Тоҷикистон хостори “гуфтугӯи эътимодбахш” бо Ӯзбакистон шудааст

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон гуфтааст, кишвараш ҷонибдори таҳкими муносиботи дӯстӣ, эҳтироми ҳамдигар ва ҳамкориҳо бо Ӯзбакистон аст.
Ин нукот дар паёми табрикии Президент Раҳмон ба Ислом Каримов, раиси ҷумҳурии Ӯзбакистон дар иртибот ба солгарди истиқлоли ин кишвар омадааст.
Оқои Раҳмон гуфтааст: "Мо ба гуфтугӯи сиёсии эътимодбахш бо мақсади самаранок ва комил намудани муносибот миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон дар ҳама соҳаҳо, ки дорои таваҷҷӯҳи ҳарду ҷонибанд, омодаем."
Дар чанд соли ахир равобит миёни Тоҷикистону Ӯзбакистон ба сардӣ гароида ва дар соли ҷорӣ Ӯзбакистон интиқоли гози табиъиро ба Тоҷикистон қатъ кард.
Ӯзбакистон ба бунёди нерӯгоҳи “Роғун” мухолифат карда ва корхонаи олюминиюми Тоҷикистон мавсум ба "Талко"-ро дар олудасозии муҳити зисти манотиқи вилояти Сурхондарёи Ӯзбакистон муттаҳам кардааст.
Ӯзбакистон муддаъӣ аст, ки бунёди ин нерӯгоҳ бо садди 335 метр ба муҳити зисти Осиёи Марказӣ асари номатлуб гузошта ва дар заминаи дастрасии сокинони минтақа ба об маҳдудият эҷод хоҳад шуд. Аммо Тоҷикистон ин иддаъоро рад кардааст.
Давлати Тоҷикистон мегӯяд, барои ҳалли мушкили камбуди шадиди нерӯи барқ дар ин кишвар дар фаслҳои тирамоҳу зимистон аз манобеъи оби худ барои бунёди нерӯгоҳи барқи обӣ истифода хоҳад карда, аммо ин иқдом ба ҳеч ваҷҳ ба манофеъи кишварҳои поёноби минтақа асаре нахоҳад гузошт.
Ҳамчунин, дар солҳои ахир мақомҳои Ӯзбакистон дар ҳамоишҳои созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, назири Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва Иттиҳодияи Урупо мавзӯъи мушкилоти зистмуҳитӣ бо корхонаи Талкои Тоҷикистонро матраҳ карда ва дар ин замина ба Дабири кулли Созмони Милал шикоят бурдаанд.
