Экунумист: Чаро Раҳмон бо пули 'Талко' 'Роғун'-ро намесозад?

Маҷаллаи иқтисодии "Экунумист" (The Economist), чопи Бритониё, тарҳи нерӯгоҳи "Роғун" дар Тоҷикистонро тарҳе "хаёлпарастона" ва "фиребанда" хондааст.
Ин ҳафтавори бонуфуз дар моҳи ҷорӣ бори дувум аст, ки ба интиқоди сиёсатҳои Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон, мепардозад.
Ин бор маҷалла дар мақолае таҳти унвони "Нерӯи барқ дар Тоҷикистон. Раиси ҷумҳури дорои уқдаи сохтмонҳои бузург ватанашро ба танг меорад" дар бораи сиёсати энержӣ, бавижа тарҳи "Роғун" дар Тоҷикистон, менависад.
Дар ин мақола мехонем: "Усулан ин тарҳ метавонад аз роҳи афзоиши дубаробари нерӯи обӣ кишварро аз фақр наҷот бидиҳад, аммо қимати он шаш милиёрд дулор буда, Узбакистони ҳамсоя мухолифи он аст ва фасод бар фазои сармоягузорӣ дар инҷо соя афкандааст."
Муаллифи ин мақола бо ишора ба шиъору овезаҳои зиёди ҳовии нақли қавлҳое аз оқои Раҳмон, ба монанди "Роғун ояндаи дурахшони Тоҷикистон аст", меафзояд: "Агар ин тарҳро ба сурати ошкор фиребанда нахонем, пас хаёлпарастона, ки ҳаст."
Бо ин вуҷуд, ба навиштаи ин маҷалла, ёригарони байналмилалӣ талош мекунанд ба оқои Раҳмон эътимод кунанд. Муаллифи мақола сипас ин суолро гузошта, ки чаро оқои Раҳмон намехоҳад аз даромадҳои ҳангуфти ширкати таҳти кунтрули худ, "Талко" нерӯгоҳи "Роғун"-ро бисозад.
Ӯ навишта : "Аз ду панҷуми ҳаҷми энержи обии Тоҷикистон ба корхонаи олуминиюми "Талко" мунтақил мешавад. Ҳар сол "Талко" садҳо милюн дулор даромад дорад, ки ба ширкате козиб дар ҷазоири Вирҷин равона мешавад. Оқои Раҳмон шахсан "Талко"-ро сарпарастӣ мекунад. Чаро ӯ ин аз пул барои бунёди сад истифода намекунад?"
Муллифи ин матлаб ёдовар шуда, ки Бонки Ҷаҳонӣ мутолеъаи тарҳи "Роғун"-ро ба дӯш гирифта ва интизор меравад натоиҷи он дар поёни соли ҷорӣ эълом шавад. Аммо меафзояд, ки оқои Раҳмон дар ҳар сурат розӣ нест, ки дар баландии садди "Роғун" таҷдиди назар шавад. Агар сохта шавад, ин садди 335-метрӣ баландтарин дар ҷаҳон хоҳад буд.
Дар мақола мехонем: "Оқои Раҳмон фақат бо "-таринҳо" сару кор мегирад. Ӯ баландтарин милаи парчамро сохт ва базудӣ бузургтарин чойхона дар ҷаҳон низ дар пойтахти Тоҷикистон гушоиш хоҳад ёфт. Дар ин миён, муъаллимон моҳҳо бидуни дарёфти маъош ба сар мебаранд. Онҳо, ки 30-40 дулор моҳона мегиранд, дар соли 2010 иҷборан ниме аз моҳонаашонро барои бунёди "Роғун" доданд."
Маҷаллаи "Экунумист" дар поёни мақолааш иддаъо карда, ки дар ҳар сурат, Тоҷикистон ба далели "фирори мағзҳо" наметавонад батанҳоӣ ин тарҳи бузургро анҷом бидиҳад.
Ин маҷаллаи ба нотавонии мутахассисони тоҷик дар иҷрои ин тарҳ ишора мекунад: "Вақте бо яке аз муҳандисони аршади тарҳи "Роғун" барои таъйиди бархе аз омор тамос гирифтанд, ин муҳандис пурсандаро ба Википедиё ирҷоъ дод."
Маҷаллаи "Экунумист" дар ҳоле тардидҳои худро дар мавриди тарҳи "Роғун" матраҳ карда, ки дар моҳи марти соли ҷорӣ "Фурбз", маҷаллаи муътабари омрикоӣ, дар бораи аҳаммияти бунёди ин нерӯгоҳ барои Тоҷикистон ва минтақа мақолае чоп карда буд.
Ин маҷалла гуфта буд, ки агар давлати Омрико мехоҳад пас аз хурӯҷи нерӯҳояш аз Афғонистон сабот дар минтақа барпо бошад, бояд аз бунёди садди "Роғун" ба таври комил пуштибонӣ кунад.
"Фурбз" дар мақолаи худ зери унвони "Аҳаммияти садди "Роғун" барои ҷанг бо терур" навишта буд, ки тарҳи "Роғун" метавонад барои тавсеъаи иқтисодӣ ва сиёсӣ дар кулли минтақа аҳаммияти калидӣ дошта бошад ва ин амр барои манофеъи амниятии Омрико ва НОТУ низ ҳаётист.
Ин маҷалла таъкид карда буд, ки тарҳи "Роғун" бояд "на танҳо дар авлавияти кори давлатҳои Тоҷикистон ва Афғонистон, балки дар дастури кори созмонҳои байналмилалие чун Сандуқи Байналмилалии Пул, Бонки Ҷаҳонӣ ва давлати Омрико бошад."
Ин дар ҳолест, ки тарҳи нерӯгоҳи "Роғун", дар ҷануби Тоҷикистон, бо мухолифати шадиди кишвари ҳамсояи Узбакистон рӯбарӯст ва ба тирагии равобити ду кишвар дар солҳои ахир мунҷар шудааст.
Узбакистон иддаъо дорад, ки бунёди нерӯгоҳи "Роғун" бо баландтарин сад дар ҷаҳон дар муҳити зисти минтақаи Осиёи Марказӣ асароти номатлубе гузошта ва дастрасии кишварҳои минтақа ба манобеъи обиро маҳдуд хоҳад кард. Аммо давлати Тоҷикистон ин иддаъоро бепоя мехонад.
Ин дувумин гузориши интиқодии "Экунумист" дар бораи Президент Раҳмон дар моҳи ҷорист. Авоили ин моҳ ин ҳафтавори бонуфузи бритониёӣ матлаби дигаре таҳти унвони "Саркӯбӣ дар Тоҷикистон: Хиштҳои дар ҳоли уфт" шиддати саркӯби мухолифон дар остонаи интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро "бесобиқа" хонда буд.
