Шабакаҳои телевизиюнии Гулнора Каримова “хомӯш шуданд”

  • 22 Октябр, 2013
Гулнора Каримова
Image caption Шабакаҳои телевизиюнии марбут ба Гулнора Каримова "сокит шудаанд"

Аз соъати 10-и шаби рӯзи гузашта пахши барномаҳо ҳамзамон дар чаҳор шабакаи телевизиюнии Ӯзбакистон қатъ шудааст.

Ин шабакаҳои мавсум ба “TV Markaz”, “Forum TV”, “NTT” ва “SofTS Uzbekistan” марбут ба Гулнора Каримова, духтари бузурги Ислом Каримов буда ва умдатан фаъъолияти сандуқи мавсум ба “Фонд Форуми”-ро пӯшиш медодаанд.

Гуфта мешавад шабакаҳои мусиқӣ ва саргармкунандаи “TV Markaz” ва “SofTS Uzbekistan” ба ширкати “Terra Group”, ки таҳти назорати Гулнора Каримова аст, таъаллуқ дорнад.

“SofTS Uzbekistan” бар асоси тарҳи муштараки “Terra Group” ва “STS Media”-и Русия роҳандозӣ шуда, умдатан барномаҳои маъруфи шабакаи телевизиюнии “STS”-ро дар ҳудуди Ӯзбакистон бозпахш мекунад.

Шабакаи марбут ба ҷавонони “Forum TV” аз ҷониби НАЭСМИ, анҷумани васоити ахбори умуми электрунӣ таъсис шудааст. Дар бораи илали қатъи пахши барномаҳои ин шабакаҳо иттилоъе пахш нашудааст.

Дар ҳафтаҳои ахир сафҳаҳои Гулнора Каримова дар шабакаҳои иҷтимоъии интернет нопадид шудаанд.

Маъмулан дар Ӯзбакистон бархе аз шабакаҳо ба далоили фаннӣ барои чанд соъат аз фаъъолият бозмонда, аммо ба таври ғайримунтазира “хомӯш шудан”-и 4 шабака ҳодисаи нодир будааст.

Аз сӯйи дигар, тибқи барномаҳои шабакаҳои TV Markaz, Forum TV, NTT ва SofTS Uzbekistan, ки дар рӯзномаҳои ин кишвар мунташир шудааст, тағйироте дар пахши барномаҳо зикр нагардидааст.

Афзун бар ин, дар мавҷи шабакаи NTT барномаҳои шабакаи давлатии Sport пахш шудааст.

Ниҳодҳои зирабти давлати Ӯзбакистон ва созмонҳои хабарнигории ин кишвар дар мавриди ин таҳаввул ибрози назаре накардаанд.

Матолиби муртабит