Курсии мутаъаллиқ ба як минтақа: Расулзода ба ҷойи Оқилов нишаст

Раисҷумҳурии Тоҷикистон бо судури фармоне Оқил Оқиловро аз симати нахуствазири ин кишвар барканор ва бо фармоне дигар Қоҳир Расулзода, устондори собиқи Суғдро, ба ин симат мансуб кард.
Ба ҷойи оқои Расулзода, Абдураҳмон Қодирӣ кафили устондории Суғд таъйин шуд.
Бо фармонҳои дигаре, ки рӯзи шанбеи 23 ноябр содир шуданд, Азим Иброҳим, раиси собиқи Идораи заминшиносӣ, ва Марҳабо Ҷабборова, узви порлумон, ба муъовинати нахуствазири ҷадид интисоб шуданд.
Муродалӣ Алимардон, аз афроди наздик ба Эмомалӣ Раҳмон, ки қаблан муъовини нахуствазири собиқ буд, дар мақоми худ ибқо ва Руқия Қурбонова аз муъовинати нахуствазир барканор шуданд.
Махфират Хидирова ба ҷойи Сумангул Тағоева раиси Кумитаи занон таъйин шуд. Хонуми Тағоева, ки аз наздикони раисҷумҳур хонда мешавад, қаблан ба вазорати кор, муҳоҷират ва иштиғол таъйин шуда буд.
Оқои Раҳмон ҳамчунин бо судури фармонҳое бархе аз муъовинони вазири энержӣ ва захоири обро таъйин ва раисони навоҳии Ҷаббор Расулов ва Бобоҷон Ғафуров дар вилояти Суғдро барканор кардааст.
Тағйирот дар кобинаи давлати Тоҷикистон пас аз оғози чаҳорумин даври ҷадиди раёсати ҷумҳурии Эмомалӣ Раҳмон, ки дар интихоботи 6 ноябр пирӯз эълом шуд, сурат мегирад.
Пештар бархе аз мақомҳои калидӣ, аз ҷумла Шералӣ Хайруллоев, вазири дифоъ, ва Шералӣ Гул, вазири энержӣ ва саноеъ, аз мақомҳои худ барканор ва афроди тоза ба ин симатҳо гумошта шуданд.
Мансаби мутаъаллиқ ба як минтақа?
Қоҳир Расулзода, нахуствазири ҷадид, 54-сола ва зодаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, дар ҳаволии шаҳри Хуҷанд, аст. Вай аз афроди содиқ ва ҳарфшунави Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, хонда мешавад, ки ҳаргиз ба унвони як шахсияти сиёсии мустақил дар ҷомеъа матраҳ набудааст.
Вай дар соли 1982 аз Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон бо тахассуси "муҳандиси фанноварии об" фориғ шуда ва солҳои зиёде дар муассисоти кишоварзии устони Суғд фаъъолият кардааст.
Оқои Расулзода соли 2008 давраи вижаи омӯзишӣ дар Фарҳангистони мудирияти давлатии вобаста ба раёсати ҷумҳурии Русияро низ пушти сар кард. Аз соли 2000 то 2006 вазири обу обёрии Тоҷикистон буд ва аз декабри 2006 ба ин сӯ устондори Суғд, дар шимоли Тоҷикистон, буд.
Оқои Расулзода ҳамчунин аз 2007 ба ин сӯ муъовини аввали раиси маҷлиси улёи порлумони Тоҷикистон аст. Интисоби ӯ ба симати нахуствазири Тоҷикистон барои ҳеч касе ғайримунтазира набуд.
Бисёре аз таҳлилгарон оқои Расулзодаро аз қабл номзади эҳтимолии мақоми нахуствазир медонистанд, чун ба гуфтаи онҳо, мақоми нахуствазирӣ дар ду даҳаи зимомдории Эмомалӣ Раҳмон ҳамвора ба зодагони шаҳри Хуҷанд ва навоҳии перомуни он таъаллуқ гирифтааст.
Оқил Оқилов, ки аз соли 1999 ба ин сӯ нахуствазир буд, ва аслофи ӯ Яҳё Азимов, Ҷамшед Каримов, Абдуҷалил Самадов ва Абдумалик Абдуллоҷонов низ аз нухбагони сиёсии зодаи шимоли Тоҷикистон буданд.
Шокирҷон Ҳакимов, ҳуқуқдон ва муъовини раҳбари ҳизби сусиёл-демукрот, аз аҳзоби умдаи мухолиф дар Тоҷикистон, мегӯяд, ки аз вижагиҳои сиёсати кодрии Эмомалӣ Раҳмон ин аст, ки мансабҳои баланди давлатиро миёни намояндагони минтақаҳои гуногун қисмат мекунад.
Вай гуфт: "Дар замони соҳибихтиёрии Тоҷикистон мансабҳои баланди давлатӣ миёни намояндагони минтақаҳои мухталиф тақсим шудааст. Шахси аввалу дувум (раиси ҷумҳур ва раиси маҷлиси миллӣ) ҳамеша аз Хатлон, шахси сеюм (раиси маҷлиси суфлои порлумон) аз водии Рашт, шахси чаҳорум (нахуствазир) аз шимоли Тоҷикистон аст. Намояндаи Бадахшон маъмулан дар сатҳи муъовини раиси Маҷлиси намояндагон, ва дар баъзе маворид, агар чунин нашавад, дар сатҳи муъовини нахуствазир таъйин мешавад."
Ба гуфтаи ӯ, сарфи назар аз интиқодоти умумӣ дар мавриди зарурат надоштани низоми порлумони думаҷлиса, бо ҳадафи нигоҳ доштани тавозун миёни нухбагони сиёсии минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон баъд аз тасвиби созишномаи сулҳ дар соли 1997 ин низом роҳандозӣ шудааст. Раёсати маҷлиси улёи порлумонро то кунун Маҳмадсаид Убайдуллоев, шаҳрдори Душанбе ва зодаи ноҳияи Фархор, ба уҳда дорад.
Дар замони Шӯравӣ, лоақал аз даҳаи 1950 то замони фурӯпошии ин кишвар, раҳбарони ҷумҳурии шӯравии сусиёлистии Тоҷикистон умдатан аз вилояти аз лиҳози санъатӣ пешрафтаи Ленинобод (ҳоло Суғд) таъйин мешуданд, ки умдаи онҳо зодагони шаҳри Хуҷанд ва ҳаволии он буданд.
Аммо дар авоили даҳаи 1990, бавижа пас аз касби истиқлоли Тоҷикистон ва оғози рақобатҳои шадид барои қудрат, ки ба ҷанги дохилӣ анҷомид, нухбагони сиёсии шимол нуфуз ва саҳми худ аз қудратро аз даст доданд.
Бо барканории Раҳмон Набиев аз раёсати ҷумҳурӣ дар иҷлоси 16-и порлумони Тоҷикистон, ки дар ноябри соли 1992 дар Хуҷанд баргузор шуд, қудрати биломунозеъи онон барои ҳамеша аз даст рафт ва Эмомалӣ Раҳмон, раиси вақти як муҷтамаъи кишоварзӣ дар ноҳияи Данғара, зимоми умурро дар даст гирифт.
Эҳсоси ноамнии раисҷумҳур?
Тайи 21 соли зимомдории худ, оқои Раҳмон усули сиёсати кодрии бозмонда аз Шӯравиро иваз накардааст. Сиёсатшиносон муътақиданд, ки таъйини афрод ба пустҳои муҳимми давлатии Тоҷикистон ҳамчунон бо такя бар асли садоқатсолорӣ ва саҳм додан ба намояндагони минтақаҳои гуногун сурат мепазирад.
Ҳамакнун, муҳиммтарин пустҳои давлатӣ, монанди вазоратҳои дифоъ, умури дохилӣ ва хориҷӣ, кумитаи амният, вазоратҳои дороӣ, иқтисоду тиҷорат ва ғайра дар дасти афродест, ки бо раиси ҷумҳур аз як минтақа бархостаанд ва ё аз ҷумлаи афроди наздик ба ӯ маҳсуб мешаванд.
Шокирҷон Ҳакимов дар ин бора мегӯяд: "Таҳлилҳо дар бораи сиёсатҳои кодрии Эмомалӣ Раҳмон пас аз оғози даври ҷадиди раёсаташ аз он гувоҳӣ медиҳанд, ки барои ӯ боз ҳам муносибатҳои хешу таборӣ, хонаводагӣ, маҳал ва мансубияти ҳизбӣ авлавият дорад. Масалан, ба ҷойи Матлубхон Давлатов, ки муъовини аввали нахуствазир буд, яке аз хешовандони ӯ ба ин симат интисоб шуд, ки хеши наздики раисҷумҳур ҳам ҳаст."
Ба гуфтаи оқои Ҳакимов, ин сиёсат ҳокӣ аз эҳсоси ноамнӣ ва адами эътимод ба нафси раисҷумҳур аст, чун ӯ бим дорад, ки дар сурати таъйини афроди шоиста ба пустҳои калидӣ ва сарфи назар кардан аз таъаллуқоти қавмию маҳаллӣ ва ҳизбӣ мумкин аст рақибони билқуввае пайдо кунад ва қудрати худро аз даст бидиҳад.
Вай меафзояд: "Сумангул Тағоева (вазири тозаинтисоби кору муҳоҷират), хеши раисҷумҳур аст, муъовини вазири фарҳанг ва раиси додгоҳи вилояти Хатлон хоҳарони Абдуҷаббор Азизов, мушовири давлатӣ оид ба сиёсати кодрӣ мебошанд. Кафили устондории Суғд, ки тоза таъйин шуд, қаблан ба унвони муъовини раиси ин вилоят тиҷорати пахта (панба) ва дигар маҳсулоти кишоварзиро таҳти назорат дошт."
Оқои Ҳакимов бо ишора ба интисоби Давлаталӣ Саидов, аз наздикони дигари раисҷумҳур, ба симати муъовини нахуствазир, гуфт, ки ӯ лаёқати кор дар ин симатро надорад. Вале интисобҳои кӯтоҳмуддати ӯ ба чанд мансаби дигар роҳашро ба сӯйи муъовинати нахуствазир ба таври маснӯъӣ ҳамвор карда, ки ин ҳам аз вижагиҳои дигари сиёсати кодрии Эмомалӣ Раҳмон дар солҳои ахир аст.
Оқои Ҳакимов, ки аз чеҳраи умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон маҳсуб мешавад, муътақид аст, ки шеваи интихоби кодрҳо аз сӯйи раисҷумҳур ин бор ҳам ормонҳо ва хостаҳои мардумро бароварда насохтааст.
Мунтақидони оқои Раҳмон ӯро ҳамвора ба тамаркузи қудрат ва хешу қавмпарастӣ муттаҳам карда ва мегӯянд, ки сиёсатҳои кодрии ӯ мӯҷиби густариши бештари фасод шуда ва мардум дар фақр ғӯтидаанд.
Аз ҷумла, тайи ду даҳаи ахир оқои Раҳмон борҳо бо дасткорӣ дар Қонуни асосӣ аз роҳи ҳамапурсиҳои нолозим даврони раёсати ҷумҳурии худро тамдид ва ихтиёроти худро густариш додааст. Аз ҷумла, гуфта мешавад, ки бисёре аз ихтиёроти нахуствазир ва порлумон ба тасарруфи ӯ даромадааст.
Зимнан, бархе аз соҳибназарон аз интисоби Қоҳир Расулзода ба симати нахуствазир интиқод карда ва гуфтаанд, ки "ӯ метавонист ба унвони устондори Суғд беҳтар барои мардум кор кунад."
Бисёриҳо симати нахуствазир дар Тоҷикистонро "мансабе зиёдӣ" медонанд, чун ҳавзаи ихтиёроти ӯ бағоят танг аст ва аз ҳеч гуна истиқлоли амал бархурдор нест. Бар асоси Қонуни асосии Тоҷикистон, ки ду бор дар соли 1999 ва 2003 ислоҳ шуд, раиси ҷумҳур ҳам раҳбари давлат ва ҳам раиси қувваи муҷрия аст.
Мухолифон борҳо хостори ислоҳи қонун ва коҳиши ихтиёроти раисҷумҳур шудаанд, то ӯ назди мардум ва порлумони Тоҷикистон барои тасмимгириҳояш бештар масъул бошад, вале давлат ҳама гуна пешниҳоди мухолифон барои ислоҳи низоми сиёсиро рад кардааст.
