Барканории Шералӣ Хайруллоев аз вазорати дифоъ пас аз 18 сол

  • 20 Ноябр, 2013
Шералӣ Хайруллоев
Image caption Шералӣ Хайруллоев аз "дарозумтртарин вазирҳои" давлати Тоҷикистон маҳсуб мешуд

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон бо судури фармоне Шералӣ Хайруллоев, "дарозумртарин вазири" ҳукумати ин кишварро аз мақоми вазири дифоъи кишвар барканор кард.

Рӯзи 20-уми ноябр Эмомалӣ Раҳмон ду фармон содир кард, ки тибқи онҳо Шералӣ Хайруллоевро аз симмати вазири дифоъи Тоҷикистон барканор ва Шералӣ Мирзо, ки то ҳол фармондеҳии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, ба ин симмат таъйин шудаанд.

Шералӣ Хайруллоев, ки соли оянда 64-сола хоҳад шуд аз "дарозумтарин вазирони" тоҷик маҳсуб мешавад, зеро аз соли 1995 то ҳоло пайваста вазорати дифоъи Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Ӯ дар даврони шӯравӣ донишгоҳи Тоҷикистонро бо тахассуси иқтисодшинос хатм карда ва сипас ҳафт сол дар суфуфи артиши Ӯзбакистон, кишвари ҳамсоя фаъъолият дошт. Сипас ӯ 11 сол дар мақомҳои идоракунандаи низоми муассисоти бастаи Тоҷикистон адои вазифа кард.

Қабл аз таъйиноташ ба мақоми вазири дифоъи Тоҷикистон дар соли 1995, вай ҳафт сол муъовинати вазорати корҳои дихилаи Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт.

Ба далели синну сол ва собиқаи хеле тӯлонӣ дар ин мақом, барканории сарлашкар Шералӣ Хайруллоев аз симати вазири дифоъи Тоҷикистон аз муддатҳо қабл пешбинӣ мешуд.

Бархе аз таҳлилгарони хушбин пешгӯӣ кардаанд, ки дар тими ҷадиди Эмомалӣ Раҳмон, ки барои бори чаҳорум раиси ҷумҳури кишвар интихоб шуд кодрҳои ҷавон бештар ҷалб шаванд.

Бо таъйини Шералӣ Мирзо, ки то ҳоло фармондеҳии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, ба симати вазири дифоъи кишвар ин ҳадсзаниҳо то инҷо сиҳат бармеоянд. Зеро дар ду рӯзи ахир ин нахустин кодри ҷадид нест, ки ба раёсати вазорат гумошта шуд.

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дирӯз, 19-уми ноябр бо судури фармоне дигар Матлубхон Давлатовро аз мақоми муъовини аввали нахуствазири Тоҷикистон барканор карда ва ба ин симат Давлаталӣ Саидов, раиси пешини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатиро таъйин кард. Оқои Саидови 43 сола аз ҷавонтарин кодрҳо дар ҳайъати ҳукумати Тоҷикистон маҳсуб мешавад.

Зимнан соле қабл дастгоҳи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон қароре ба тасвиб расонда буд, ки тибқи он аз раҳбарияти муассисоти давлатӣ тақозо шуд, кормандони худро, ки дар синну соли бознишастагӣ ҳастанд, аз кор барканор кунанд.

Ба дунболи ин амр гузоришҳои зиёде аз барканории муттахасисони солманд умдатан дар бахшҳои омӯзиш ва парвариш ва беҳдошти Тоҷикистон мунташир шуд, ки боиси нигаронии ҷомеъа шуда буд.

Соҳибназарон дар баҳсҳои марбут ба ин мавзӯъ иддаъо карданд, дар ҳоле, ки дар кобинаи давлати Тоҷикиситон бархе аз мақомоти солманд солҳост, аз мақомҳояшон барканор намешаванд, аммо чаро муттахасисони солманд, ки мактабҳо ва бемористонҳои Тоҷикистон бо таваҷҷӯҳ ба камбуди кодрҳои қавӣ ба онҳо ниёз доранд, барканор мешаванд.

Ба ҷуз аз Матлубхон Давлатов ва Шералӣ Хайруллоев, ки ҳамакнун аз симатҳояшон барканор шуданд, дар ин баҳсҳо Ҳамрохон Зарифӣ, вазири хориҷаи Тоҷикистон, ки 65-сол дорад, Гул Шералӣ, вазири энержии Тоҷикистон, ки 62 сол дорад, Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молия, ки 63 сол дорад, Амонуллоҳ Ҳукуматуллоҳ, раиси ширкати роҳи оҳан, ки 63 сол дорад ва ғайраҳо аз бузургсолҳои кобина хонда мешаванд, ки бояд мақомҳои худро ба насли ҷавонтар вогузор кунанд.

Оқил Оқилов, нахуствазири Тоҷикистон низ 69 сол дошта ва дар кобинаи давлат аз афроди бузургсол маҳсуб мешавад.

Бархе аз таҳлилгарон бар ин боваранд, ки Эмомалӣ Раҳмон дар маҷмӯъ аз фаъъолияти тими ҳозирааш розӣ буда ва майли чандоне барои анҷоми тағйироти ҷиддии кодрӣ дар кобинаашро надорад.

Дар ҳамин ҳол, раиси ҷумҳури Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, вазири кишвар ва Саймумин Ятимов, вазири амнияти кишварро дар симатҳои худашон дубора таъйин кардааст.

Матолиби муртабит