Таъкиди Омрико ба “навоқиси ҷиддӣ” дар интихоботи Тоҷикистон

  • 8 Ноябр, 2013
Интихобот
Image caption Омрико ба вуҷуди навоқиси ҷиддӣ дар интихоботи Тоҷикистон ишора кардааст

Вазорати хориҷаи Омрико гуфтааст, раъйдиҳандагони Тоҷикистон дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ имкони воқеъии интихобро надоштанд.

Ҷен Псакӣ, намояндаи ин вазорат, рӯзи панҷшанбеи 7 ноябр, дар Вошингтун гуфтааст, ширкат надоштани номзади мухолифон ин интихоботро камранг сохта ва рақобати ҷиддиро аз миён бурдааст.

Хонуми Псакӣ ба навоқиси ҷиддӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон ишора карда ва гуфтааст, ки мавориди раъйдиҳии як нафар барои аҳли хонавода ва ду-се маротиб раъй додани як нафар ба мушоҳида расидааст.

Ӯ аз давлати Тоҷикистон хостааст, ки барои рафъи ин навоқис ҷиддан талош карда, қонунгузорӣ дар бораи интихоботро бар асоси тавсияҳои Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо (САҲУ) ислоҳ ва шароитро барои ширкати озоди расонаҳо дар интихобот фаро ҳам кунад.

Ҳамзамон, Вазорати хориҷаи Омрико аз ширкати нозирони байналмилалӣ, аз ҷумла нозирони САҲУ, дар ин интихобот ибрози қаноъатмандӣ кардааст.

Ин вазорат натиҷагириҳои нозирони САҲУ аз раванди интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Тоҷикистонро воқеъбинона хонда ва гуфтааст, ки дар интихоботи қаблӣ дар ин кишвар тавсияҳо барои беҳбуди наҳваи баргузории интихобот дода шуда, аммо ин тавсияҳо нодида гирифта шудаанд.

Зимнан, ҳайъати нозирони Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Урупо рӯзи панҷшанбеи 7 ноябр дар як нишасти хабарӣ дар Душанбе аз тахаллуфоти ҷиддӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон интиқод кард.

Аз ҷумла, Пороскиво Бодеску, раҳбари ҳайъати нозирони САҲУ, ба адами рақобати ҷиддӣ дар интихобот ва дар маркази таваҷҷуҳ қарор гирифтани номзади ҳизби ҳокими халқи демукрот дар корзори интихоботӣ ишора кард.

Ҳамчунин, нозирони САҲУ фароҳам нашудани шароит барои ширкати муҳоҷирони кории тоҷик дар хориҷи кишвар барои ҷамъоварии имзо ба тарафдории номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳуриро навъе нақзи ҳуқуқи ин афрод арзёбӣ карданд.

Ин дар ҳолест, ҳайъати нозирони Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд дар нишасте матбуъотӣ дар шаҳри Душанбе интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро озод, шаффоф ва демукротик арзёбӣ карданд, ки бо ширкати рақибон баргузор шудааст.

Дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рӯзи чаҳоршанбеи 6 ноябр баргузор шуд, Эмомалӣ Раҳмон бо касби 83,6 дарсади орои умумӣ дар миёни 5 рақиб пирӯз ва дар мақоми худ ибқо шуд.

Дар ҳамин руасои ҷумҳурии Белорус, Ӯзбакистон, Чин, Қазоқистон, Русия, Озарбойҷон, Туркманистон, Афғонистон ва Эрон зимни барқияҳо Эмомалӣ Рамонро бо интихоби муҷаддад ба мақоми раиси ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфтаанд.

Аз ҷумла, дар барқияи шодбошии Ҳасани Рӯҳонӣ, раиси ҷумҳурии Эрон омадааст: “Ин интихоби муҷаддад, фурсатеро барои самарабахшии талошҳои масъулини Ҷумҳурии Исломии Эрон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ шудани барномаҳои дар дастури кори миёни ду кишвар фарохам хоҳад намуд.”

Матолиби муртабит