Вокуниши камсобиқаи Раҳмон ба қатли як табаъаи тоҷик дар Русия

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаи давлатӣ аз масъулони зидахл тақозо кардааст, ки ба наздикони қурбониён дар инфиҷори Волгогради Русия кумак кунанд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин таъкид кардааст, ки раванди таҳқиқи қатли фаҷеъи Шоҳҷон Раҳматшоев, як шаҳрванди Тоҷикистон дар Русия, пайваста таҳти назорат қарор дода шавад.
Президент Раҳмон дар ҷаласаи ҳайъати давлат, ки рӯзи душанбеи 30 декабр доир шуд, ҳамчунин муъовинони бархе аз вазоратхонаҳо ва кумитеҳо дар Тоҷикистонро мансуб кард.
Тавре ки торнамои раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 31 декабр хабар дод, дар ҷаласаи ҳайъати давлат ҳамчунин дурнамои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоъии Тоҷикистон баррасӣ шуд.
Оқои Раҳмон дар поёни ҷаласа ба масъулони зидахл дастур додааст, ки ба хешовандони ду фарди кушташуда дар инфиҷори рӯзи 29 декабр дар шаҳри Волгогради Русия "дасти кумак дароз кунанд."
Ҳамчунин, дар ин хабар омадааст: "Дар ҷаласа таъкид шуд, ки рафти тафтишоти қазияи куштори ваҳшиёнаи шаҳрванди дигари Тоҷикистон - Шоҳҷон Раҳматшоев, ки чанд рӯз пеш дар шаҳри Маскави Русия рух дода буд, мавриди таваҷҷуҳи пайваста қарор дода шавад."
Ин нахустин бор дар 20 соли ахир аст, ки иттилоъ дар мавриди дастури Президент Раҳмон барои кумак ба пайвандони муҳоҷирони кушташуда дар Русия пахш мешавад.
Ҳамчунин мавориде, ки оқои Раҳмон дар як ҳамоиш ба таври ошкор аз масъулони давлатӣ тақозои назорат бар таҳқиқи қатли як табаъаи тоҷик дар Русияро карда бошад, банудрат мушоҳида шудааст.
Ҳафтаи гузашта Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон низ бо додани як ёддошти эътирозӣ ба сафири Русия дар Душанбе қатли Шоҳҷон Раҳматшоевро дар Русия маҳкум кард.
Вазорати хориҷа сабаби афзоиши чунин ҷароим дар Русияро таблиғи бегонаситезӣ аз сӯйи иддае аз сиёсатмадорони родикол дар он кишвар арзёбӣ кард.
Тағйроти кодрӣ
Аз сӯйи дигар, Президент Раҳмон ба дунболи тағйири 60-дарсади курсиҳо дар кобине дар беш аз як моҳи ахир, дирӯз низ иддае аз муъовинони бархе аз вазоратхонаҳо ва кумитеҳои давлатиро барканор ва афроди ҷадидеро ба ин симатҳо интисоб кардааст.
Аз ҷумла, Лола Бобоҳоҷиева, ки мушовири бахши тандурусии дафтари раёсати ҷумҳуриро бар уҳда дошт, ба симати муъовини аввали вазири тандурустӣ ва таъминоти иҷтимоъии Тоҷикистон мансуб шуд.
Ин бор дар миёни мақомоти тозаинтисоб шумори хонумҳо бештар ба назар мерасад. Аз ҷумла аз 24 муъовини ҷадиди вазорату кумитеҳо шаш нафарашон занҳо ҳастанд.
Шарифа Худобахшова яке аз онҳост, ки муъовини раиси Идораи назорати давлатии эмании кор дар саноеъ ва арсаи маъодин шудааст. Ҳамчунин оқои Раҳмон Тоҷинисо Маҳмадоваро ба муъовинати вазири маъориф ва илми Тоҷикистон мансуб кард.
Бархе аз коршиносон мегӯянд дар миёни афроде, ки оқои Раҳмон батозагӣ барои кор дар ин ниҳодҳо истихдом кард, иддае аз афроди шоиста низ ҳастанд.
Бо ин вуҷуд, интисоби Рустами Эмомалӣ, писари худи ӯ, ба риёсати Кумитеи гумруки Тоҷикистон, интиқодоте аз сӯйи мухолифонро дар пай дошта ва бархе раиси ҷумҳуриро ба непутисм ё интисоби хешу табораш ба машоғили муҳимми идорӣ муттаҳам кардаанд.
