Номаи таслиятии Раҳмон ба Владимир Путин

  • 30 Декабр, 2013

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар номаи таслиятӣ ба Владимир Путин, ҳамтои руси худ гуфтааст, ки тоҷикон аз амали ваҳшиёнаи теруристӣ, ки дар роҳи қатори Волгоград рух додааст, андӯҳгин ҳастанд.

Оқои Раҳмон дар ин нома ҳамдардии мардуми Тоҷикистонро ба пайвандони тамоми қурбониёни ин воқеъа фирситода ва таманнои базудӣ беҳбуд ёфтани саломати афроди захмӣ дар ин воқеъаро кардааст.

Номаи таслиятии Президент Раҳмон, рӯзи душанбе 30 декабр дар сойти расмии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон мунташир шудааст.

Вале дар он дар мавриди шаҳрвандони Тоҷикистоне, ки дар ин воқеъа захмӣ ва кушта шудаанд, иттилоъе пахш нашудааст.

Ин дар ҳолест, ки расонаҳо аз қавли манобеъи расмӣ гуфтаанд, ки дар ин инфиҷори Волгоград, Тошпӯлод Назаров, сокини 53 солаи Турсунзода ҷони худро аз даст дода ва Раҳмоналӣ Ғозиев, сокини 42 солаи Душанбе ҷароҳати сангин бардошта ва дар бемористоне дар Волгоград бистарӣ шудааст.

Вазорати кори Тоҷикистон ба хабарнигорон гуфтааст, ки намоядагони сафорати Тоҷикистон дар Русия ба маҳалли ҳодиса рафтанд ва дар мавриди он ки оё шаҳрвандони дигаре аз Тоҷикистон дар маҳалли воқеъа буданд ё хайр ба хабарнигорон иттилоъ хоҳанд дод.

Ин дар ҳолест, ки субҳи имрӯз низ дар шаҳри Волгоград утубусе мунфаҷир шуд ва беш аз 10 нафар кушта бар ҷой гузошт. То ҳол маълум нест, ки дар миёни ин афрод, аз ҷумлаи муҳоҷирони корӣ аз Тоҷикистон низ будаанд, ё хайр.