 21 соли гузашта зимоми қудратро дар дошт, барои як давраи ҳафтсолаи дигар раисҷумҳур шуд

Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсии Тоҷикистон аз пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии кунунӣ ва номзад аз ҳизби ҳокими халқи демукрот, дар интихобот хабар дод.

Шермуҳаммади Шоҳиён, раиси Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ, рӯзи панҷшанбеи 7 ноябр дар як нишасти хабарӣ эълом кард, оқои Раҳмон дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябр 83,6 дарсад аз орои умумиро ба даст овардааст.

Ба гуфтаи ӯ, ба ҷонибдорӣ аз Эмомалӣ Раҳмон беш аз се милюну 230 ҳазор нафар аз интихобкунандагон раъй додаанд. Оқои Шоҳиён ҳамчунин гуфт, ки панҷ дарсад аз орои умумиро Исмоил Талбаков, номзади Ҳизби кумунисти Тоҷикистон, ба худ ихтисос додааст.

Толиббек Бухориев, номзади ҳизби кишоварзӣ, 4,5 дарсад, Олим Бобоев, номзади ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ, 3,8 дарсад, Абдуҳалим Ғаффоров аз ҳизби сусиёлист, 1,5 дарсад ва Саидҷаъфар Исмонов, номзади ҳизби демукрот, як дарсад аз орои умумиро ба даст овардаанд.

Оқои Шоҳиён гуфт, ки аз миёни беш аз 4 милюну 200 ҳазор интихобкунанда беш аз се милюну 640 ҳазор дар интихобот ширкат карданд, ки ин рақам беш аз 86 дарсад эълом шудааст. Вай гуфт, ки мушорикати мардум дар интихобот "фаъъолона" будааст.

Ба гуфтаи Кумисиюни марказии интихобот ва ҳамапурсӣ, беш аз 500 нозири хориҷӣ ва беш аз 5000 нозири дохилӣ бар ҷараёни интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон назорат мекарданд.

Ҳануз нозирони хориҷӣ дар бораи тахаллуфот ва тақаллуботи эҳтимолӣ дар интихобот ибрози назаре накардаанд. Аммо манобеъи Кумисиюни интихобот ва ҳамапурсӣ гуфтаанд, ки дар ҷараёни раъйдиҳӣ ҳеч мавриди ҷиддии нақзи қонун мушоҳида нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки бисёре аз хабарнигорони расонаҳои дохилӣ ва хориҷӣ дар Тоҷикистон, ки дар марокизи раъйдиҳӣ қарор доштанд, аз мавориди зиёди нақзи қонуни интихоботӣ, бавижа раъйдиҳии як фард ба ҷойи чанд кас хабар додаанд.

Аз ҷумла, дар бархе аз марокизи раъйдиҳӣ дар шаҳри Душанбе ва шаҳри Қурғонтеппа мушоҳида шудааст, ки бархе аз раъйдиҳандагон чанд баргаи раъйро ба сандуқҳо рехтаанд.

Аз сӯйи дигар, бисёриҳо бо таваҷҷуҳ ба набуди номзаде қавӣ дар баробари оқои Раҳмон гуфтаанд, ки барандаи ин интихобот аз қабл маълум будааст.

Ойниҳол Бобоназарова, номзади ҳизби наҳзати исломӣ, ки аз ҳимояти гурӯҳҳо ва аҳзоби дигари мухолиф низ бархурдор буд, ба далели нокомӣ дар ҷамъоварии имзоҳои тарафдоронаш аз рақобатҳо хориҷ шуд.

Эмомалӣ Раҳмон, ки дар айни даргириҳои ҷанги дохилӣ дар пойизи соли 1992 ба қудрат расида ва тайи 21 соли гузашта зимоми умурро дар дошт, ҳамакнун барои як давраи ҳафтсолаи дигар раиси ҷумҳур шуд.

Бархе аз мухолифон ва мунтақидони ӯ, аз ҷумла Раҳматилло Зойиров, ҳуқуқдони саршинос ва раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, машрӯъияти номзадии оқои Раҳмонро дар ин интихобот зери суол бурдааст.

Матолиби муртабит