Гулнора Каримова иддаъоҳои филми мустанад дар бораашро дурӯғин хонд

Духтари бузурги раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дар мавриди филми мустанади телевизиюни иҷтимоъии Суэд дар бораи ӯ вокуниш накарда, аммо дар “Twitter”-аш асноди пешниҳодшуда дар ин филмро тақаллубӣ хонд.
Шоми 22 майи соли ҷорӣ телевизиюни Суэд филми мустанадеро бо номи “Telia Sonera-қосиде аз Маскав”, ки дар ҳамкорӣ бо бахши ӯзбакии родиюи “Озодӣ” таҳия шудааст, ба намоиш гузошт.
Тибқи иддаъои таҳиякунандагон, ин филм бар пояи музокироти мустақими Гулнора Каримова бо ширкати “Telia Sonera” ва асноде, ки бо дасти хонум Каримова навишта шудааст, таҳия гардидааст.
Ба иддаъои телевизиюн ин аснод нишон дода, ки Гулнора Каримова ба ивази чанд милюн дулор пуштибонии худро аз ин ширкат иброз доштааст. Бино ба ривояти ин филми мустанад Гулнора Каримова аз ширкати “Telia Sonera” ҳамчунин тақозо карда, ки аз маҳофили хайрия ҳимояти молӣ кунад.
Барои дарёфти вокуниши Гулнора Каримова ба ин иддаъоҳо Би-би-сӣ ба ниҳоди зери раҳбарии ӯ “Бунёди Ҳамоиш” ва “Twitter”-и хонуми Каримова муроҷиъа карда, аммо посухе дарёфт накардааст.
Гулнора Каримова дар микроблоки худ дар “Twitter” аснодеро, ки хабарнигорон дар филм намоиш дода буданд, тақаллубӣ хонда ва навиштааст, имкон дорад дар паси ин ҳамалоти лафзӣ рақибони ӯ ва ширкати “Telia Sonera” қарор доранд.
Ӯ навишта: “Ин як амали хандадор аст. Гапҳои кӯҳна. Якҷо бо “Озодӣ” маъракаи “Мама-папа оперейшн”-ро роҳандозӣ кардаанд.”
Аз сӯйи дигар, хонуми Каримова ба суолоти муштариёни “Twitter” дар мавриди ин қазия посух надодааст, вале тавзеҳоти афроди дигар дар сафҳа дида мешавад, ки аз ӯ пуштибонӣ ва барои фаъол шудан дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар Ӯзбакистон даъват мекунанд.
Гулнора Каримова ба навбаи худ аз тарафдорони худ ибрози сипос карда ва навиштааст: “Ман аз он, ки ба чашмони мардум рост менигарам, ифтихор дорам. Барои дастёбӣ ба чунин эътимод бароям лозим омад масофаи тӯлониро тай кунам.”
Ба гуфтаи коршиносон, дар пайи сару садоҳо дар бораи сактаи қалбӣ гирифтани Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дар авоили моҳи гузашта аз як сӯ ва интихоботи қарибулвуқӯъи раёсати ҷумҳурӣ дар ин кишвар аз тарафи дигар рақобатҳо барои расидан ба қудрат дар сутӯҳи олӣ дар ин кишвар бештар шудааст.
Гуфта мешавад, дар ин майдони набард Гулнора Каримова бо Шавкат Мирзиёев, нахуствазир ва Рустам Азимов, вазири молия, ки ҳамзамон муъовини нахуствазири Ӯзбакистон аст, дар ҳоли рақобат ҳастанд.
