Даъвати Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо барои озодии рӯзноманигори ӯзбак

Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо (САҲУ) аз давлати Ӯзбакистон даъват кардааст, Солиҷон Абдураҳмонов, рӯзноманигор ва фаъъоли ҳуқуқи башари ӯзбакро аз зиндон раҳо кунад.
Дуня Миятович, масъули бахши озодии баёни САҲУ дар баёнияе гуфта, ки вазъи саломатии оқои Абдураҳмонов дар як ҳафтаи ахир бад шуда ва ба ӯ барои мудово дар бемористони зиндон иҷоза дода нашудааст.
Хонуми Миятович гуфта, дар моҳҳои май ва октябри соли ҷорӣ ӯ ба Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон муроҷиъа карда ва хостори баррасии дубораи қазияи Солиҷон Абдураҳмонов ва ду рӯзноманигори дигари зиндонӣ - Дилмурод Сайид ва Хайрулло Ҳамидов шуда буд.
Дар моҳи апрели соли ҷорӣ Вазорати хориҷаи Омрико низ зимни як баёния хостори озодии Солиҷон Абдураҳмонов аз зиндон шуда буд.
Дар баёнияи вазорати хориҷаи Омрико таъкид шуда буд, ки оқои Абдураҳмонов барои фаъъолияти хабарнигорӣ ва барои чопи мақолот дар мавриди густариши фасод дар Ӯзбакистон ва истифодаи нерӯи кӯдакон дар парваришу ҷамъоварии панба дар ин кишвар бо иттиҳомоти ҷаълӣ ба муддати тӯлонӣ зиндонӣ шудааст.
Моҳи ноябри соли гузашта ҳайъати созмони Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ аз зиндони шаҳри Қаршии Ӯзбакистон дидан кард, аммо ходимони зиндон имкони дидори ҳайъатро бо Солиҷон Абдураҳмонов надодаанд.
Солиҷон Абдураҳмонови 63-сола, хабарнигори сойти “Uznews.net” ва родиюи “Садои Омрико” ва фаъъоли ҳуқуқи башар рӯзи 7 июни соли 2008 дар шаҳри Нуқуси Ӯзбакистон дар иртикоби нигаҳдорӣ ва фурӯши миқдори зиёди маводди мухаддир муҷрим шинохта шуд ва ба 10 сол зиндон маҳкум шуд.
Созмонҳои байналмилалии "Рӯзноманигорони бидуни марз" (“Reporters Without Borders”), "Афви Байналмилал" (“Amnesty International”) ва "Дидабони Ҳуқуқи Башар" (“Human Rights Watch”" ин иттиҳомро сохта ё ҷаълӣ хонданд ва аз давлати Ӯзбакистон даъват карданд, Солиҷон Абдураҳмоновро аз зиндон озод кунад.
Дар ҳамин ҳол, Дидабони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) феҳристи 30 маҳбуси сиёсӣ, аз ҷумла, фаъъолони ҳуқуқи башар, рӯзноманигорони мустақил ва мухолифони сиёсии давлати Ӯзбакистонро мунташир кардааст, ки мегӯяд бо иттиҳоми сохта ба муддати тӯлонӣ равонаи зиндон шудаанд.
