Гузориши "Имкониятҳои сармоягузорӣ ба энержии Тоҷикистон" дар Белжик

Давлаталӣ Саидов ва Гул Шералӣ, раиси Кумитаи сармоягузорию амволи давлатӣ ва вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, дар ҳамоиши байналмилалии “Имкониятҳои сармоягузорӣ дар бахши энержии Тоҷикистон” дар мавриди вазъи феълӣ ва имконоти бахши энержӣ, аз ҷумла, энержии обӣ, нафту гоз ва истихроҷи маъодини ин кишвар гузориш додаанд.
Дар ин бора сойти раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон хабар додааст.
Ин ҳамоиш рӯзи 11-уми апрел дар шаҳри Бруксели Белжик баргузор шуд ва мақомоти Тоҷикистон дар он гуфтанд, ки барои сармоягузорону соҳибкорони хориҷию ватанӣ шароити мусоъиди сиёсию ҳуқуқӣ фароҳам шудааст.
Дар ин ҳамоиш раҳбарони ширкатҳои маъруфи ҷаҳонӣ, назири “Тотал” ва “Теттис петролиум” ва намояндагони порлумони Урупо ширкат доштаанд.
Дэвид Робсон, раиси ширкати “Теттис петролиум” гуфтааст, захоири нафту гоз дар ҳавзаи Ому фаровон буда, тибқи баррасии муқаддамотӣ дар ин минтақа ба миқдори 27,5 милёрд бушкаи нафт ва 3,22 триллион метри мукааби гоз мавҷуд аст.
Гуфта мешавад, ҳамакнун анҷоми корҳои иктишофӣ ва кандани чоҳ дар ин минтақа дар канори ширкати “Теттис петролиум” ширкатҳои “Тотал” ва “CNPC”-И и Чин ба Тоҷикистон омадаанд.
Дар назар аст, ин ширкатҳо барои ин корҳо 80 милюн дулори омрикоӣ тахсис диҳанд.
Зимнан, соли гузашта ширкати "Tethys Petrolium Limited", ки дар Осиёи Марказӣ пажӯҳиш ва истихроҷи нафту гоз машғул аст, дар бораи пайдо шудани манобеъи хеле бузурги нафту гоз дар манотиқи ҷанубии Тоҷикистон хабар дода буд.
Хабари кашфи манобеъи энержӣ дар Тоҷикистонро ҳамчунин ширкати "Gustavson Associates", ки аз ширкатҳои бузург ва мӯътабари Иёлоти Муттаҳидаи Омрико маҳсуб мешавад, таъйид карда буд.
Дар ҳамин ҳол, Ҷон Робертс, коршиноси бахши нафту гози Осиёи Марказӣ гуфта буд, ки мизони воқеъии ин захоир дар зарфи ду-се соли оянда мушаххас хоҳад шуд.
