Фармони Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тамдиди кори кобинааш

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо судури фармоне аз нахуствазир ва аъзои кобина хост, ки то замони таъйини кобинаи ҷадид фаъъолияти худро идома диҳанд. Зеро бар асоси қонуни Тоҷикистон, пас аз интихоби раиси ҷумҳурии ҷадид ваколати нахуствазир, муъовини ӯ, вазирон ва руасои кумитаҳо поён ёфта ва бояд кобинаи ҷадид таъйин шавад.
Бо ин ҳол, бештари коршиносони мустақили Тоҷикистон аз анҷоми тағйироти асосӣ дар кобинаи ҷадиди Эмомалӣ Раҳмон тардид доранд.
Раҷаби Мирзо, раиси Маркази таҳқиқотии "Бозтоб" мегӯяд, танҳо мумкин аст бархе аз кодрҳои кобинаи феълӣ аз як мақом ба мақоми дигар таъйин шаванд, ки "ин ба ҳеч ваҷҳ тағйироти кодрӣ" нахоҳад буд.
Ба гуфтаи оқои Мирзо, Эмомалӣ Раҳмон бо касби аксари оро дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 6 ноябри соли ҷорӣ эҳсос мекунад, ки аз маҳбубияти мардуми кишвар бархурдор аст. Аз ин лиҳоз барои ислоҳоти ҷиддӣ дар давлат чандон алоқаманд нест.
Давлати Усмон, вазири пешини рушди иқтисод ва тиҷорат ва коршиноси масоили сиёсӣ низ гуфт, аз сӯҳбати оқои Раҳмон дар маросими савгандёдкунӣ бармеояд, ки ӯ аз "фаъъолияти тими ҳозирааш розӣ буда ва майли ислоҳи онро надорад."
Аммо оқои Усмон афзуд, раиси ҷумҳурӣ барои рушди бештари иқтисод ва беҳбуди сатҳи зиндагии сокинон ваъдаҳое дода, ки иҷрои онҳо танҳо дар гарави ислоҳоти ҷиддии кодрӣ мумкин хоҳад буд.
Аз сӯйи дигар, бархе аз аъзои кобинаи оқои Раҳмон болои синни 63 сол буда ва тиқби қавонини Тоҷикистон ин афрод бояд бознишаста шаванд. Аз ҷумла, Оқил Оқилов, нахуствазир, 69 сол дошта ва дар кобинаи давлат аз афроди бузургсол маҳсуб мешавад.
Ба эътиқоди коршиносони мустақил, дар сурати даст задан ба тағйироти кодрӣ Эмомалӣ Раҳмон маҷбур аст тавозуни намояндагони минтақаҳоро дар ҳукумат дар назар бигирад.
Дар 21 соли ҳукумати Эмомалӣ Раҳмон ба мақоми нахуствазирӣ дар Тоҷикистон пайваста намояндагони вилояти Суғд интисоб мешуданд ва гуфта мушавад дар сурати бознишаста шудани Оқил Оқилов мумкин аст Қосим Қосимов, вазири кишоварзӣ ё Қоҳир Расулзода, раиси ҳукумати вилояти Суғд ба ин симат таъйин шаванд.
Дар ҳамин ҳол, ҳизби наҳзати исломӣ, ҳизби умдаи мухолифи давлати Тоҷикистон зимни як баёния дар ҳафтаи гузашта ба Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки ба кобинаи ҷадид кодрҳои ҷавону технукротро ҷалб ва салоҳияти нахуствазирро бештар кунад.
Яке аз шадидтарин эътирозҳои мунтақидони давлати Эмомалӣ Раҳмон дар ду даҳаи ахир ин аст, ки ӯ то ҳол ба мақомҳои давлатӣ умдатан афроди содиқ ба худ ва наздикону пайвандони онҳоро, ки аксаран бархоста аз як минтақа ҳастанд, таъйин кардааст.
