СММ вазъи ҳуқуқи башар дар Ӯзбакистон ва Туркманистонро баррасӣ мекунад

Дар ҳоле, ки кишварҳои Ғарбӣ аз Туркманистон барои истифода аз шиканҷа ва маҳдудиятҳо дар озодии баён интиқод кардаанд, кишварҳои Осиё дар ҳамоиши дирӯзи СММ дар масоили ҳуқуқи башар, аз ин кишвар ҳимоят карданд.
Дар иҷлоси вижаи Шӯрои Ҳуқуқи Башари Созмони Милал як мақоми баландпояи туркман иттиҳомоти марбут ба бераҳмӣ ва саркӯбии мукаррар дар ин кишварро рад карда ва гуфтааст, давлати Туркманистон барои демукротисозии ҷомеъа ва тавсеъаи кишвар талош мекунад.
Бино ба иттилоъи хабаргузории “Ройтерс”, дар ин ҳамоиш кишварҳои Осиё ва исломӣ гуфтаанд, иқтисоди Туркманистон сареъан рушд карда ва сатҳи зиндагӣ, беҳдошт ва омӯзишу парвариш дар ин кишвари бо ҷамъияти 5,5 милюн нафар беҳбуд ёфтааст.
Аммо намояндагони Иёлоти Муттаҳида дар ин ҳамоиш гуфтаанд, ки мақомоти Туркманистон “худро дар масоили истифода аз шиканҷа ва нақзи ҳуқуқи башар масъул намедонанд.”
Остролиё, Норвеж ва Чилӣ ба мавориди вуҷуди хушунати хонаводагӣ алайҳи зан дар Туркманистон ишора карда ва Ҳоланду Лаҳистон аз Ишқобод хостаанд, то ба бозрасони СММ иҷозаи бозрасии мавориди шиканҷа ва азияту озорро бидиҳад.
Курёи Шимолӣ, Белорус, Сри Ланка, Эрон, Қазоқистон ва Ӯзбакистон - кишварҳое, ки худ ҳамеша аз ҷониби мамолики Ғарб барои нақзи ҳуқуқи башар мавриди интиқоди шадид қарор мегиранд, аз ҷумлаи кишварҳои пуштибони Туркманистон дар ин ҷаласа буданд.
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, ки дар Туркманистон бо лақаби “Аркадаг” (Ҳомӣ) маъруф аст, пас аз марги Сапармурад Ниёзов дар соли 2006 ба қудрат расидааст.
Дар пайи боло рафтани қимати маводди сӯхт дар ҷаҳон, иқтисоди ин кишвари ғанӣ аз манобеъи гоз сареъан рушд кардааст.
Баррасии вазъи ҳуқуқи башар дар Ӯзбакистону Туркманистон
Рӯзи душанбе, 22 апрел Дидбони Ҳуқуқи Башар (Human Rights Watch) гуфтааст: “Давлатҳои Туркманистон ва Ӯзбакистон аз саркӯбкунандатарин низомҳои ҷаҳон маҳсуб мешаванд.”
Ин созмон гуфтааст, ки ҳамоиши қаблии Шӯрои Ҳуқуқи Башари СММ дар моҳи декабри соли 2008 баргузор шуда ва аз замон то ба ҳол вазъи ҳуқуқи башар дар ин ду кишвар тағйир накардааст.
Вероника Голдстон, коршиноси Дидбони Ҳуқуқи Башар дар умури Осиёи Марказӣ гуфт: “Мақомоти Ӯзбакистон ва Туркманистон на танҳо барои ислоҳи вазъи ҳуқуқи башар талош накардаанд, балки вуҷуди мавориди нақзи ҳуқуқи башарро низ эътироф намекунанд. Аз ин лиҳоз ба ин ду кишвар бояд ба таври қотеъона ва бо аксари кулли оро ҳушдор дода шавад.”
Тавсия ва нигарониҳо
Ин созмон тавсия кардааст, ки давлатҳои Ӯзбакистон ва Туркманистон ба коршиносони СММ иҷозаи вуруд ба кишварашонро диҳанд. Ахиран Туркманистон ва Ӯзбакистон аз вуруди гурӯҳҳои бозрасони СММ ҷилавгирӣ кардаанд.
Ин ду кишвар ҳамчунин пайваста аз ҳамкорӣ бо Салиби Сурхи Ҷаҳонӣ худдорӣ мекунанд. Рӯзи 12 апрели соли ҷорӣ ин созмон эълом карда буд, ки фаъолияти худро дар маҳбасҳои Ӯзбакистон мутаваққиф кардааст.
Маҳдудиятҳо дар фаъолияти созмонҳои мустақили иҷтимоъӣ ва озодии баён, зиндонӣ шудани фаъолони ҳуқуқи башар ва хабарнигорон бо иттиҳомоти сохта дар Ӯзбакистон ба нигаронии созмонҳои ҳуқуқи башар мунҷар шудааст.
Бино ба иттилоъи созмони “Human Rights Watch”, дар Ӯзбакистон беш аз 10 тан аз фаъолони ҳуқуқи башар ва хабарнигорони мустақил бо иттиҳомоти сохта равонаи зиндон шудаанд.
Ин созмон гуфтааст, дар мавсими ҷамъоварии маҳсули панба аз нерӯи кӯдакон истифода кардан ва иҷозаи вуруд наёфтани нозирони Созмони Ҷаҳонии Кор ба Ӯзбакистон аз масоили мавриди таваҷҷӯҳ маҳсуб мешаванд.
Ҳамчунин, нозирони хориҷӣ ҳаққи вуруд ба зиндонҳои Туркманистонро надоранд.
“Human Rights Watch” гуфтааст: “Дар зарфи 20 соли ахир теъдоди номаълуми чеҳраҳои сиёсӣ дар зиндонҳои Туркманистон ба сар мебаранд.
Ба бовари Вероника Голдстон, коршиноси “Human Rights Watch” дар умури Осиёи Марказӣ танҳо фишор метавонад Ӯзбакистон ва Туркманистонро моил ба ҳамкорӣ бо созмонҳои ҳуқуқи башар кунад.
