Тасвиби қонуни ҷадид барои сарфаҷӯӣ дар масрафи барқ
Рӯзи панҷшанбеи 13 июн дар ҷаласаи Маҷлиси намояндагони порлумони Тоҷикистон, пешнависи Қонуни “Сарфаҷӯӣ ва самаранокии энержӣ” муъаррифӣ ва тасвиб шуд.
Бино ба иттилоъи вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, дар соли гузашта мизони талафоти нерӯи барқ ба ҳангоми интиқол 13 дарсад ё беш аз 2 милёрд килувотт-соъатро ташкил додааст.
Пӯлод Муҳиддинов, муъовини аввали вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон гуфт, ки чунин вазъ давлат ва порлумони Тоҷикистонро водор сохт, то қонуни сарфаҷӯйӣ аз энержиро таҳия кунанд.
Қонуни “Сарфаҷӯӣ ва самаранокии энержӣ”, ки бо аксари кулли оро дар порлумон тасвиб шуд, таъмини риъояи меъёрҳои муқарраршуда барои масрафи энержӣ, истифодаи текнулужии муосир дар саноъе, бозсозии нуқоти тавзеъи барқу хутути фарсудаи барқрасониро дар назар дорад.
Ҳамасола дар фаслҳои тирамоҳу зимистон Тоҷикистон ба камбуди шадиди нерӯи барқ мувоҷеҳ шуда ва ба истиснои шаҳрҳои бузург ба манотиқи дигари кишвар дар як шабонарӯз ба муддати аз 4 то 6 соъат нерӯи барқ дода мешавад.
То ҳол талошҳои давлати Тоҷикистон барои ислоҳи ин вазъ ва беҳбуди таъмини сокинон бо нерӯи барқ натиҷаи мусбат ба бор надоштааст.
