Оғози тағйироти кодрӣ дар кобинаи Раҳмон

  • 19 Ноябр, 2013

Бар асоси фармони Президент Раҳмон Матлубхон Давлатов аз мақоми муъовини аввали нахуствазири Тоҷикистон барканор шуда ва ба ин симат Давлаталӣ Саидов, раиси пешини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шудааст.

Тибқи иттилоъи дафтари матбуъоти раёсати ҷумҳурӣ, ҳамчунин, рӯзи сешанбеи 19 ноябр, Қодири Қосим аз симати раисии ҳукумати вилояти Бадахшон сабукдӯш шуда ва Шодӣ Ҷамшедов, раиси ноҳияи Шуғнон ба ин мақом интисоб гардидааст.

Қодири Қосим ба навбаи худ ба курсии раёсати Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нишастааст.

Дар сохтори кобинаи Эмомалӣ Раҳмон низ тағйирот ворид шуда, вазорати энержӣ ва саноеъ ба вазорати энержӣ ва захоири об табдил шуда ва вазорати обу обёрӣ барҳам хӯрдааст.

Дар сохтори давлати Тоҷикистон вазоратҳои маориф ва илм, саноат ва технологияи нав, меҳнату муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъӣ таъсис шуда ва Кумитаи дин ба Кумитаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳо номгузорӣ шудааст.

Дар фармони ахири Президент Раҳмон сохтори ожонсҳои давлатӣ низ тағйир ёфтаанд.

Зимнан, рӯзи душанбеи 18 ноябр, Эмомалӣ Раҳмон фармоне содир карда ва аз нахуствазир ва аъзои кобина хост, то замони таъйини кобинаи ҷадид фаъъолияти худро идома диҳанд.

Бар асоси моддаи 74-и Қонуни асосии Тоҷикистон пас аз интихоби раиси ҷумҳурии ҷадид ваколати нахуствазир, муъовинони ӯ, вазирону руасои кумитаҳо поён ёфта ва бояд кобинаи ҷадид таъйин шавад.

Бисёре аз нозирон пешбинӣ кардаанд, ки баъид аст тағйироти ҷиддӣ кодрӣ сурат бигирад ва эҳтимолан мисли борҳои қабл раиси ҷумҳури Тоҷикистон афроди калидиро дар кобинааш нигаҳ хоҳад дошт ва танҳо курсиҳои онҳоро тағйир хоҳад дод, агарчи баъзеҳо гуфтаанд имкони он меравад, ки мансабдорони расида ба синни бознишастагӣ аз кобина бираванд ва ҷойи онҳоро мансабдорони дигар бигиранд.