Нахустин чоҳи гоз дар минтақаи Сариқамиш ҳафр шуд

Ширкати “Газпром”-и Русия корҳои ҳафриётӣ дар чоҳи амиқи “Шаҳринав” дар минтақаи Сариқамишро, ки умқаш 6 ҳазору 450 метр будааст, анҷом дод.
Алексей Миллер, раиси ширкати “Газпром”, ки рӯзи чоршанбеи 18 сентябр, пас аз дидору гуфтугӯ бо Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷамъи хабарнигорон сӯҳбат мекард, гуфт, натоиҷи аввалия аз ҳафриёти чоҳи “Шаҳринав” умедворкунанда буда, аммо бояд натоиҷи ниҳоиро интизор шуд.
Корҳои ҳафриётӣ дар чоҳи гози “Сариқамиш”, воқеъ дар 36 килуметрии ҷанубу ғарби Душанбе, дар моҳи декабри соли 2010 шурӯъ шуда ва ширкати “Газпром” барои ҳафри он аз таҷҳизоти мудернтарин истифода кардааст.
Захираи гоз дар ин чоҳ ҳудуди 60 милёрд метри мукааб буда ва дар сурати баҳрабардорӣ аз ин чоҳ сокинони Тоҷикистон дар муддати 50 сол бо гози худӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ҳамзамон, оқои Миллер гуфт, дар ҷараёни дидор бо Президент Раҳмон дар мавриди ба ихтиёри ширкати “Газпром” додани майдонҳои дигар барои корҳои иктишофӣ тавофуқ ҳосил шудааст.
Аммо ӯ аз бурдани номи ин майдонҳо худдорӣ карда ва гуфт, танҳо дар сурати дарёфти муҷаввиз номи онҳо эълом хоҳад шуд.
Чор сол қабл, ширкати “Газпром”-и Русия дар се майдони “Саргазон”, “Ренган” ва “Шоҳамбарӣ” корҳои иктишофиро анҷом дода, интизор мерафт, дар ин чоҳҳо корҳои ҳафриётӣ оғоз шавад.
Манобеъи расмӣ захоири гоз дар ин майдонҳоро ҳудуди 70-80 милёрд метри мукаъаб арзёбӣ мекунанд.
Аммо масъулони Идораи заминшиносӣ ё геологияи Тоҷикистон гуфтанд, ки моҳи декабри соли гузашта муддати истифодаи муҷаввизи ширкати “Gazprom International”, бахши ширкати бузурги “Газпром”-и Русия дар ин маъодин поён ёфта ва ин ширкат аз тамдиди муддати муҷаввиз худдорӣ карда буд.
Дар мулоқоти оқои Раҳмон бо оқои Миллер дар заминаи афзоиши мизони сармоягузорӣ барои корҳои заминшиносию иктишофӣ ва тавсеъаи манотиқи корҳои иктишофию заминшиносӣ тавофуқ шудааст. То ҳоло ин ширкат ба маблағи 150 милюн дулор корҳои иктишофию заминшиносӣ анҷом додааст.
Дар канори ширкати “Газпром”-и Русия ширкатҳои “Tethys Petroleum Limited”-и Конодо, “Total SA”-и Фаронса ва “China National Petroleum Corporation (CNPC)”-и Чин дар манотиқи ҷанубии Тоҷикистон ба истихроҷи нафту гоз машғул ҳастанд.
Дар моҳи июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе миёни Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон ва ин се ширкат қарордоде имзо шуд.
Тибқи ин санади ҳуқуқӣ ширкатҳои “Total SA” ва “China National Petroleum Corporation (CNPC)” бо ширкати “Kulob Petroleum” “Ширкати Амалиётии Бохтар”-ро созмон дода, тарҳҳои иктишоф ва истихроҷи маъодини нафту гозро дар майдони 35 ҳазор килуметри мураббаъ дар ноҳияи Бохтар, дар ҷануби Тоҷикистон рӯйи даст хоҳанд гирифт.
Дар баёнияи ширкати “Tethys Petroleum Limited” омадааст, давлати Тоҷикистон дар минтақаи Бохтар 1186,37 килуметри мураббаъи майдонро дар ихтиёри ин ширкат гузошта ва муддати фаъъолияти онро то соли 2020 тамдид кардааст.
Дар тобистони соли гузашта ширкати “Tethys Petroleum” зимни як баёния аз кашфи захоири бузурги нафту гоз дар ҷануби Тоҷикистон, аз ҷумла, захоири 27 милёрд бушкаи нафт ва миқдори зиёди гоз хабар дод.
Аммо ширкати “Total SA”-и Фаронса қасд дорад дар ҷануби Тоҷикистон таваҷҷӯҳи аслиро ба иктишоф ва истихроҷи гоз мутамаркиз карда ва дар сурати дастёбӣ ба захоири бузург, ин гозро аз тариқи бунёди лӯлаҳо ба Чин содир кунад.
Ниёзҳои Тоҷикистон ба гоз ҳамасола ҳудуди ду милёрд метри мукаъаб буда ва ба далели қатъ шудани интиқоли гози табиъӣ аз Ӯзбакистон корхонаҳои санъатии ин кишвар ба мушкили ҷиддӣ мувоҷеҳ шуданд.
Дар ҳамин ҳол, Алексей Миллер, раиси ширкати “Газпром” гуфт, дар ояндаи наздик чоҳҳои гоз дар Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифта ва ин кишвар ба таври комил бо гози ватанӣ таъмин хоҳад шуд.
