Ҳафт соли дигар бо Раҳмон: Рози бақои қудрати ӯ чист?

  • 8 Ноябр, 2013

"Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, тарафдор 3 милюну 23 ҳазору 754 нафар ё ин ки 83.6 дарсад..."

Бо ин суханони раиси Кумисиюни марказии интихоботи Тоҷикистон, ки аз миёни шаш номзад танҳо номи Эмомалӣ Раҳмонро бо лақаби "муҳтарам" зикр кард, раиси ҷумҳурии феълии Тоҷикистон барои ҳафт соли дигар бар курсии худ мондагор шуд. Хабаре, ки касеро шигифтзада накард ва ҳама интизори шуниданашро доштанд.

Вокуниши нозирони байналмилалӣ ҳам қобили интизор буд. Дуруст ба монанди интихоботҳои қаблӣ, нозирон аз Ҷиргаи Кишварҳои Ҳамсуд онро "шаффоф ва демукротик" донистанд, дар ҳоле ки нозирон аз Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо дам аз навоқиси он мезаданд ва ин ки интихобот бо мавозини байналмилалӣ созгор набуд ва "дар корзори интихоботӣ таваҷҷуҳ ба як номзад бештар буд."

Таваҷҷуҳи бештар ба як номзад, яъне Эмомалӣ Раҳмон, дар тӯли давраи интихобот дар шиъорҳои хиёбонӣ ва барномаҳои родию ва телевизиюни Тоҷикистон машҳуд буд. Бисёре аз сохтмонҳои давлатӣ ҳам шиъорҳое ба тарафдорӣ аз номзадии Эмомалӣ Раҳмон бар сардари худ доштанд ва аз барномаҳои интихоботӣ ва аксу шиъорҳои номзадҳои дигар хабаре набуд.

Оё рақибе буд?

Аммо ба бовари таҳлилгарони масоили Тоҷикистон, агар ҳатто интихобот баростӣ шаффоф ва мунсифона баргузор мешуд, боз ҳам Эмомалӣ Раҳмон аз ин масоф пирӯз берун меомад. Чун дар миёни панҷ рақиби ӯ ҳеҷ номзаде набуд, ки дар ҷомеъа ҷойгоҳи қобили мулоҳизае дошта бошад, ё дастикам бо эроду интиқод аз сиёсатҳои давлати феълӣ шинохта шуда бошад.

Танҳо номзаде, ки омада буд сиёсатҳои оқои Раҳмонро ба чолиш бикашад, ба даври рақобатҳо роҳ наёфт. Панҷ номзаде, ки гӯё бо ҷамъоварии 210 ҳазор имзо салоҳияти номзадӣ ёфта буданд, ҳеҷ як натавонистанд дастикам 200 ҳазор раъй оваранд.

Афзун бар ин, чеҳраҳои аслии мухолифи давлат ё ба монанди Муҳаммадрӯзӣ Искандаров, раҳбари пешини ҳизби демукрот, дар зиндонҳо давраи маҳкумияташонро тай мекунанд ё ба монанди фаъъолони ҳизби наҳзати исломӣ аз шӯру шарри интихобот худро канор кашидаанд.

Чеҳраҳое ҳам буданд, ки мехостанд дар остонаи интихобот вориди арсаи сиёсӣ шаванд. Ба монанди Зайд Саъидов, намояндаи маҷлиси шаҳри Душанбе, ки акнун дар зиндон аст ва Умаралӣ Қувватов, ки ба дархости давлати Тоҷикистон дар Имороти Муттаҳидаи Арабӣ боздошт шуда буд ва ахиран озод шуд. Ҳар ду қасд доштанд ташаккулҳои сиёсӣ созмон диҳанд.

Шуморе аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки тарсими Эмомалӣ Раҳмон ба унвони мунҷии (наҷотдиҳандаи) миллат, танҳо фарди сазовори раҳбарӣ ва зомини сулҳу сабот тавассути дастгоҳи таблиғотии давлат, бовари бахши аъзами мардум ба ин тасвир ва ҷилавгирии давлат аз зуҳури чеҳраҳои сиёсии матраҳ рози бақои қудрати оқои Раҳмон аст.

Дар саҳнае, ки аз рақиби воқеъӣ холӣ аст, Эмомалӣ Раҳмон барои чаҳорумин бор баранда шуд ва қарор аст то соли 2020-и мелодӣ бар маснадаш бимонад. Агар Қонуни асосӣ дигарбора тағйир накунад, ин охирин давраи раёсати ҷумҳурии ӯст.

Дар барномаи интихоботияш қавл дода, ки бо эҳдоси беш аз 200 воҳид корхона шуморе аз муҳоҷирони кориро ба хона баргардонад, бо баргузориии ҳамапурсӣ ҳукми эъдомро лағв кунад ва хидмати сарбозиро, ки феълан иҷборӣ аст, қарордодӣ кунад.

Мунтақидони ӯ, ки пирӯзияшро пазируфтаанд, интизор доранд оқои Раҳмон бо ислоҳи сохтори қудрат дар Тоҷикистон, порае аз ихтиёроти раиси ҷумҳурро ба порлумон ва нахуствазир вогузор кунад ва истиқлоли қувои муқаннана (қонунгузор) ва қазоия (додгоҳ) аз муҷрияро (ҳукумати иҷроӣ) таъмин кунад.

Дар сурати раёсати ҷумҳурии оқои Раҳмон то соли 2020 давраи ҳукумати ӯ дарозтарин давраи зимомдорӣ дар Тоҷикистон хоҳад буд. Бисёре аз коршиносон нигаронанд, ки набуди имкони тағйири давлат аз роҳи интихобот ва тадовуми қудрати як фард барои 28 сол метавонад ба яъсу ноумедии нерӯҳои сиёсии дигар биянҷомад ва ҷомеъаро ба партгоҳи родиколисм савқ диҳад.

Матолиби муртабит