Пулиси Фаронса хонаи Гулнора Каримоваро бозҷӯйӣ кард

Бино ба иттилоъи додситонии Суед пулиси Фаронса чандин манозилро дар чорчуби таҳқиқи парвандаи марбут ба пулшӯӣ бозҷӯйӣ кардааст.
Ба гузориши хабаргузории суедии ТТ ҳадафи ин бозҷӯиҳо мусодираи аснод ва эҳтимолан боздошти амвол будааст.
Ин бозҷӯйиҳо бо дархости додситонии Суед сурат гирифтаанд, ки парвандаеро дар мавриди чанд шаҳрванди Ӯзбакистон таҳқиқ мекунанд.
Ҳамаи ин афрод бо Гулнора Каримова, духтари Ислом Каримов, раиси ҷумҳури Ӯзабкистоно иртибот доранд, ҳарчанд гуфта мешавад худи хонуми Каримова дар ин парванда дахил набудааст.
Дар ҳоли ҳозир мушаххас нест, ки пулис бозҷӯиҳоро дар куҷоҳо анҷом дод. Аммо маълум аст, ки Гулнора Каримова соҳиби чандин манзил дар Фаронса аст.
Манбаъи муътамад, ки бо Тошканд иртибот дорад, таъйид кардааст, ки яке аз опортрумонҳое, ки пулис дар он бозҷӯйӣ анҷом дода, мутаъаллиқ ба Гулнора Каримова будааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ хонуми Каримова, ки ба ҳангоми анҷоми амалиёти пулис дар Урупо будааст ва билофосила пас аз огоҳ шудан аз ин амалиёт ба Ӯзбакисон баргаштааст.
Ҳамин манбаъ мегӯяд, ки хонуми Каримова қасд дорад ин амали мақомоти фаронсавиро ба додгоҳ бикашад.
Созмони мавсум ба “Тарҳи пушиши хабарии ҷароими созмонёфта ва фасод”, ки ин қазияро дунбол кардааст ба Би-би-сӣ гуфтааст, ки манозили бозҷӯишуда аз сӯйи ду ширкати таъсисёфта дар Фаронса харидорӣ шуда буданд, ки 95 дарсади саҳмияҳои он мутаъаллиқ ба Гулнора Каримова мебошад.
Як масъули ин созмон гуфт, ҳарду ширкат аз сӯйи ёвари Гулнора Каримова - Алишер Эргашев мудирият мешаванд, ки ӯ яке аз мазнунон дар парвандаи марбут ба пулшӯӣ дар Суед ва парвандаи марбут ба ришвадиҳӣ ба мақомоҳои суисӣ будааст.
Ба гуфтаи ин манбаъ манзили сеюме, ки мавриди бозҷӯйӣ қарор гирифт, мутаъаллиқ ба ширкати мавсум ба Rubis international будааст. Эҳтимол меравад, ки соҳиби ин ширкат номзади Гулнора Каримова бошад.
