Баррасии тарҳи “САSA-1000” дар Душанбе

  • 28 Март, 2013
Барқи обӣ
Image caption Тоҷикистон метавонад дар фасли тобистон ба кишварҳои хориҷӣ ба миқдори то 7 милёрд килувот-соъат нерӯи барқ содир кунад

Вузарои энержию саноеъи Тоҷикистон ва молияи Афғонистон масоили энержиро матраҳ кардаанд.

Бино ба иттилоъи Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, дар ҷараёни дидори Гул Шералӣ ва Ҳазрат Умар Заҳилвол дар шаҳри Душанбе масоили марбут ба тарҳи “САSA-1000”, хатти интиқоли нерӯи барқи 500 килувотӣ миёни Тоҷикистон-Афғонистон-Эрон, хатти интиқоли барқи 500 килувотии Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон ва хатти тронзитии лӯлаҳои гоз баррасӣ шудааст.

Зимнан, тарҳи интиқоли барқ аз Қирғизистону Тоҷикистон ба Афғонистону Покистон мавсум ба “САSA-1000” дар чанд соли ахир дар дасти баррасӣ қарор дошта ва корҳои сохтмонӣ барои иҷрои ин тарҳ шурӯъ нашудааст.

Гул Шералӣ, вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон зимни дидор бо Томас Брюер, мудири иҷроияи Шӯрои байнидавлатии тарҳи “САSA-1000” дар моҳи январи соли ҷорӣ хостори имзои асноди молӣ ва оғози корҳои сохтмонӣ шуда буд.

Дар нишасти ҳайъатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон дар шаҳри Дубайи Амороти Муттаҳидаи Арабӣ дар моҳи майи соли гузашта таъкид шуда буд, ки Бонки Ҷаҳонӣ, Бонки Исломии Тавсеъа ва Ожонси рушди байналмилалии Омрико (USAID) омодагии худро барои пуштибонии молӣ аз ин тарҳ иброз доштаанд.

Тарҳи CASA-1000 ҷузъе аз барномаи давлати Омрико барои кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷанубӣ, ки бо исми “Роҳи ҷадиди абрешим” маъруф аст, дониста мешавад.

Тибқи иттилоъи манобеъи Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон, дар фасли тобистон ин кишвар тавони судури ҳудуди 7 милёрд килувот-соъат нерӯи барқ ба кишварҳои Осиёи Ҷанубиро дорад.

Аммо ба далели камбуди хутути интиқоли нерӯи барқ Тоҷикистон имкони судури нерӯи барқ ба кишварҳои хориҷиро надошта ва бад ин тартиб, ҳамасола ба иқтисоди ин кишвар ба миқдори 200 милюн дулор хисорот ворид мешавад.