Имзои асноди ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва БИТ

Дар ҳошияи Ҳамоиши 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Тавсеъа (БИТ) дар шаҳри Душанбе рӯзи чоршанбеи 22 май, миёни ин бонк ва ниҳодҳои молии Тоҷикистон се санад имзо шуд.
Тибқи мувофиқатномаи маблағгузории кучак дар Тоҷикистон, ки аз ҷониби Аҳмад Муҳаммад Алӣ, раиси БИТ ва Абдуҷаббор Ширинов, раиси Бонки миллии Тоҷикистон имзо шуд, Бонки Исломии Тавсеъа дар иҷрои тарҳҳои тахсиси вомҳои кучак барои бахшҳои кишоварзӣ, чорводорӣ, тавлиди маводди ғизоӣ ва коркарди санг саҳм хоҳад гирифт.
Бар асоси тавофуқи дигар, БИТ барои иҷрои тарҳи обёрии заминҳои ноҳияи Данғара, дар ҷануби Тоҷикистон 6,6 милюн динор ё 10,1 милюн дулори омрикоӣ тахсис хоҳад дод.
Дар назар аст, дар чорчӯби ин тарҳ, ки ҳазинаи умумиаш 26,8 милюн дулор аст, дар зарфи се соли оянда 1750 ҳектур замини бикри ноҳияи Данғара обёрӣ шавад.
Ҳамчунин, Бонки Исломии Тавсеъа дар садад аст, дар беҳбуди фазои сармоягузории Тоҷикистон, таҳияи маводди таблиғотӣ дар мавриди заминаҳои ҳуқуқӣ ва имконоти сармоягузорӣ дар ин кишвар, таҳияи феҳристи воҳиди сармоягузорон ва тарҳҳои сармоягузорӣ ба Тоҷикистон ба миқдори 250 ҳазор дулор кумаки фаннӣ ироъа кунад.
Зимнан, дар Ҳамоиши 38-уми Шӯрои мудирони Бонки Исломии Тавсеъа 740 намоянда аз 50 кишвари ҷаҳон ва 68 созмони минтақавию байналмилалӣ ширкат доштанд.
Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар ин ҳамоиш аз кишварҳои сарватманди узви БИТ давъат кард, то дар заминаи рушди иқтисоди кишварҳои дар ҳоли тавсеъаи ин ниҳод мусоъидат кунанд.
Ҳамчунин, оқои Раҳмон хостори ширкати Бонки Исломии Тавсеъа дар иҷрои тарҳҳои бунёди хатти интиқоли барқ аз Тоҷикистону Қирғизистон ба Афғонистону Покистон мавсум ба “СASA-1000”ва эҳдоси роҳи оҳани масири Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон шуд.
Тоҷикистон аз моҳи декабри соли 1996 узвияти БИТ-ро касб карда ва дар ин муддат аз ин ниҳоди байналмилалии молӣ беш аз 190 милюн дулор вомҳои дарозмуддат ва кумакҳои билоивази молӣ дарёфт кардааст.
То ҳол дар Тоҷикистон бо ширкати Бонки Исломии Тавсеъа 15 тарҳ дар бахшҳои беҳдошт, омӯзишу парвариш, кишоварзӣ ва энержӣ ба маърази иҷро даромадааст, ки ҳазинаи умумии онҳо 64 милюн дулори омрикоӣ будааст.
