Гул Шералӣ аз мақоми вазири энержии Тоҷикистон барканор шуд

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон тайи судури чандин фармон дар бораи тағйироти кодрӣ ва таъсиси кобинаи ҷадид, Гул Шералӣ, вазири энержии Тоҷикистонро, ки дар миёни мардум аз маҳбубияти андак бархурдор аст, аз вазифааш барканор кард.
Раиси ҷумҳурӣ, ки чанд рӯзе қабл бо судури фармонҳое дигар дар чанд вазоратхонаи Тоҷикистон тағйироти сохторӣ анҷом дода буд, аз ҷумла Вазорати энержӣ ва саноъати ин кишварро ба Вазорати энержӣ ва захоири об табдил дод.
Ҳамакнун Усмоналӣ Усмонов, ки қаблан раёсати идораи давлатии "Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика"-ро бар ӯҳда дошт, вазири энержӣ ва захоири об таъйин шуд.
Ҳамзамон Мирзошоҳрух Асрорӣ, вазири фарҳанги Тоҷикистон аз вазифааш барканор шуда ва Орумбеков Шамсиддин, вазири ҷадиди фарҳанги кишвар таъйин шуд.
Маҳмадамин Маҳмадаминов аз вазифаи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоъӣ барканор шуд ва Сумангул Тағоева, ки қаблан симати раиси Кумитаи умури занони Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ таъйин шуд.
Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ҳамчунин Шавкат Бобоевро ба симати вазири вазоратхонаи ҷадиди саноъат ва фановариҳои ҷадид таъин кард.
Рустам Минглиев, вазири адлия, Нусратулло Салимов, вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоъӣ ва Қосим Қосимов, вазири кишоварзии Тоҷикистон бо фармонҳои ҷудогона аз кор озод ва ба ҳамин симатҳояшон дубора таъйин шуданд.
Фармонҳои раиси ҷумҳурӣ дар бораи ин таъйинот ва барканориҳо ба порлумони кишвар барои тасвиб ирсол шудаанд.
Ин тағйироти кодрӣ дар ҳоле сурат мегирад, ки Эмомалӣ Раҳмон, ки пас аз интихоби муҷаддад ба симати раиси ҷумҳурии Тоҷикистон машғули таъсиси кобинаи ҷадид аст.
Дирӯз, 20-уми ноябр бар асоси фармони оқои Раҳмон Матлубхон Давлатов аз мақоми муъовини аввали нахуствазири Тоҷикистон барканор шуда ва ба ин симат Давлаталӣ Саидов, раиси пешини Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ таъйин шудааст.
Ҳамчунин, рӯзи сешанбеи 19 ноябр, Қодири Қосим аз симати раисии ҳукумати вилояти Бадахшон сабукдӯш шуда ва Шодӣ Ҷамшедов, раиси ноҳияи Шуғнон ба ин мақом интисоб гардидааст.
Эмомалӣ Раҳмон рӯзи 20-уми ноябр тағйироти кодрӣ дар вазоратҳои калидиро аз барканории Шералӣ Хайруллоев аз симати вазорати дифоъи Тоҷикистон шуруъ кард, ки оқои Хайруллоев тайи 18 соли ахир дар ин симат ифои вазифа мекард.
Шералӣ Мирзо, ки то ҳол фармондеҳии нерӯҳои марзбонии Тоҷикистонро бар ӯҳда дошт, ба ин симмат таъйин шуд.
Рӯзи 20-уми ноябр раиси ҷумҳури Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, вазири кишвар ва Саймумин Ятимов, вазири амнияти кишварро низ дар симатҳои худашон дубора таъйин кардааст.
