Тасмими бунёди шаш нерӯгоҳи кучак дар Тоҷикистон

  • 14 Май, 2013

Вазорати энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон эълом кардааст, ки дар соли ҷорӣ бо истифода аз сармояи дохилӣ ва хориҷӣ дар ин кишвар шаш нерӯгоҳи кучаки обӣ бунёд хоҳад шуд.

Бино ба иттилоъи манобеъи ин вазорат, дар назар аст ин нерӯгоҳҳо бо тавоноии 300 килувот то 1 мегувот дар вилояти Бадахшони Тоҷикистон эҳдос шавад.

Аз ҷумла, ду нерӯгоҳи кучак, ки тавоноиаш 2,1 мегувот хоҳад буд, дар рудхонаи Оқсуи ноҳияи Мурғоби вилояти Бадахшон бунёд мешавад.

Ҳоло дар Тоҷикистон бо шумули нерӯгоҳҳои кучак 305 нерӯгоҳи обӣ фаъол буда ва нерӯгоҳи Норак дар рудхонаи Вахш аз бузургтарини ин нерӯгоҳҳо маҳсуб мешавад.

Ин нерӯгоҳ бо садди 300 метрӣ, ки аз баландтарин саддҳои ҷаҳон маҳсуб мешавад, солиёна ба миқдори 3 ҳазор мегувот нерӯи барқ тавлид мекунад.