Интиқоди аҳзоби сиёсӣ аз мавзеъи САҲУ

Раҳбари ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон аз мавзеъи Созмони Амнияту Ҳамкории Урупо дар қиболи наҳваи баргузории интихобот дар Тоҷикистон интиқод кардааст.
Раҳматулло Зойиров, раҳбари ин ҳизб, баъд аз зӯҳри сешанбеи 28 май, дар мулоқоти Маркус Мюллер, раҳбари ҷадиди Маркази САҲУ дар Тоҷикистон бо намояндагони аҳзоби сиёсии ин кишвар гуфтааст, дар зарфи 10 соли ахир ин созмон ба унвони нозир дар интихоботи Тоҷикистон ширкат карда, аммо дар мавзеъи худ дар қиболи наҳваи баргузории интихобот дар ин кишвар устувор набудааст.
Оқои Зойиров гуфт: “Бояд САҲУ принсипнок бошад, барои баргузории интихобот бар асоси меъёрҳои байналмилалӣ пойфишорӣ кунад. Дар 10 соли ахир хулосаҳои САҲУ то охир амалӣ нашуд. Ин хулосаҳо дар ҷаласаҳои САҲУ баррасӣ нашуд ва мавзеъгирии он ба интихобот дар Тоҷикистон бетаъсир буд.”
Аз ин лиҳоз пешниҳод шудааст, дар интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли ҷорӣ нозирони САҲУ бояд якҷо бо нозирони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақили Ҳамсуд аз натоиҷи интихобот натиҷагирӣ карда ва хулосаи муштараки худро эълом кунад.
Ҳамчунин, аз Маркус Мюллер суол шудааст, ки ба андешаи ӯ чи гуна ва бо кадом роҳ дар Тоҷикистон интихоботи озоду шаффоф баргузор кардан мумкин аст. Аммо ӯ посух надода ва гуфтааст, ин масъаларо баррасӣ хоҳад кард.
Дар ин нишаст мавзӯъи рад шудани тарҳи Эътилофи аҳзобу созмонҳои ин кишвар барои ислоҳи Қонуни "Интихоботи президенти Тоҷикистон" аз ҷониби Шӯрои Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон низ матраҳ шудааст.
Намояндагони аҳзоби сиёсӣ ин иқдоми порлумонро навъи эҷоди монеъа барои баргузории интихоботи шаффофу озод ва демукротик дар Тоҷикистон арзёбӣ кардаанд.
Дар тарҳи Эътилоф барои ислоҳи Қонуни "Интихоботи президенти Тоҷикистон" танҳо як ислоҳ ба ин қонун, яъне, ширкати намояндагони расмии аҳзоби сиёсӣ дар қитъаҳо ва ҳавзаҳои интихоботӣ пешниҳод шуда буд.
Аммо порлумон кам будани аъзои азҳоби сиёсӣ ва кофӣ набудани намояндагони аҳзоб барои ҳузур дар беш аз 5 ҳазор ҳавза ва қитъаи интихоботӣ ба унвони далел барои радди пешниҳоди Эътилоф ироъа карданд.
Дар ҳамин ҳол, дар мулоқот бо Маркус Мюллер, раҳбари ҷадиди Маркази САҲУ дар Тоҷикистон намояндагони аҳзоб теъдоди аъзои худро эълом кардаанд, ки тиқби гузориши онҳо аҳзоби халқи демукрот 210 ҳазор, ҲНИТ 50 ҳазор, кумунист 40 ҳазор, кишоварзӣ 30 ҳазор, ислоҳоти иқтисодӣ 20 ҳазор, сусиёлист 18 ҳазор ва сусиёл-демукрот 7 ҳазор нафар узв доштаанд.
Бад ин тартиб, аҳзоби сиёсӣ дар таъмини ҳавзаю қитъаҳои интихоботӣ бо намондагони худ мушкиле надошта ва далели порлумон дар ин замина бепоя арзёбӣ шудааст.
Раҳматулло Зойиров, раҳбари Ҳизби сусиёл-демукроти Тоҷикистон гуфт, дар ин ҳамоиш мавзуъи аз буҷети давлати Тоҷикистон сармоягузорӣ шудани фаъолияти аҳзоби сиёсӣ, бахусус, ба ҳангоми ширкат дар интихоботро матраҳ кардааст.
Ба гуфтаи ӯ, тақрибан дар куллияи кишварҳои ҷаҳон аҳзоби сиёсӣ, ки дар интихобот ширкат мекунанд, аз ҷониби давлат сармоягузорӣ мешаванд. Аммо дар Тоҷикистон аҳзоб дар маъракаи интихоботӣ маболиғи ҳангуфте масраф карда, аз давлат танҳо маблағи ночизе дарёфт мекунанд.
Зимнан, ин нахустин мулоқоти Маркус Мюллер, раҳбари ҷадиди Маркази САҲУ дар Тоҷикистон бо аҳзоби сиёсии ин кишвар буда ва ба эътиқоди намоядагони аҳзоби Тоҷикистон интихоботи раёсати ҷумҳурӣ дар соли ҷорӣ дар ташхиси мавзеъгирӣ ва қотеъияти ӯ имтиҳони ҷиддие хоҳад буд.
