Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаи CAREC 545 милюн дулор дарёфт кардааст

Тоҷикистон дар 15 соли ахир дар чаҳорчӯби барномаи вежаи “Ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ” (CAREC) беш аз 545 милюн дулор дарёфт кардааст.
Бар асоси иттилоъи намояндагии Бонки Осиёии Тавсеъа (БОТ) дар Тоҷикистон ағлаби ин сармоя барои бозсозӣ ва бунёди роҳҳои иртибототии ин кишвар масраф шудааст.
Ҳамчунин давлати Тоҷикистон қисме аз ин сармояро барои тавсеъаи бахши энержӣ, аз ҷумла бунёди хутути интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба қаламрави Афғонистон ва бозсозии фаннии нерӯгоҳи обии “Норак” харҷ кардааст.
Тавре, ки дар иттилоъияи Бонки Осиёии Тавсеъа, ки рӯзи душанбеи 1 июл пахш шудааст, омадааст, бахши бештари сармоя барои тармиму бозсозии роҳҳои иртиботии Душанбе-Саритош, дар марз бо Қирғизистон ва барои бозсозии роҳи Душанбе-Турсунзода, ки роҳҳои иртиботии Тоҷикистонро ба Узбакистон мепайвандад, масраф шудаст.
Ҳамчунин бар асоси тарҳҳои CAREC кумакҳои билоиваз барои бозсозии роҳи Айнӣ-Панҷакент, дар вилояти Суғди Тоҷикистон, низ ихтисос дода шудааст.
Ин иттилоъ дар ҷараёни баррасии масоили барномаҳои “Ҳамкориҳои иқтисодиии кишварҳои Осиёи Марказӣ” дар ҷаласаи намояндагони кишварҳое, ки шомили ин барномаҳо ҳастанд, дар шаҳри Алмаатои Қазоқистон пахш шудааст. Ҳайъати Тоҷикистонро дар ин ҳамоиш Неъматҷон Буриев, муъовини вазири тиҷорат ва тавсеъаи Тоҷикистон, сарпарастӣ мекунад.
Ҳамчунин дар ин нишасти дурӯза мавзӯъи кунфронси 12-уми вузарои умури хориҷаи кишварҳои узви барномаи вежаи “Ҳамкориҳои иқтисодии кишварҳои Осиёи Марказӣ” (CAREC) , ки қарор аст дар пойизи соли ҷорӣ дар шаҳри Осонаи Қазоқистон баргузор шавад, мушаххас шудааст.
Бо таваҷҷӯҳ ба мушкилоти мавҷуда дар ҳамлу нақли коло ва тиҷорат дар бархе аз кишварҳои минтақа, намояндагони кишварҳои ширкаткунанда тасмим гирифтанд, ки мавзӯъи аслии матраҳ дар ин ҳамоиш “Иттиҳоди тиҷорӣ ва ҳамлу нақл” хоҳад буд.
Даҳ кишвари минтақа, аз ҷумла Афғонистон, Чин, Озарбойҷон, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Туркманистон, Муғулистон, Узбакистон ва Тоҷикистон аз ҷумлаи кишварҳое ҳастанд, ки барномаҳои CAREC дар онҳо роҳандозӣ мешаванд.
Дар ҳоли ҳозир дар ин кишварҳо беш аз 130 пружаи CAREC ба маблағи 21 милёрд дулор дар ҳоли роҳандозӣ будаанд. Коршиносон бавежа ба пружаҳои CAREC дар Тоҷикистон дар арсаи энержӣ таъкид мекунанд.
Ин барнома барои бозсозии нерӯгоҳҳои “Норак” ва хатти барқ дар ноҳияи Ашт, дар шимоли Тоҷикистон, тарҳҳоеро рӯйи даст гирифтааст.
Роҳандозии тарҳҳои CAREC дар кишварҳои Осиёи Марказӣ аз соли 1997 оғоз шуда ва Тоҷикистон аз соли 1998 ба ин барнома шомил шудааст.
Ҳадафи аслӣ аз роҳандозии пружаҳои ин созмон дар минтақа, тавсеъаии ҳамкориҳои миёни кишварҳо дар арсаҳои энержӣ, нақлиёт ва тиҷорат маҳсуб мешавад. Бонки Осиёии Тавсеъа аз соли 2001 ба унвони ҳайъати дабирияи ин барнома дар кишварҳои минтақа фаъъолият дорад.
Соҳибназарон мегӯянд, ки Тоҷикистон яке аз фақиртарин кишварҳо ки шомили барномаи CAREC мебошад ва дар даҳсолаи оянда низ ҳамчунон ба кумкҳои созмонҳо ва кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон ниёзманд хоҳад буд.
