Омбудсмен: Сарнавишти шаҳрванди тоҷик дар Ӯзбакистон норӯшан аст

Аз дафтари Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон гуфтанд, то ҳол аз ҷониби Ӯзбакистон ба дархости худ дар бораи сарнавишти Абдумавлон Абдураҳмонов, шаҳрванди нопадидшудаи тоҷик посухе дарёфт нашудааст.
Азиз Солиев, сухангӯйи ин дафтар гуфт, ки рӯзи 23 июли соли ҷорӣ Ваколатдори ҳуқуқи башари Тоҷикистон зимни як номаи расмӣ аз Сайёра Рашидова, ваколатдори ҳуқуқи башари Маҷлиси Олии Ӯзбакистон дар заминаи пайдо кардани иттилоъ дар бораи Абдумавлон Абдураҳмонов, ки дар моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Бекободи вилояти Тошканд нопадид шудааст, дархости кумак кардааст.
Зимнан, тибқи иттилоъи Маркази ҳуқуқи башар дар шаҳри Хуҷанд, Абдумавлон Абдураҳмонови 38-сола, сокини ин шаҳр, рӯзи 25 апрели соли ҷорӣ барои аёдати фарзанди худ аз никоҳи аввалаш ба шаҳри Бекобод рафта ва қарор буд, пас аз се рӯз ба Тоҷикистон бозгардад.
Зани аввали оқои Абдураҳмонов ба бародари ӯ дар шаҳри Хуҷанд телефонӣ хабар додааст, ки пас аз ду рӯзи вуруд ба Ӯзбакистон Абдумавлон Абдураҳмоновро кормандони Кумитаи амнияти миллии ин кишвар боздошт кардаанд.
Дар посух ба дархости консулгарии Тоҷикистон Вазорати хориҷаи Ӯзбакистон дар моҳи майи соли ҷорӣ хабари боздошти оқои Абдураҳмоновро рад кардааст.
Дар ҳамин ҳол, созмони дифоъ аз ҳуқуқи башари Афви Байналмилал (Amnesty International) аз вазъияти Абдумавлон Абдураҳмонов ибрози нигаронӣ карда ва гуфтааст, ки мумкин аст, ӯ дар боздоштгоҳи Ӯзбакистон мавриди шиканҷа қарор гирад.
Ин созмон дар як баёния аз давлати Ӯзбакистон хостааст, то ба таъаҳҳудоти худ ба қавонини байналмилалӣ, бахусус, ба Муъоҳидаи байналмилалӣ дар бораи ҳуқуқҳои маъмурӣ ва сиёсӣ ва Кувенсиюни алайҳи шиканҷа содиқ монанд.
Ҳамчунин, созмони Афви Байналмилал аз мақомоти Ӯзбакистон даъват кардааст, то сареъан сарнавишти Абдумавлон Абдураҳмоновро рӯшан карда, маҳали нигаҳдорӣ ва далели боздошти ӯро эълом кунанд.
Аз сӯйи дигар, ин созмони байналмилалии ҳуқуқи башар аз афроде, ки қасди кумак ба оқои Абдураҳмоновро дорад, даъват кардааст, унвонии Баҳодур Матлубов, вазири умури дохила, Рашидҷон Қодиров, додситони кулл ва Абдулазиз Комилов, вазири хориҷаи Ӯзбакистон номаҳо ирсол кунанд.
