Раҳмон раиси вилояти Хатлонро аз симаташ барканор кард

  • 27 Ноябр, 2013
Ғайбулло Афзалов
Image caption Ғайбулло Афзалов ҳудуди 8 сол раёсати вилояти Хатлонро бар уҳда дошт

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо фармоне Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлонро ба сабаби бознишаста шудан аз симматаш барканор кард.

Тибқи иттилоъи сойти расмии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, рӯзи сешанбеи 27 ноябр ҳамчунин дар фармони дигаре Давлатшо Гулмаҳмадов, шаҳрдори қаблии Турсунзодаро ба симати иҷрокунандаи вазифаи раиси вилояти Хатлон таъйн кард.

Ғайбулло Афзалов, раёсати вилояти Хатлон, яке аз вилоёти пурнуфустарини Тоҷикистонро ҳудуди 8 сол бар уҳда доштаст.

Оқои Афзалов, зодаи ноҳияи Восеъи вилояти Хатлон қаблан намояндаи порлумони Тоҷикистон буд ва муъовинати раиси порлумон дар бахши кишоварзиро бар уҳда дошт.

Дар соли 2006 оқои Афзалов ба симати раиси ин вилоят таъйин шуд ва ӯ ки узви фаъъоли Ҳизби халқи демукроти Тоҷикистон буд аз оғози соли ҷории мелодӣ, бештарини мулоқотҳои худ бо мардуми вилояти Хатлонро ба таблиғоти фаъъолияти Эмомалӣ Раҳмон, раиси ин ҳизб ихтисос дода буд.

Бо ин вуҷуд иддае аз коршиносони иқтисодӣ мегӯянд,к и дар замони раёсати оқои Афзалов дар вилоят пешрафтҳои иқтисодие низ ба мушоҳида расидааст.

Аммо иддае дигаре аз коршиносон ӯро ба унвони як фарди дур аз диплумосӣ медонанд ва мегӯянд, ки бо кормандони зери дасти худ муносибати дағалона мекард.

Аз сӯйи дигар бисёре аз хабарнгиорони расонаҳои мустақили вилоят, оқои Афзаловро, яке аз раҳбарони "дастрас" ба хабарнигорон арзёбӣ кардаанд.

Дар ҳамин ҳол бар асоси хабари расмӣ имрӯз Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи тағйироти кодрӣ дар кобинаи давлатӣ Шариф Раҳимзода, вазири рушди иқтисод ва тиҷорат ва Нуриддин Саидов, вазирифи маъорифи Тоҷикистонро дубора ба ин вазоиф интисоб кард.

Ҳамчунин Президент Раҳмон бархе аз руасои навоҳии вилояти Хатлонро низ аз вазоифашон сабукдӯш ва афроди ҷадидро ба раҳбарии ин навоҳӣ интисоб кард.

Эмомалӣ Раҳмон, баъд аз пирӯзӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар 6 ноябри соли равон ва маросими ёд кардани савганди президентӣ дар 16 ноябр, билофосила ба ворид кардани тағйироти кодрӣ дар кобинааш оғоз кард.

Бархе аз коршиносон таъйини Қоҳир Расулзодаро ба симати нахуствазири Тоҷикистон, яке аз гомҳои муҳим дар тағйироти кодрӣ дар кобинаи Раҳмон унвон мекунанд ва мегӯянд, ки оқои Расулзода бо фаъъолияташ дар оянда метавонад дар давлат тағйроти назаррасе ворид кунад.

Вале иддаи дигаре мегӯянд, ки аз омадани афроди ҷадид ба кобинаи давлатӣ ҳеҷ тағйироти ҷадиде дар сиёсати давлати Тоҷикистон ба амал нахоҳад омад, зеро ба бовари онҳо тамоми тасмимоти ҷиддӣ дар давлати ин кишвар аз суи Президент Раҳмон гирифта мешавад.

Таҷрибаи фаъъолияти кобинаи давлати ин кишвар дар даҳаи ахир ҳокист, ки ҳеҷ яке аз мақомоти тоҷик тасмимеро, ки оқои Раҳмон иттихоз кардааст ба ҷолиш ва баҳс накашидааст.

Матолиби муртабит