Эътибори молии БОТ барои роҳандозии пружаи “энержии сабз” дар Тоҷикистон

Бонки Осиёии Тавсеъа ба манзури коҳиши сатҳи фақр дар Тоҷикистон 10 милюн дулор эътибори молиро барои роҳандозии барномаи вижае таҳти унвони “Дастрасӣ ба пружаҳои молии сабз” ихтисос додааст.
Ҳадафи ин барнома афзоиши дастрасии хонаводаҳои тоҷик ба энержӣ ва сарфаҷӯйӣ аз он тавассути роҳандозии тарҳҳои муъассири "энержии сабз" будааст.
Дар чаҳорчӯби ин пружа барои сокинон вомҳои кучак тавасути бонкҳои хурди қарздиҳанда барои харидорӣ ва насби дарҳо, панҷараҳо ва бомҳои вижаи гарминигаҳдор ироа мешавад.
Ҳамчунин харидории пампҳои об, фаршҳои гармидиҳанда ва ботрийҳои хуршедии гармкунандаҳои об бо ин вомҳо низ дар назар гирифта шудааст.
Тибқи иттилоъи дафтари матбӯъотии ин Бонки Осиёии Тавсеъа тамаркузи аслии ин барномаи кумак ба вомгирандагон аз ҷумлаи занон ва духтарон ва пуштибонии бахши хусусӣ аз тариқи тавсеъаи тавлидот ва хадамоти энержии сабзи равона шудааст.
Ин дар ҳолест, ки коршиносон занон ва духтарон дар Тоҷикистонро қишри аз ҳама осебпазири ҷомеъа медонанд ва дар меҳвари барномаи ҷадид қарор гирифтани онҳоро бамаврид унвон мекунанд.
Масъулони намояндагии Бонки Осиёии Тавсеъа дар Тоҷикистон зимни арзёбии барномаи “Дастрасӣ ба пружаҳои молии сабз” гуфтаанд, ки ҳарчанд ин пружа дар оғоз ба сарфи ҳазини қобили мулоҳиза дорад, аммо анҷоми он ба суди сокинон хоҳад буд.
Дар баёнияи иттилоъотии ин намояндагӣ дар Тоҷикистон омадааст, ки дар фасли тобистон, замоне, ки тақозои мардум барои истифодаи нерӯи барқ камтар аст, мардум бо барқ таъмин ҳастанд, аммо бо коҳиш ёфтани сатҳи об дар рӯдхонаҳо ва обанборҳо дар фасли зимистон ва афзоиши ниёзмандиҳо ба нерӯи барқ, ҳудуди 75 дарсади ҷамъияти ин кишвар аз дастрасии кофӣ ба нерӯи барқ маҳрум мемонанд.
Дар тӯли 15 соли ҳамкориҳои Бонки Осиёии Тавсеъа бо Тоҷикистон ин бонк ба Тоҷикистон ба миқдори 980 милюн дулор вом, кумакҳои билоъивази молӣ ва кумакҳои фаннӣ ироа кардааст.
