Покистон аз Тоҷикистон нерӯи барқ харидорӣ хоҳад кард

Покистон таъаҳҳуд кардааст, ки ҳамасола аз Тоҷикистон дар фасли тобистон се милёрд киловот соъат барқ харидорӣ кунад.
Тибқи созишномае, ки дирӯз рӯзи душанбеи 16 сентябр дар Исломобод, пойтахти Покистон миёни мақомоти ин кишвар ва Тоҷикистону Қирғизистон имзо шуд, қарор аст, Покистон ин миқдор барқро тӯли 15 соли оянда харидорӣ кунад.
Дар ин санад ҳамчунин таъкид шудааст, ки Покистон ҳамасола ду милёрд килувот соъат нерӯи барқи тавлиди Қирғизистонро низ харидорӣ мекунад.
Дар ин созишнома эълом шудааст, ки Покистон нерӯи барқи тавлиди Тоҷикистону Қирғизистонро аз моҳи май то моҳи сентябр харидорӣ мекунад. Ин санадро аз ҷониби Тоҷикистон Пӯлод Муҳиддинов, муъовини вазири энержӣ ва саноеъи Тоҷикистон имзо кардааст.
Зимнан, имзои ин созишнома дар чорчӯби дидори ҳайъатҳои кишварҳои шомили тарҳи CASA-1000, яъне Тоҷикистон, Қирғизистон, Афғонистон ва Покистон сурат гирифтааст.
Эълом шуд, ки ҳазинаи ин тарҳи интиқоли нерӯи барқи Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон ҳудуди як милёрд дуллор буда ва ҳар кишвар барои эҳдоси қисмати дохилии худ бояд иқдом кунад.
То ҳол бархе аз созмонҳои молии байналмиллалӣ, назири Бонки Ҷаҳонӣ ва Бонки Исломии Тавсеъа изҳор доштанд, ки иҷрои ин тарҳи минтақавиро сармоягузорӣ мекунанд. Махориҷи ҷониби Тоҷикистон ҳудуди 270 милюн дуллор гузориш мешавад.
Интизор меравад, умури сохтмонӣ дар авоили соли ояндаи мелодӣ оғоз шуда ва то соли 2017 анҷом биёбад. Русия низ ба ин тарҳ таваҷҷӯҳ карда дар садад аст бархе аз махориҷи онро сармоягузорӣ кунад.
Зимнан, Покистон аз соли гузаштаи мелодӣ дар раванди музокироти ин тарҳ мушорикат намекард. Ва танҳо баъд аз интихоби ҳукумати ҷадиди Покистон ва таъйиди ҳайъати расмии ин кишвар дар ин тарҳ раванди музокирот аз сар гирифта шуд.
Тоҷикистон ва Қирғизистон, ки аз кишварҳои дорои захоири ғании нерӯи барқи обӣ дар минтақа маҳсуб мешаванд, ба иҷрои муваффақи тарҳи CASA-1000 умед доранд, зеро имкони фурӯши неӯи барқи изофӣ ба кишварҳои ҳамсояро дарёфт мекунанд.
Покистон ва Афғонистон аз кишварҳое маҳсуб мешаванд, ки барои рушди иқтисоди худ ба воридоти нерӯи барқ ниёз доранд. Тӯли чанд соли ахир нооромиҳо дар Афғонистон ва вазъи печидаи сиёсӣ дар Покистон аз оғози иҷрои ин тарҳ ҷилавгирӣ мекард.
Бо ин вуҷуд, ширкати “Барқи тоҷик” интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистонро идома медиҳад. Тибқи иттилоъи манобеъи ин ширкат ҳамарӯза ба Афғонистон ҳудуди панҷ милиюн килувот соъат барқ интиқол мешавад.
Ин манобеъ мегӯянд, ки Тоҷикистон аз шароити интиқоли миқдори нерӯи барқи бештар бархурдор аст, вале ҷониби Афғонистон ҳануз ба афзоиши вориди барқ ниёз надорад.
Гуфта мешавад, ки дар ҳашт моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба Афғонистон 600 милюн киловот соъат барқ мунтақил кардааст. Интиқоли нерӯи барқ ба Афғонистон то тавассути моҳи октябр идома ёфта ва сипас Тоҷикистон барқро барои бароварда сохтани ниёзҳои худ масраф мекунад.
