Масунияти диплумотики Гулнора Каримова лағв шуд

  • 13 Июл, 2013
Гулнора Каримова
Image caption Гулнора Каримова соҳиби чандин маскан дар Фаронса аст

Мақомоти Ӯзбакистон масунияти диплумотики Гулнора Каримова, духтари раисҷумҳурӣ Ислом Каримовро ба дунболи расвоии марбут ба бозҷӯӣ хонаҳои ӯ дар Фаронса, лағв кард.

Гулнора Каримова тайи чанд соли ахир намояндаи Тошканд дар созмонҳои байналмилали суедӣ буд.

Дар ҳоли ҳозир Алишер Эргашев, ёвари ӯ яке аз муттаҳамони парвандаи ҷиноии марбут ба пулшӯӣ дар Суис ва парвандаи марбут ба ришвадиҳӣ ба мақомот дар Суед аст.

Бино ба иттилоъи Бахши мубориза бо фасоди миллии Суед, аъзои нухбагони ҳокими Ӯзабкистон метавонистанд, аз муомила бо ширкати телекомуникатсионии TeliaSonera баҳраҳои мухталиф ба даст оваранд.

Ҳафтае қабл додситонии Суед иттилоъ дода буд, ки пулиси Фаронса чандин манозилро дар чорчуби таҳқиқи парвандаи марбут ба пулшӯӣ бозҷӯйӣ кардааст.

Ин бозҷӯйиҳо бо дархости додситонии Суед сурат гирифтаанд, ки парвандаеро дар мавриди чанд шаҳрванди Ӯзбакистон таҳқиқ мекунанд. Ҳамаи ин афрод бо Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзабкистоно иртибот доранд, ҳарчанд гуфта мешавад худи хонуми Каримова дар ин парванда дахил набудааст.

Гулнора Каримова, ки соҳиби чандин манзил дар Фаронса аст ва ба гуфтаи манбаъи муътамад, ки бо Тошканд иртибот дорад, хонуми Каримова, ки ба ҳангоми анҷоми амалиёти пулис дар Урупо будааст, билофосила пас аз огоҳ шудан аз ин амалиёт ба Ӯзбакисон баргаштааст.

Созмони мавсум ба “Тарҳи пушиши хабарии ҷароими созмонёфта ва фасод”, ки ин қазияро дунбол кардааст ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки манозили бозҷӯишуда дар Фаронса аз сӯйи ду ширкати таъсисёфта дар ин кишвар харидорӣ шуда буданд, ки 95 дарсади саҳмияҳои он мутаъаллиқ ба Гулнора Каримова мебошад.

Як масъули ин созмон гуфт, ҳарду ширкат аз сӯйи ёвари Гулнора Каримова - Алишер Эргашев мудирият мешаванд, ки ӯ яке аз мазнунон дар парвандаи марбут ба пулшӯӣ дар Суед ва парвандаи марбут ба ришвадиҳӣ ба мақомоҳои суисӣ будааст.

Ба гуфтаи ин манбаъ манзили сеюме, ки мавриди бозҷӯйӣ қарор гирифт, мутаъаллиқ ба ширкати мавсум ба Rubis international будааст. Эҳтимол меравад, ки соҳиби ин ширкат номзади Гулнора Каримова бошад.